Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп бо Владимир Путин


Рӯзи сешанбе гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Ин сеюмин гуфтугӯи ду раҳбар аст, ки баъди омадани Трамп ба Кохи Сафед сурат мегирад. Гуфтугӯи аввал як ҳафта баъд аз савганди президентии Трамп баргузор шуд. Бори дуввум ду президент баъди амалиёти террористӣ дар метрои Санкт-Петербург, сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Мавзӯи сӯҳбати навбатии Путин ва Трамп маълум нест. Ин ду раҳбар баъди ҳамлаи мушакии Вашингтон ба пойгоҳи ҳавоии Сурия бо ҳам дар тамос набуданд. Русия ин ҳамларо шадидан маҳкум ва онро "ҳамла ба як кишвари мустақил" унвон кард.

XS
SM
MD
LG