Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаҳои Тоҷикистон ба конфронси оби Тошканд мераванд


3
3

Дар Тошканд, пойтахти Узбакистон рӯзҳои 23-24 ноябр ҳамоише ба муносибати таъсиси Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар кори ин ҳамоиш, ки “25 соли ҳамкории оби кишварҳои Осиёи Марказӣ: таҷриба ва вазифаҳои оянда” ном дорад, мақомоти тоҷик ҳам ширкат хоҳанд кард. Ҳайати Тоҷикистонро масъулони вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба раҳбарии Султон

Узбакистон дар даврони Ислом Каримов борҳо гуфтааст, ки нигаронӣ аз кам шудани захираҳои об дар минтақа ва хатари коҳиши мизони таъмини оби майдонҳои кишти Узбакистон як сабаби мухолифаташ ба бунёди нирӯгоҳҳои азим, аз ҷумла Роғун мебошад

Раҳимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ин кишвар намояндагӣ хоҳанд кард. Қарор аст дар ин ҳамоиш масъулони масоили оби кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо ва коршиносону дошинмандон ширкат кунанд.

Дар чорчуби ҳамоиш баргузории намоишгоҳи байналмиалилии “Технологияи об ва хоҷагии об - WATER-2017” сурат мегирад, ки имкон медиҳад, то имконот ва зарфиятҳо дар ин соҳа ба намоиш гузошта шаванд. Зимнан, Комиссияи байни давлатӣ дар соҳаи об миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ 18 феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаато созмон ёфтаааст. Ҳадафи ин ниҳод, истифода ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар минтақа мебошад.

Ин ҳамоиш нахустин бор баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Мавзӯи об ва тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа, ки дар саргаҳаш Тоҷикистону Қирғизистон қарор доранд, яке аз чолишҳои калидӣ дар равобити ҳамсоякишварҳо унвон мешавад. Узбакистон дар даврони Ислом Каримов борҳо гуфтааст, ки нигаронӣ аз кам шудани захираҳои об дар минтақа ва хатари коҳиши мизони таъмини оби майдонҳои кишти Узбакистон як сабаби мухолифаташ ба бунёди нирӯгоҳҳои азим, аз ҷумла Роғун мебошад.

Мавзӯи тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа дар солҳои истиқлолият мазмуни сиёсӣ гирифт. Ҳоло мушаххас нест, ки то куҷо дар баррасии масъалаи дастрасӣ ба захираҳои оби минтақа ҳама кишварҳои минтақавӣ мавқеи баробар ва ҳусни тафоҳум доранд, вале коршиносон мегӯянд, талоши раҳбарияти нави Узбакистон, як кишвари муҳим дар минтақа, барои эҷоди фазои ҳамкориву робитаҳои дӯстона бо ҳамсояҳо умедвориро дар ин бахш низ бештар мекунад. Коршиносон мегӯянд, аз раҳбарони минтақа бастагӣ дорад, ки то куҷо масъалаи об дигар тобиши сиёсӣ касб накунад.

XS
SM
MD
LG