Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ ба сӯи қароргоҳи Мирзиёев

Барои президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёв дар деҳаи "Байтқӯрғон"-и ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд қароргоҳи нав бунёд мекунанд. Ба иттилои "Озодлик" -- бахши узбакии Радиои Озодӣ, бахшҳои асосии қароргоҳ бунёд шуда ва Мирзиёев 24-уми июл дар зодрӯзаш ба онҷо интиқол ёфтааст. Масоҳати қароргоҳ бузург буда, барои бунёди он манзили зисти даҳҳо сокинро тахриб ва роҳҳоро васеъ кардаанд. Ба гуфтаи як масъули дигари ҳукумати Қибрай, ба сокиноне, ки манзилҳояшон дар робита ба бунёди қароргоҳи нави президенти Узбакистон тахриб шудаанд, ҳамчун ҷуброн қитъаҳои замин ҷудо шуд. Президенти Узбакистон то имрӯз дар манзили шахсияш зиндагӣ мекард, ки дар кӯчаи Шамси Тошканд ҷойгир аст.
Бештар

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG