Пайвандҳои дастрасӣ

Тиллерсон: "Таҳримҳо то замоне ҳифз мешаванд, ки Русия Қримро баргардонад"


Котиби давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Рекс Тиллерсон

Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон ба манзури ироаи маълумот дар боряи сафари ахираш ба Маскав рӯзи якшанбеи 23 апрел бо раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти Департаменти давлатӣ гузориш дод. Ҳарчанд Амрико ба беҳбуди равобит бо Русия манфиатдор аст, вале амалҳои Русия дар шарқи Украина ба ин монеъ шудаанд, омадааст дар хабар. Тиллерсон бар аҳамияти рушди ислоҳоти иқтисодӣ ва мубориза бо фасодкорӣ дар Украина таъкид кардааст.

Дар хабари Департаменти давлатӣ омадааст, Тиллерсон мавқеи собити Амрикоро дар робита ба истиқлолият ва тамомияти арзии Украина баён дошт. Тиллерсон ҳамчунин таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия то замоне ҳифз мешаванд, ки Русия назорати нимҷазираи Қримро ба Укриана баргардонад ва уҳдадориҳои худро дар баробари созишномаи Минск иҷро кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG