Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Комӣ боварии демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро аз даст дод


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз қарори ахири худ, дар заминаи барканории Ҷеймс Комӣ аз мақоми раҳбари Бюрои федеролии таҳқиқот - FBI пуштибонӣ ва танқидҳоро дар ин робита рад кард.

"Комӣ боварии ҳамаро дар Вашингтон аз даст дод - ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳоро. Вақте ҳама чиз ором бигирад, баъд онҳо ба ман ташаккур хоҳанд гуфт"- навишт Трамп рӯзи 10 май дар Твиттер ва қавл дод, ки раҳбари нав беҳтар хоҳад буд.

Ҷеймс Комӣ дар баробари корҳои дигараш ҳамчунин ба таҳқиқи дахолати Русия дар умури интихоботи соли 2016-и Амрико машғул буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар вокуниш ба ин таҳаввулот гуфт, ки ин қарор набояд ба Русия ва равобити байни ду кишвар рабт бигирад.

Пештар аз ин сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер гуфт, президент дар ҳоле ба ин қарор расид, ки Бюрои федеролии таҳқиқот эътироф кард, ки ҳафтаи гузашта ба Конгресс иттилооти нодуруст дод. Ҷеймс Комӣ гуфт, ки Ҳиллари Клинтон ба ёвараш "садҳо ё ҳазор" номаи электронӣ фиристод, ки эҳтимолан маълумоти маҳрамона доштанд. Дар асл сухан аз боби теъдоди ночизи пайғомҳо буд, гуфтааст FBI.

XS
SM
MD
LG