Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба ифшои маълумоти махфӣ дар ҳузури русҳо муттаҳам мешавад. САДО


Доналд Трамп бо Сергей Лавров дар Кохи Сафед. 10-уми майи соли 2017
Доналд Трамп бо Сергей Лавров дар Кохи Сафед. 10-уми майи соли 2017

Матбуоти Амрико мегӯяд, президент Доналд Трамп дар мулоқоти ахираш бо вазири умури хориҷии Русия як маълумоти махсусан махфиро фош карда, манбаи мӯътамади иттилоотиро, ки аз вазъи гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар медод, таҳти хатар қарор додааст. Кохи Сафед зуд ин иттиҳомотро рад кард.

Сенатори баландпояи демократҳо Марк Ворнер, ки узви Кумитаи иттилооти Сенат аст, гуфт, агар ин хабарҳо ҳақиқат дошта бошад, пас, ин “як торсакӣ ба рӯи” кормандони соҳаи иттилооти Амрико мебошад.

Як мушовири амнияти миллии Трамп хабареро, ки рӯзи 15 май аз ҷониби нашрияи бонуфузи “Вашингтон пост”, хабаргузории “Ройтерз” ва расонаҳои дигар нашр шуд, “як дурӯғ номид”. Аммо конгрессменҳои демократ ва баъзе ҷумҳурихоҳон гузоришҳои нашршударо “мушкилзо”, “хатарнок” ва “бидуни андеша” донистаанд.

Матбуот бо такя ба мақомоте, ки исмашон пинҳон дошта мешавад, навиштанд, дар мулоқоти рӯзи 10 май бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва сафири ин кишвар Сергей Кисляк, Трамп маълумотеро дар ихтиёри онҳо қарор дод, ки аз ҷониби як шарики амрикоӣ ва донандаи иттилои хеле ҳассоси иктишофӣ дастрас шудааст.

Ҳерберт МакМастер
Ҳерберт МакМастер

Гузоришҳо бо такя ба манобеи худ менависанд, ин коршарик ба Вашингтон иҷоза надода буд, то маълумот ба Русия маълум шавад ва эҳтимоли аз ҷониби Трамп матраҳ шудани ин мавзӯъ ба маънои дастрасӣ ёфтани русҳо ба як манбаи хеле муҳими амалкунанда дар дохили гурӯҳи «Давлати исломӣ» мебошад.

Трамп дар ифшои маълумоти махфӣ ба русҳо муттаҳам мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим

“Берун аз протокол”

Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни мулоқоташ бо Лавров ва Кисляк дар дафтари кории худ дар Кохи Сафед, Доналд Трамп гӯё берун аз “протокол” сӯҳбат карда ба тасвири ҷузъиёти таҳдидҳои ДИИШ аз роҳи истифодаи компютерҳои лептоп дар дохили ҳавопаймоҳо пардохтааст. Онҳо гуфтанд, ки дар музокирот бо мақомоти рус, Трамп гӯё намоишкорӣ кардааст, ки дар бораи таҳдидҳои афзояндаи амниятӣ иттилои саривақтӣ дорад ва ҳамарӯза аз “ҳалқаҳои дохилӣ” хабарҳо дарёфт мекунад.

Доналд Трамп бо Сергей Лавров - вазири умури хориҷӣ ва Сергей Кисляк - сафири Русия дар ИМА
Доналд Трамп бо Сергей Лавров - вазири умури хориҷӣ ва Сергей Кисляк - сафири Русия дар ИМА

Нашрияти “Вашингтон пост” менависад, дар ҳоле ки барои шаҳрвандони қаторӣ баррасии маводи махфӣ бо рақибон як кори ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад, президент барои фош кардани асрори давлатӣ салоҳиятҳои васеъ дорад ва эҳтимол аст, ки бо ин кораш президент Трамп қонунро нақз кардааст. Баъди онки гузоришҳои марбут ба фошкориҳои Трамп нашр шуд, котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва мушовири амнияти миллӣ Ҳерберт МакМастер гуфтанд, ки ҳеҷ кори нодурусте нашудааст. МакМастер ба хабарнигорон дар назди Кохи Сафед гуфт, ки “гузоришҳои ин шом нашршуда ҳамааш дурӯғ аст”.

Вай, ки дар ин мулоқот ширкат кардааст, гуфт, президент ва вазири умури хориҷӣ таҳдидҳои куллии террористӣ, аз ҷумла хатарҳои авиатсиониро баррасӣ карданд. Вай гуфт, дар ин дидор ба ҳеҷ сурат маълумот ва ё методҳои махфӣ ва ҳам амалиёти низомие, ки барои ҳамагон пӯшида бошад, баррасӣ нашудааст.

Тиллерсон гуфт, “дар ҷараёни мулоқоти президент Трамп бо вазири умури хориҷӣ Лавров мавзӯъҳои зиёд, аз ҷумла талошҳои муштарак ва таҳдидҳои марбут ба амалиёти зиддитеррористӣ баррасӣ шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот табиати бархе таҳдидҳои мушаххас баррасӣ шуд, вале ба ҳеҷ сурат манбаъҳо, шева ва амалиёти низомӣ баррасӣ нашудааст”.

“Фазои ташвишовар”

Тиллерсон гуфт, дар ҷараёни мулоқот табиати бархе аз таҳдидҳои мушаххас баррасӣ шуд, вале ба ҳеҷ сурат манбаъҳо, шева ва амалиёти низомӣ баррасӣ нашудааст.

Вале дар ин изҳороти мақомот, на Тиллерсон ва на МакМастер дар робита бо иттиҳомоти фош шудани маълумоти махфӣ ба таври дақиқ чизе гуфта нашуд.

Сенатори баландпояи демократҳо Марк Ворнер, ки узви Кумитаи иттилооти Сенат аст, гуфт, агар ин хабарҳо ҳақиқат дошта бошад, пас, ин “як торсакӣ ба рӯи” кормандони соҳаи иттилооти Амрико мебошад. Ворнер дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, “таҳти хатар гузоштани манбаъҳо ва методҳо бахшиданӣ нест, бахусус вақте сӯҳбат аз Русия мешавад”.

Демократи дигари баландпоя дар Сенат аз Иллинойс Дик Дурбин фошкориҳоро “хатаранок” ва “бидуни андеша” қаламдод кард. Раиси Кумитаи умури хориҷии Сенат Боб Коркер, ки аз ҳизби ҷумҳурихоҳ аст, ин гузоришҳоро “ташвишовар” ва “мушкилзо” номид ва дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки Трамп ва Кохи Сафед бояд “ба зудтарин фурсат худро ба даст гирифта, амалҳояшонро контрол кунанд”.

Коркер гуфт, “шармандагӣ дар ин аст, ки ин моҷаро марбут ба як тими хеле хуби амнияти миллӣ аст ва онҳо корҳои хубу пурмаҳсул”-ро анҷом медиҳанд. Вай гуфт, “бебандуборие, ки бо сабаби набуди интизом пеш омадааст, боис ба эҷоди як фазои ташвишовар” мешавад.

XS
SM
MD
LG