Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд "Сомон Эйр"-ро айбдор кард - "Муқарраротро риоя намекунад". ВИДЕО


Масъулони ширкати ҳавоии “Узбекистон ҳаво йӯллари” дар робита ба таъхири парвози рӯзи гузашта аз Душанбе ба Тошканд гуфтанд, ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон муқаррароти байналмилалӣ дар мавриди пешниҳоди санади расмӣ дар мавриди тартиби парвозҳоро, иҷро намекунад.

Дар баёнияи “Узбекистон ҳаво йӯллари”, ки шоми 23 феврал дар торнамои расмии ин ширкат мунташир шудааст, гуфта мешавад, ки бар асоси Муқаррароти Ҷумҳурии Узбакистон “Дар бораи анҷоми парвозҳои муназзам дар Ҷумҳурии Узбакистон тавассути ширкатҳои хориҷӣ”, ки дар 25 феврали соли 2008 тасвиб шудааст, ширкати хориҷӣ бояд то 30 рӯз қабл аз оғози парвозҳо, бастаи санадҳои расмиро ба ҷониби Узбакистон пешниҳод кунад.

"Ҳаво йӯллари” мегӯяд, ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” муқаррароти байналмилалӣ дар мавриди пешниҳоди санади расмиро иҷро намекунад.

Қаблан масъулони ширкати “Узбекистон ҳаво йӯллари” зимни шарҳи иллатҳои анҷом нашудани парвози нахустини расмӣ миёни Душанбе ва Тошканд дар рӯзи 20 феврал гуфта буданд, ки ширкати “Сомон Эйр” бастаи санадҳои расмиро бояд дар 3 рӯзи корӣ қабл аз шурӯи парвозҳо ба ҷониби Узбакистон ирсол мекард.

Дар баёнияи нави ширкати ҳавоии Узбакистон омадааст: “Дар ҷараёни мулоқоти мақомоти ширкатҳои “Узбекистон ҳаво йӯллари” ва “Сомон Эйр” дар рӯзи 10 феврал ширкати ҳавоии Тоҷикистон банди санадҳои расмиро барои парвози муназзам миёни Душанбе ва Тошканд пешниҳод кард ва ҳоло ин аснод дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад.”

Ин манбаъ мегӯяд, рӯзи 23 феврал дар дафтари ширкати ҳавоии “Узбекистон ҳаво йӯллари” дар шаҳри Тошканд дидори намояндаи ширкати “Сомон Эйр” Бахтиёр Алимуродов бо мақомоти ин ширкат дар иртибот ба анҷом нашудани парвоз миёни Душанбе ва Тошканд баргузор шуд ва ҷониби Узбакистон дар ин замина муқаррароти анҷоми парвозҳои ширкатҳои хориҷиро дар ин кишвар муфассал шарҳ додааст.

Нахустин парвоз аз Душанбе ба Тошканд.10 феврали соли 2017.
Нахустин парвоз аз Душанбе ба Тошканд.10 феврали соли 2017.

То ҳол масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" дар мавриди сабаби анҷом нашудани парвози ҳавоипаймои ин ширкат аз Душанбе ба Тошканд дар рӯзи 23 феврал ибрози назаре накардаанд. Парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 23 феврал бояд анҷом мешуд, вале он сурат нагирифт. Субҳи он рӯз масъулини ширкат ва фурудгоҳи Душанбе дар бораи омодагиҳо ба парвоз дар соати 13:00 рӯз хабар доданд, вале дар ниҳоят ин парвоз анҷом нашуд.

Рӯзи 23 феврал нахуст дар бораи омодагиҳо ба анҷоми парвозе, ки бояд 20 феврал сурат мегирифт, нахуст маркази иттилоотии ширкати "Сомон Эйр" ва баъдан дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод. Дар изҳороти субҳи панҷшанбеи онҳо гуфта шуд, ки бар асоси дархости ширкати “Сомон Эйр”, парвози анҷомнашудаи аввал ба таври “чартерӣ” ва ё якдафъаина имрӯз барпо мешавад. Дар таблоҳои электронии фурудгоҳ ҳам ин парвоз навишта ва ба нақша дароварда шуд. Вале дар ниҳоят ногаҳон нақшаи парвоз бекор карда шуд ва ҳеҷ як аз масъулин омода нашуд сабаби қатъи дубораи парвозро шарҳ диҳанд.

Парвозе, ки дар нимароҳ монд:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG