Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади посбони марзи Тоҷикистонро аз ғор берун овардаанд


Марзи Тоҷикистону Афғонистон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Марзи Тоҷикистону Афғонистон, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Пас аз як рӯзи даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, наҷотбахшони тоҷик ҷасади Исматулло Қурбонов афсари нерӯҳои марзбониро аз ғори бештар аз 200 метрӣ берун кашида ба хешовандонаш супурдаанд.

Посбони 28-солаи сарҳади Тоҷикистон ва як афсари дигар нимарӯзи 24-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи ба гуфтаи мақомоти интизомӣ аъзои як гурӯҳи террористӣ ба ҳалокат расиданд.

Се манбаъ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳангоми ташхис дар бадани Исматулло Қурбонов ҳеҷ осори тир дида нашудааст ва афсари тоҷик ба сабаби афтодан аз баландӣ ҷон додааст. Яке аз ин манбаъҳо гуфт: “Дар ҳолати ҷангӣ маконаш номувофиқ будааст ва лағзида ба ғор афтодааст. Қариб тамоми аъзои баданаш шикастааст, аз сараш осеб дидааст, аз ҳамин сабаб фавтидааст. Ба ӯ ягон тир нарасидааст.” Исматулло Қурбоновро имрӯз дар зодгоҳаш дар ноҳияи Ҳамадонӣ дафн карданд. Ин манбаъҳо гуфтанд, ки ҳамчунин ҷасадҳои “терористҳоро ба Кӯлоб интиқол доданд, то ҳуввияташон муайян карда шавад.”

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков рӯзи 24-уми декабр дар натиҷаи даргирӣ бо "се узви ташкилоти террористӣ", кушта шуданд. Ба гуфтаи кумита ин се нафар аз марз гузашта, ният доштанд, ба яке аз дидгонгоҳҳои сарҳадии Нерӯҳои марзбонӣ ҳамла кунанд. Ба гуфтаи мақомот, зимни муқовимат ба ин гурӯҳ маъмурони амниятӣ се нафари онҳоро кушта, аз ҷойи ҳодиса аслиҳаи зиёде гирифтаанд.

Нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Кобул рӯзи 25-уми декабр бо пахши чанд акс аз афроди кушташуда ва бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки ин ҷасадҳо мутааллиқ ба ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" аст. "Ансоруллоҳ" як гурӯҳи ифротӣ аст, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил шуда, ба бовари мақомоти тоҷик дар Афғонистон зери ҳимояти ҳукумати "Толибон" қарор дорад.

Дар моҳи ахир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон се ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд. Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро ҳамлаи террористӣ номиду маҳкум кард. Ҳамлаи навбатиро ҳам Нерӯҳои марзбонӣ кори дасти терористҳо номида, аз Толибони ҳоким дар Тоҷикистон хостааст, ки уҳдадориҳояшро барои муҳофизати марз иҷро кунанд ва аз мардуми тоҷик узр бипурсанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG