Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп дар СММ Кореяи Шимолӣ ва Эронро "як таҳдид" номид


Президенти ИМА Доналд Трамп бори нахуст дар Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ кард. Трамп гуфт, ки дар сиёсати хориҷӣ барояш манфиати «Амрико болотар аз ҳар чизи дигар аст» ва ин сиёсати ӯ бо кишварҳои дигар дар ихтилоф нест.

Вай гуфт, ки айни чунин ҳадафро ҳар як раҳбари дигар ҳам сармашқи кори худ қарор додааст. Вай гуфт, ки сиёсати ӯ бар пояи воқеъбинӣ бунёд мешавад ва ба манфиатҳои дигар давлатҳо халал ворид

“Марди мушакӣ як рисолати худкушонаро барои худ ва режимаш пеш гирифтааст".

намекунад.

Трамп гуфт, ки бояд “таҳдид ба тамомияти арзии Украина ва баҳри Ҷанубии Чинро маҳкум кунем”.​

Кореяи Шимолӣ: Халъи силоҳ танҳо роҳ барои оянда аст

Президенти ИМА Доналд Трамп дар суханронии нахустини худ дар Маҷмаи кулли СММ аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, ки зидди Кореяи Шимолӣ ва Эрон бо шеваи сахттар кор кунанд. Трамп таҳдид кард, ки агар СММ дар муқобила бо ин таҳдидҳо ноком шуд, “Кореяи Шимолиро пурра хароб мекунад”.

Дар суханронии худ рӯзи 19 сентябр Трамп дар бораи силоҳҳои ҳастаиву баллистикии байниқоравии Кореяи Шимолӣ ҳамчун як таҳдиди ҷаҳонӣ сӯҳбат кард. Вай раҳбари Корея Ким Чен Инро “Як марди мушакӣ” (“Rocket Man”) номид ва гуфт, коре, ки ӯ пеш гирифтааст, худкушӣ аст. Трамп гуфт: “ИМА нирӯ ва сабри зиёд дорад, вале агар барои ҳимоят аз худ ва муттафиқонаш маҷбур шавад, дигар роҳе ба ҷуз пурра хароб кардани Кореяи Шимолӣ намемонад”.

Вай гуфт: “Марди мушакӣ як рисолати худкушонаро барои худ ва режимаш пеш гирифтааст. ИМА омода аст ва хоҳишу тавонашро дорад. Вале умедворем, ки ин чиз лозим намешавад. СММ барои ҳамин лозим аст. СММ барои ҳамин сохта шудааст. Бубинем, онҳо чӣ мекунанд”. Трамп гуфт, ки то замоне, ки режими Ким аз рафтори душманонааш нагардад, фурсати он расидааст, ки тамоми кишварҳо ин режимро дар инзиво қарор диҳанд”.

Пхенян: Таҳрими Корея натиҷаи баръакс медиҳад

Шӯрои амнияти СММ дар гузашта дар чандин маврид Кореяи Шимолиро барои силоҳҳои ҳастаӣ ва баллистикиаш таҳрим кардааст.

Пхенян рӯзи 18 сентябр ҳушдор дод, ки таҳрими бештар танҳо ба тавсеаи барномаи ҳастаиаш сабаб мешавад. Вазирони хориҷаи Чин ва Русия – Ванг Йи ва Сергей Лавров дар мулоқоти худ дар ҳошияи нишасти СММ рӯзи 19 сентябр мушкили Кореяи Шимолиро “як марҳилаи сангин” дар нимҷазираи Корея сифат доданд. Маскаву Пекин аз Кореяи Шимолӣ даъват карданд, ки озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаиро хотима диҳад.

Ким Чен Ин
Ким Чен Ин

Пхенян гуфтааст, ки ин озмоишҳо посух ба тамринҳои муштараки низомии нирӯҳои Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА мебошад. Қарор аст Трамп инчунин дар бораи Эрон сӯҳбат кунад. Маъмурияти Кохи Сафед Эронро дар нақзи мӯҳтавои созиши ҳастаии соли 2015 ва дар мудохила ба умури кишварҳои ҳамсоя гунаҳгор мекунад. Як мақом, ки ба шарти ифшо нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, ки Трамп дар бораи таниш дар сиёсати ҳукумати Эрон ва манифиатҳои мардум сӯҳбат мекунад.

Эрон: Созиши ҳастаӣ шармандагӣ буд

Трамп инчунин гуфт, ки фурсати муқобилаи ҷаҳониён бо як “режими беҳудаи дигар” гузаштааст. Вай ҳукумати Эронро “як режими қотил” номид, ки “сулҳи Ховари Миёнаро ба ҳам мезанад”.

Вай гуфт, ки Эрон дигар наметавонад мушакҳои хатарнокашро тавлид кунад. Зимни муроҷиат ба созиши шаш қудрат бо Эрон ӯ гуфт, ин қарордод яке аз санадҳои шармандаворест, ки дар таърихи ИМА имзо шудааст. “Росташро гӯям, ин созиш як шармандагӣ барои ИМА аст. Шумо дар ин бора ҳоло боз хоҳеш шунид. Бовар кунед”, гуфт Трамп.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Эрон, ки як кишвари зебову дорои таърихи ғанӣ аст, ба як манбаи маводи хом табдил дода, терроризмро сармоягузорӣ ва аз роҳи тавсеаи терроризму хушунат ба ҳамсояҳо хатар эҷод мекунад. Вай гуфт, ки тамоми ҷаҳон бояд аз Эрон талаб кунад, ки маргу харобкориро хотима диҳад.

Рӯзи 18 сентябр Трамп ишора кард, ки агар Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ ба андозаи зарурӣ шадид амал накунад, ИМА аз созиши ҳастаӣ канорагирӣ мекунад.

Трамп дар пайғоме ба ин оҷонс гуфтааст, “мо созишеро, ки иҷрояш заифу назораташ дуруст нест, қабул намекунем”. Аз ин пеш нозирони ИМА ва СММ собит карданд, ки Эрон дар амри иҷрои созишнома хилофкорие накардаанд. Созиши хатми фаъолияти ҳастаӣ бо Эрон бар ивази сабук шудани таҳримҳои байналмилалии иқтисодӣ ҳосил шуд. Вале бо ин вуҷуд, Трамп ҳамеша Теҳронро дар нақзи шартҳои созишнома муттаҳам карда ҳатто ба назорати аз гузашта сахттари маконҳои ҳастаӣ ва ҳам низомии Эрон пофишорӣ кардааст.

Вена, 14 июни соли 2015. Созиши ҳастаии Эрон имзо шуд
Вена, 14 июни соли 2015. Созиши ҳастаии Эрон имзо шуд

Дурнамои ин ки Вашингтон метавонад созиш бо Эронро қатъ кунад, бархе муттафиқони худи ИМА, аз ҷумла Фаронсаро нигарон кардааст. Дар мулоқоташ бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ӯ хост, ки ИМА-ро бо фаъолиятҳояш дар минтақа зиёд таҳрик надиҳад.

Дар як мулоқоти чудогона Макрон аз Трамп хоста буд, ки ба ҳеҷ сурат созиш бо Эронро бекор накунад, вагарна хатари ба вуҷуд омадани як рақобати нави таслеҳотӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад. Интизор меравад, ки кишвари дигари мавриди таваҷҷӯҳи Трамп Венесуэла мешавад. Рӯзе аз ин пеш Трамп дар мулоқот бо сокинони Амрикои Лотинӣ, ки дар Ню-Йорк гирди ҳам омада буданд, гуфт, Вашингтон дар нисбати ҳукумати худкомаи Каракас тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Трамп дар робита бо СММ: мудирияти беҳтар лозим аст

Дар як нишасти бахшида ба ислоҳот дар СММ рӯзи 18 сентябр Трамп аъзои ин созмонро ба тағйири бархӯрд ба кор даъват кард, ки бар пояи мудирияти беҳтар бунёд шуда бошад. “Бештар сари мардум фикр кунед, то бюрократия”, гуфт Трамп ва афзуд, “ин созмон ба он хотир ба ҳадафҳояш намерасад, ки ба бюрократия ва мудирияти иштибоҳӣ” такя мекунад.

Вашингтон маблағгузори аслии СММ аст ва дар сурати коҳиши маблағгузории ин созмон аз ҷониби ИМА, барномаҳои он хеле осеб мебинад. Моҳи июн 600 миллион доллар сармояҳои буҷаи посдорони сулҳ, ки аз 8 миллиард доллар иборат аст, коҳиш дода шуд. Рӯзи 19 сентябр дар миёни президентони дигар қарор аст дар Маҷмаи кулли СММ инчунин раҳбарони Афғонистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Узбакистон суханронӣ кунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG