Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар СММ: Аз мубориза бо терроризм то бӯҳрони Корея. ВИДЕО


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ кард. Мубориза бо терроризм, музокира бо Кореяи Шимолӣ ва татбиқи энергияи сабз дар шароити гармоиши иқлим аз муҳимтарин нукоти суханронии президент буд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва ифротгароӣ даъват кард. Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва амнияти ин кишвар ба маънои амният дар тамоми минтақа аст.

Раҳмон: "Ранҷи тағйири иқлимро мекашем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ба муборизаи муштарак зидди қочоқи маводи мухаддир даъват кард. Вай гуфт, ки Тоҷикистон стратегияи мубориза бо ин таҳдидро то соли 2020 амалӣ мекунад.

Дар робита бо бӯҳрони Кореяи Шимолӣ Раҳмон гуфт, мавқеи Тоҷикистон ин аст, ки ин масъала бояд танҳо аз роҳи сулҳу музокира ва дар чаҳорчӯби СММ ҳаллу фасл шавад.

Мулоқот бо Антонио Гутерриш
Мулоқот бо Антонио Гутерриш

Президент Раҳмон инчунин дар муроҷиат ба кишварҳои пешрафта дастгирии давлатҳои содиркунандаи муҳоҷирони кориро дархост кард.

Бахши бештари суханронии Раҳмон ба гармоиши иқлим ва паёмадҳои он дар иқтисоди Тоҷикистон ихтисос ёфт.

Президент аз раванди гармоиши иқлим изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ҳамасола дар кишвар офатҳои табиии вобаста об ба иқтисоди Тоҷикистон садҳо миллион доллар зарар мерасонанд ва ба соҳаҳои гидронергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Вай гуфт, дар давоми 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 адади он пурра нобуд шудааст.

Вай гуфт, дар ҳоле, ки 60 дар сади захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд, идомаи гармоиш ба таҳияи захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад. "Вақти он аст, ки аз гуфтугӯ ба амал гузарем", гуфт Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳод кард, ки ҳадафҳои созиши иқлимии Париж амалӣ шаванд. Вай гуфт, як роҳи расидан ба ҳадаф тасеаи иқтисоди сабз ва истифода за энергияи таҷдидшаванда ба хотири наслҳои оянда аст.

Суханронии президент Раҳмон дар Маҷмаи кулл тахминан 20 дақиқа идома дошт.

Мулоқот бо Дабири кулли СММ дар остонаи нишаст

Дар остонаи ин суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дидору гуфтугӯ карданд. Президент СММ-ро ба ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон ва бахусус дар амри татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 даъват кард. Тоҷикистон бо ин барнома ҳадаф дорад ин кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, ба истиқлолияти энержӣ ва амнияти ғизо даст ёбад. Ҳадафи дигар фароҳам овардани шароит барои эҷоди шуғли шоиста барои сокинони Тоҷикистон аст. Дар ин амр Тоҷикистон ба кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ умедвор аст.

Суханронӣ дар чорабинии бахшида ба об
Суханронӣ дар чорабинии бахшида ба об

Сайти президент хабар дод, ки дар ин дидору гуфтугӯ ташаббуси Тоҷикистон бо номи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва дигар мавзӯъҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд. Инчунин сухан аз мушкилоти марбут ба таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, бунёди “Пули энергетикӣ” CASA-1000 ва инчунин масоили марбут ба таъмини амният дар Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рафтааст.

Дар ҳошияи Маҷмаи кулли СММ субҳи рӯзи 19 сентябр дар Ню-Йорк инчунин ҷаласаи марбут ба роҳҳои татбиқи барномаи даҳсолаи “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки талошҳо бо ширкати СММ ва созмонҳои дигари ёрирасон дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи обро назаррас кардааст.

Тибқи ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ, 40 дар сади аҳолии Тоҷикистон ҳанӯз ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва ин мушкил ба пешрафти иқтисодии кишвар низ монеъ мешавад.

Рӯзи аввали суханрониҳои президентони кишварҳои узви СММ дар Маҷмаи кулл бо суханронии президенти ИМА Доналд Трамп шурӯъ шуд. Трамп, ки нахустин бор дар мақоми президентӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ мекард, кореяи Шимолӣ ва Эронро як таҳдид номид ва ба чораҳои шадидтар нисбати ин ду кишваре, ки ба гуфтааш хатари ҳастаӣ доранд, даъват кард. Рӯзи 19 сентябр инчунин барои нахустин бор дар мақоми раҳбарӣ аз минбари СММ Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ва Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон суханронӣ карданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG