Пайвандҳои дастрасӣ

Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи 2 май ба ноҳияи Рашт сафар карда ва дар он ҷо бо фаъолони ҷомеаи маданӣ дидор кардааст. Гуфта мешавад, дар ин дидор масоили озодии баён, ҳуқуқи инсон ва таҳкими инстистутҳои демократӣ матраҳ шудаанд. Дар зарфи як ҳафтаи ахир ин дуюмин дидори мақоми баландпояи ИМА аз Тоҷикистон аст. Сешанбеи гузашта генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.

Ду дидор дар як ҳафта

Бино ба иттилои дафтари матбуоти cафорати ИМА дар Душанбе, Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон имрӯз, 2 май ба ноҳияи Рашт сафар кардааст. Ҷефф Райденаур, масъули бахши иттилооти сафорати Амрико ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳадафи сафари ёвари котиби давлатии Амрико ба ошноӣ бо фаъолияти “Гӯшаи Амрико” ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ - USAID мебошад. Дар Рашт бо мардум ва фаъолони ҷомеаи маданӣ мулоқот мекунад.”

Вошингтон давоми 25 соли ахир ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст.

Рӯзи 1 май дар Душанбе Даниэл Розенблюм бо раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Рустам Назарзода вазъи Тоҷикистонро аз назари хатарҳои офатҳои табиӣ ва раванди ҳамкориҳои дуҷониба, баррасӣ кард. Дар иттилоияи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот сафири ИМА Элизабет Миллард ҳам иштирок кардааст. Дар ин мулоқот масоили марбут ба мусоидат дар тамрину омӯзиши наҷотбахшон, тақвияти тавонмандиҳои фаннии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва зерсохторҳои он баррасӣ шудааст. Розенблюм дар ин мулоқот аз мизони ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, бахусус дар соҳаи ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда ҳам тавсеа хоҳад ёфт.

Рӯзи 25 апрел генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.
Рӯзи 25 апрел генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Сафари муовини ёвари котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм ба Тоҷикистон "корӣ" ва ба манзури “густариши бештари ҳамкориҳои Амрико бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф” анҷом мешавад.Дар як ҳафтаи охир ин дуюмин дидори мақомҳои баландпояи ИМА аз Тоҷикистон аст. Рӯзи 25 апрел генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард. Ӯ дар ин мулоқот гуфт, бинобар таҳдидҳои амниятӣ, Амрико омодааст, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон кумак кунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва таҷаммӯи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар наздикии марз мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Иёлоти Муттаҳида дар 25 соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ёрӣ кардааст, ки аз ин ҷумла 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Аз USAID ва коҳиши кӯмакҳо то амнияту Афғонистон

Дар солҳои баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон кӯмакҳои гуманитарии ИМА ба Тоҷикистон бештар тавассути Оҷонсии рушди ИМА ироа шудааст. Баъди дар Кохи Сафед сар кор омадани Доналд Трамп, стратегияи амнияту дифоъ тақвият ёфта, хароҷоти бахши дипломатия, аз ҷумла USAID коҳиш дода шуд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, коҳиши қариб нисфи будҷа ва мизони кӯмакҳои ин оҷонсӣ бештар рӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсиргузор мешавад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе Даниэл Розенблюм бо мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи мадании ин кишвар мулоқот мекунад. Ба фикрам, рисолати ӯ тақсими кӯмакҳои Амрико байни USAID ва Департаменти Давлатӣ мебошад. Яъне, дар соли ҷорӣ мизони кӯмакҳо аз тариқи USAID дар Тоҷикистон 47 дарсад коҳиш ёфта ва рисолати ироаи кӯмакҳои бештарро Департаменти давлатӣ ба ӯҳда хоҳад гирифт. Кӯмакҳои ин ниҳод ба рушди озодии баёну матбуот, ҷомеаи маданӣ ва институтҳои демократӣ равона мешавад. Розенблюм дар ҷараёни сафар бо вазъи озодии баён ва озодиҳои дигар ошно шуда ва самтҳои ояндаи кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистонро муайян хоҳад кард”.

Зимнан, Вазорати умури хориҷии Амрико дар будҷаи соли ҷориаш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст. Кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 - 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод.

Дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ҳадаф аз кӯмаки молӣ "пуштибонӣ аз фаъолияти муассири сохторҳои давлатӣ, фароҳам кардани замина барои тавсеаи касбии хадамоти амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар бахши амниятӣ ва мусоидат дар рушди ҷомеаи маданӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳамкориҳо дар бахшҳои обу энержӣ" гуфта шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон буда ва ба кӯмакҳои молии байналмилалӣ ниёз дорад.

Бархе коршиносони Русия афзоиши мизони кӯмакҳои билоивази молии Амрикоро ба Тоҷикистон навъи талоши ин кишвар барои тақвияти нуфузаш дар минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон унвон кардаанд. Ба эътиқоди онҳо чун Русия саргарми моҷароҳои Украина ва Сурия буда ва таваҷҷӯҳаш ба Осиёи Марказӣ камтар шудааст, Амрико мехоҳад ин холигиро пур кунад.

Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев.

Таҳлилгари мустақил Зафар Абдуллоев таъкид кард, сиёсати Амрико дар қиболи Тоҷикистон дар замони ҳукумати Обама ва Трамп дар маҷмӯъ яксон буда, аммо дар ҷузъиёт тафовут вуҷуд дорад. “Дар замони ҳукумати демократҳо кӯмакҳои молӣ ба институтҳои демократӣ бештар шуда ва кӯмакҳои низомӣ дар навбати дуюм қарор гирифта буд. Дар ҳукумати Трамп баръакс кӯмакҳо дар чорчӯби USAID коҳиш ёфта ва кӯмакҳои низомӣ бештар мешавад. Дар ҷараёни ин сиёсат вазъи озодии баён ва ҳуқуқи инсон бадтар хоҳад шуд”.

Суботи минтақа

Зимнан, дар моҳи июни соли гузашта Даниэл Розенблюм, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар суханронияш дар баробари Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико ба зарурати афзоиши мизони кӯмакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карда буд.

Вай гуфта буд, ИМА дар Осиёи Марказӣ ду ҳадафи дарозмуддати амнияти миллиро пайгирӣ мекунад – яке пуштибонии суннатии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар бунёди давлатҳои қавии мустақил ва озод аз мудохилаи беруна, ва дигаре таъмини суботи давлатҳои мустақил дар ин минтақа. Ӯ таъкид кард, ки ИМА бояд аз хушунатҳо ва пайдоиши замина барои табдили ин қаламравҳо ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ кунад.

Сафари Розенблюм ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки ҳамлаҳои баҳории Толибону дигар гурӯҳҳои шӯришӣ афзоиш ёфта бархе гурӯҳҳои мусаллаҳ ба марзҳои Тоҷикистон наздик шудаанд. Ахиран ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистони ҳаммарз бо Ишкошими Тоҷикистон таҳти контроли шӯришиён гузашт ва мақомоти тоҷик гуфтанд, ки марз пурра таҳти назорат аст.

Беш аз 1 млрд доллари Амрико ба Тоҷикистон дар 25 сол

Кӯмаки Амрико ба марзбонони тоҷик.
Кӯмаки Амрико ба марзбонони тоҷик.

Амрико соли 1992, дар пайи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард. Вошингтон дар ин муддат танҳо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои аксаран билоиваз расондааст.

Кӯмаки молии ИМА дар чорчӯби авлавиятҳои сиёсати хориҷии он кишвар, аз ҷумла, амнияти минтақавӣ, равобити минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ ироа мешавад. Гузориш ҳокист, ки кӯмакҳои молӣ барои коҳиши вобастагии Тоҷикистон аз Русия мусоидат намуда, ҳамгироиро бо кишварҳои Аврупо тақвият мебахшад ва роҳро барои идомаи барномаҳои дарозмуддат боз хоҳад кард.

Душанбе ҳамин тавр, аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ки саҳми асосиро дар онҳо Амрикову муттаҳидонаш доранд, беш аз 1 миллиард доллари дигар қарзҳои боимтиёз ва ёриҳои билоиваз низ дарёфт кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG