Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи ҷумъаи 29-уми сентябр бо нахуствазири Олмон гуфтугӯи телефонӣ намуда, масоили мухталиф, аз ҷумла вазъ дар Ховари Миён ва барномаи мушакии Эронро низ баррасӣ кардааст. Оқои Трамп дар ин тамоси телефонӣ пирӯзии ҳизби Ангела Меркел дар интихоботи ахири Олмонро ба ӯ табрик гуфт ва ба ӯ дар ташкили чаҳорумин кобина орзуи муваффақият кард.
Дар баёнияе, ки дар бораи ин гуфтугӯи телефонӣ дар торнамои расмии Кохи Сафед нашр шуд, омадааст, ки ҷонибҳо дар мавриди роҳҳои мубориза бо "фаъолиятҳои бадхоҳонаи Эрон дар Ховари Миёна" табодули назар кардаанд. Ин баёния мегӯяд, ки раҳбарони Амрико ва Олмон "масъалаи барномаи ҳастаиро баҳс намуда, ба пайравӣ накардани Эрон аз қатъномаҳои содирашуда аз сӯи СММ, ишора карданд."
Ангела Меркел дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон, ҳимоят кард. Доналд Трамп аз мунтақидони сарсахти ин созиш аст.
Эрон ҳамеша таъкид кардааст, ки барномаи тақвияти тавонмандиҳои мушакиаш масъалаи ҷудо аз созиши ҳастаӣ ё БАРҶОМ аст, ки бо қудратҳои ғарбӣ имзо кардааст. Ҳукумати Доналд Трамп ба ин бовар аст, ки идомаи фаъолиятҳои мушакии Эрон бар хилофи ин тавофуқ аст. Эрон низ Амрикоро ба аҳдшиканӣ муттаҳам мекунад.
Вақте, ки Эрон чанде рӯз қабл мушакеро бо бурди 2 ҳазор километр озмоиш кард, Доналд Трамп дар вокуниш бо ишора ба тавофуқи ҳастаӣ дар "Твиттер"-и худ навишт, "Эрон ҳоло мушаки дурпарвоз озмоиш кардааст, ки метавонад ба Исроил бирасад. Онҳо бо Кореяи Шимолӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аҷаб созише бо ҳам дорем!" Доналд Трамп ахиран гуфта буд, ки дар робита ба пойбанд будани кишвараш ба ин созиши ҳастаӣ, тасмими худро гирифтааст ва онро дертар эълон хоҳад кард.
Бо вуҷуди интиқодҳои раиси ҷумҳури Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", хонум Меркел дар тамоси телефонии рӯзи ҷумъа бо Трамп, "бори дигар ба ҳимояти худ аз созиши ҳастаӣ таъкид кард" ва гуфт, "тавофуқи ҳастаӣ абзори муҳиме дар роҳи пешгирӣ аз муҷаҳҳаз шудани Эрон ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ аст."
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон чанд рӯз пеш ба шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" дар Ню-Йорк гуфт, ки агар Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ берун шавад, Эрон низ ин ихтиёр ва дигар гузинаҳоро дар даст дорад. Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон пеш аз ин гуфта буд, ки "мо БАРҶОМ-ро нақз намекунем, вале агар амрикоиҳо онро пора кунанд, мо онро оташ мезанем."
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?