Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз 21 сол адои ҷазо аз зиндон раҳо шуд.
Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзӣ Искандаров рӯзи 27 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳоло дар озодӣ аст ва дар назди пайвандонаш мебошад.
Ба гуфтаи Темур Тошев, мақомот бародарашро соати панҷи субҳи имрӯз аз зиндон раҳо карданд.
Мақомот то кунун дар бораи раҳоии ин сиёсатмадори шинохта ибрози назар накардаанд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз фармондеҳи Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, пас аз имзои Созишномаи сулҳ аз ҳисоби тақсими 30-дарсадии қудрат ба мақоми давлатӣ расид. Раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" буд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд ва ин созмони сиёсиро ба яке аз рақибони ҳизби ҳоким табдил дод.
Соли 2003, замоне ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ мехостанд, муҳлати президентиро дар Тоҷикистон аз ду 5-солаи пай дар пай ба ду 7-солаи пай дар пай биёранд, Искандаров ва ҳизбаш мухолиф баромаданд. Дертар аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор гардид ва бо баъзе аз фармондеҳони пешини ИНОТ ба зодгоҳаш дар шарқи кишвар рафт.
Дар идома, пас аз як мулоқот бо раисҷумҳур ӯ дигар ба мансабҳои давлатӣ барнагашт ва ба Русия рафт. Дар онҷо ба воситаи матбуот аз амалкардҳои мақомот дар Тоҷикистон интиқод мекард ва омодагияшро барои номзад шудан дар интихоботи соли 2006 эълон карда буд.
Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи "Тоҷикгаз", ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва тарафдоронаш он замон ба ҳукми додгоҳ розӣ набуданд ва қазияро сиёсӣ мехонданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ вуҷуди маҳбусони сиёсиро напазируфтааст.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Русия ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ донист ва Маскавро ҷарима баст. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон бозбинии ҳукми ӯро хост.
Искандаров баъд аз зиндонӣ шудан дар маҳбаси вижа барои низомиён ва кормандони собиқи мақомоти қудратӣ нигаҳдорӣ мешуд, аммо августи 2015 ба маҳбаси низомаш шадиди шаҳри Бохтар интиқол дода шуд. Баъди сипарӣ кардани як давраи сесола ӯро ба зиндони маъруф ба "маҳбаси Ваҳдат" оварданд.
Гуфтугӯ