Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи октябр дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон доир мешавад


Аз 10 то 14-уми октябр дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон, баргузор хоҳад шуд. Мақомоти тоҷик ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишро таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя мегӯянд. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабзода раҳбарӣ хоҳад кард. Баъди солҳои 90-ум ин нахустин рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон аст, ки дар кишвари ҳамсоя сурат мегирад.

Тоҷикистон ба ин муносибат намоиши аксҳои «Тоҷикистони муосир» ва «Китобҳои Тоҷикистон»-ро баргузор намуда, ду филми ҳунарии коргардон Носир Саидов «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» низ пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин дар доираи ин барнома дар пойтахти Узбакистон консерти устодони санъати тоҷик Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев, Саидқул Билолов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло ва дигарон баргузор мешавад ва ансамбли машҳури рақсии «Зебо» рақсҳои тоҷикиро иҷро хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG