Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухшонаи зиндонӣ духтаронашро аз замин то осмон "ёд кардааст"


Духтари дар ҳасрати дидори модар. Шукрона духтари хурдии Рухшона Ҳакимова акси модар дар даст.
Духтари дар ҳасрати дидори модар. Шукрона духтари хурдии Рухшона Ҳакимова акси модар дар даст.

Фарзандони хурдсоли Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷик бори аввал соли навро бе ҳузури модар ҷашн мегиранд. Яке якуним сола ва дуввумӣ сеюним сола аст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрори волидайни Рухшона Ҳакимова додгоҳ ин рӯзноманигорро ҳадди ақал ба хотири фарзандони хурдсолаш озод накард.

“Аз кӯдакистон омада модарашро мепурсад”

Шаҳнура, духтари калонии Рухшона Ҳакимова телефонӣ барои модараш дар бораи Соли нав суруд мехонад. Хумори дурӣ аз модарро бо сӯҳбатҳои телефонӣ мешиканад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ вақте барои суҳбат бо волидайни Рухшона Ҳакимова ба манзили иҷораи онҳо дар Душанбе рафтанд, Рухшона бо духтараш аз тариқи телефони маҳбас суҳбат мекард. Дар ин суҳбат Шаҳнура ба модари зиндониаш мегӯяд, ки ӯро “аз замин то осмон ёд кардааст”.

Духтарони Рухшона Ҳакимова қариб як сол боз аз модар ҷудо ҳастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2025 рӯзноманигор Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Худи Рухшона, вакили мудофеъ ва пайвандонаш ҳукмро ноодилона хонда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурданд. Аммо ҳамаи шикоятҳо то ин дам бенатиҷа будааст. Додгоҳ ҳатто дархостҳоро барои ба таъхир андохтани иҷрои ҳукм то бузург шудани фарзандони Рухшона рад кард.

Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва додраси парвандаи “табаддулот”, рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукми Рухшона Ҳакимова ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешавад ва мавқуф гузоштани иҷрои онро қонунгузорӣ пешбинӣ накардааст." Вай аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Видеоро инҷо бинед:

"Буваҷон мана ёд кардӣ.. Ҳо, то осмон.."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Мақсуда Шарофова, модари Рухшона Ҳакимова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте ӯро маҳкум карданд, ҳама медонад, ки кӯдакаш ҳаштмоҳаи ширхора буд. Дар аввал бисёр азоб кашид, шабҳо гиря мекард, ба шири сунъӣ тез одат накард. Барои ҳамин, бисёр бемор мешуд ва шаб гиря мекард. Шаҳнура, духтари калониш ҳанӯз сесола набуд, вай ҳам ҳар рӯз мепурсид, модарам канӣ. Аз кӯдакистон омада, аз дар медаромад ва мепурсид ки модарам омад? Ба ҳар куҷо нигоҳ мекард. Мо гуфтем, ки модарат дар беморхона. Ҳоло ҳам фикр мекунад, ки модараш дар беморхона”.

“Аз назди Рухшона баргаштан намехоҳанд”

Рухшона Ҳакимова бо фарзандаш. Акс аз бойгонӣ
Рухшона Ҳакимова бо фарзандаш. Акс аз бойгонӣ

Шукрона ҳоло модарро ба серӣ надидааст. Ӯ ҳаштмоҳа буд, ки модарашро зиндонӣ карданд. Фарзандони Рухшона Ҳакимова ҳоло ҳар ду моҳ бо модарашон дар маҳбаси занонаи Норак вомехӯранд. Баъди ҳар дидорбинӣ кӯдакон намехоҳанд аз назди модар баргарданд.

"Ҳар бор ба дидорбинӣ меравем, вақти омадан духтари калониаш бисёр гиря мекунад, ки ман ҳамроҳи модарам мемонам. Як бало карда мебиёрем. Боз мебиёяд, як ҳафта зиқ мегардад дар фикри модараш,”- мегӯяд модари Рухшона Ҳакимова.

Кӯдакони Рухшона Ҳакимова, ки ҳоло чӣ будани зиндон ва додгоҳро намедонанд умед доранд, ки рӯзе табобати модарашон поён меёбаду ба наздашон бармегардад.

Модари Рухшона Ҳакимова нақл мекунад, ки кӯдакон барои рафтан ба назди модарашон рӯз ҳисоб мекунанд: "Мо мегӯем, ки баъди 3-4 рӯз назди модарат меравем, хурсанд мешавад. Ҳар саҳар мехезад, ки як рӯз монд, ду рӯз монд, назди модарам меравам. Модарам ин қадар соз нашуд мегӯяд. Вақте мераванд, Рухшона мегӯяд, боз чор уколам (сӯзандору) монд, уколам тамом шавад, меравам бачам. Ба умед, бечора."

Пайвандонаш мегӯянд, Рухшона Ҳакимова аз шароити зиндон шикоят надорад ва аҳволаш хуб аст. Ӯ дар маҳфилҳои зиндон ширкат мекунад ва забони англисӣ меомӯзад. Аммо дурӣ аз фарзандони хурдсол барояш сахт аст. Ба гуфтаи пайвандон, Рухшона Ҳакимова худро бегуноҳ меҳисобад ва ҳеч гоҳ иттиҳоми эълоншударо напазируфтааст.

Талаби озодии Рухшона чаро бе посух монд?

Рухшона Ҳакимова бо фарзандонаш
Рухшона Ҳакимова бо фарзандонаш

Додгоҳ парастории ду фарзанди Рухшона Ҳакимоваро ба дӯши волидонаш гузоштааст. Падару модари Рухшона мегӯянд, аз чизе камбуд надоранд, аммо дарди дурӣ аз модар барои тифлонаш осон нест. Умеди ягонаашон ҳамин аст, ки ин ҳиҷрони талх ҳарчӣ зуд поён ёбад ва Рухшона Ҳакимова ба назди фарзандонаш баргардад.

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқ ва ҳамчунин даҳҳо намояндаи занони саршиноси тоҷик аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ҳукми Рухшона Ҳакимова бозбинӣ ва ӯ озод шавад. Аммо мақомот ба ин дархостҳо тақрибан вокуниш накарданд.

Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.

Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар дониста, хостори бозбинии парвандаҳо ва озодии рӯзноманигорон шудаанд.

XS
SM
MD
LG