Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон далели таъхири парвози Душанбе – Тошкандро "амниятӣ" гуфтааст


Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷониби Узбакистон иллати анҷом нашудани парвози нахустини расмӣ дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанберо ба "масоили амниятӣ" рабт додааст. Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёт – рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора номаи расмӣ гирифтанд, вале шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз "масоили амниятӣ" чист. Ӯ гуфт, "дар ин маврид ягон тавзеҳе надодаанд, ҳарчанд ҷониби Узбакистон дар мулоқоти шаҳри Тошканд дар рӯзи 10 феврал барои оғози парвозҳо аз 20 феврал иҷозатнома дода буд."

Парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканад рӯзи 10 феврали имсол анҷом шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки парвоз ба далели сари вақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз тарафи ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Дар дафтари матбуоти ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор буд асноди расмӣ дар бораи парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол гардад. Коре, ки ба иддаи онҳо дар вақташ анҷом нашудааст. Ин манбаъ гуфт, тафсилоти бештар дар ин замина дар фурсатҳои наздик дар вебсайти расмии ин ниҳод нашр хоҳад шуд.

Навор аз бойгонӣ: ​Ҳайати Тоҷикистон аз Узбакистон бо чӣ баргашт?

Ҳайати Тоҷикистон аз Узбакистон бо чӣ баргашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Парвози мунтазам аз Душанбе ба Тошканд тавассути ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон бояд рӯзи 20 феврал ва пас аз 25 соли танаффус сурат мегирифт. Мақомоти ширкати “Сомон Эйр” гуфтанд, ҳарчанд онҳо иҷозати парвозро доштанд, вале фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба онҳо гуфтааст, ба қабули ҳавопаймо омода нест. Ба қавли масъулони ширкати "Сомон Эйр", 26 мусофир билет харида ва омодаи сафар аз Душанбе ба Тошканд буданд.

Алишер Рустамов, муовини аввали раиси кулли ширкати "Сомон Эйр", дар сӯҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҳоло ин парвоз ба рӯзи панҷшанбеи 23 феврал ба таъхир гузошта шудааст.Парвози озмоишӣ аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 10 феврали имсол анҷом шуда буд.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Қаблан, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, санаи лағви равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвари дунё, ки қарор буд, 1 апрели соли равон ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузошт. Ибтидои моҳи декабри соли гузашта ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз интихоботи президентӣ, Мирзиёев қарор қабул карда буд, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза то 30 рӯз дар Узбакистон бимонанд.

Қарори ба таъхир гузоштани равуои бе виза бо ҳадафи "рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ" ва, инчунин "рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ" унвон шудааст. Дар матни қарори президенти Узбакистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.

ТАФСИЛОТ БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG