Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Трамп ба “Хуррамшаҳр”: Тавофуқи зиёде байни мо нест


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – ба тозатарин озмоиши мушакии Эрон вокуниш кард. Ӯ рӯзи 23-юми сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки "Ҷумҳурии Исломӣ як мушаки баллисткӣ бо тавоноии расидан ба Исроилро озмоиш намуд. Онҳо дар айни ҳол бо Куриёи Шимолӣ низ кор мекунанд. Тавофуқи зиёде байни мо нест."

Мо наметавонем ба як режими қотил иҷоза диҳем, ки фаъолиятҳои тахрибкоронаро дар заминаи эҷоди мушакҳои хатарнок идома диҳад
Доналд Трамп

Ба назар мерасад, ишора ба "тавофуқ" созиши атомии миёни ҳукумати пешини Амрико, панҷ қудрати ҷаҳонии дигар ва Теҳрон дар соли 2015 аст, ки Доналд Трамп чи дар замони маъракаи пешазинтихоботии соли гузашта ва чи ҳоло аз мухолифону мунтақидонаш ба шумор меравад.

Зариф: "Агар музокираи нав мехоҳанд, ибтидо 10 тонна урани Эронро пас диҳанд"

Аз ин пеш, рӯзи 19-уми сентябр, раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард ва ҳукумати Теҳронро "фасодзадаву диктатурӣ" номид. Доналд Трамп, инчунин, аз кишварҳои дигари узви СММ тақозо кард, ки нисбат ба Эрон аз шеваи шадидтар кор гиранд, чун, ба гуфтаи Трамп, "мо наметавонем ба як режими қотил иҷоза диҳем, ки фаъолиятҳои тахрибкоронаро дар заминаи эҷоди мушакҳои хатарнок идома диҳад". Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ба зудӣ тасмими худро дар бораи тавофуқи атомӣ эълон мекунад.

Бо вуҷуди шиддат гирифтани мавҷи интиқоди Амрико аз тавсеаи барномаи мушакии Эрон, расонаҳои ин кишвар аз муаррифӣ ва озмоиши “муваффақиятомези” як мушаки нави баллистикӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд. Хабаргузории “Тасним” рӯзи 22-юми сентябр навишта буд, ки ҷадидтарин мушаки баллистикии Эрон бо номи “Хуррамшаҳр” муаррифӣ шудааст. Бурди эъломшудаи ин мушак, нуқтаҳои гуногуни Ховари Миёна ва Исроилро дар тирраси худ қарор медиҳад.

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии сипоҳи посдорон эълон кардааст, ки ин мушак ду ҳазор километр бурд дошта, дорои қобили ҳамли як ё чанд кӯлоҳаки ҷангӣ аст. Ба гуфтаи ин фармондеҳи сипоҳ, мушаки “Хуррамшаҳр” сохти Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломӣ буда, раванди озмоиши он низ шуруъ шудааст.

Рӯҳонӣ дар СММ: "Эрон қасди эҳёи императории таърихиашро надорад"

Хабаргузории ИРНА низ навишт, ки ин мушаки дурпарвоз дар ихтиёри нирӯи ҳавоии сипоҳи посдорон қарор дорад ва то кунун иттилооти дақиқе дар хусуси вижагиҳои фаннӣ, муҳандисӣ ва тавони он нашр нашудааст.

“Тасним” ҳамчунин дар хабари дигаре аз озмоиши “муваффақиятомези” ин мушак хабар дод ва навишт, ки ин саввумин мушаки Эрон бо бурди ду ҳазор километр аст. Дар ин хабар ба вақту макони ин озмоиш ишорае нашудааст.

Эрон мушаки "Хуррамшаҳр"-ро муаррифӣ ва озмоиш кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

Ҳамзамон бо намоиши ин мушаки дурпарвоз дар маросими гашти низомии нирӯҳои мусаллаҳ дар Теҳрон раиси ҷумҳури Эрон эълон кард, ки бо вуҷуди мухолифати кишварҳои ғарбӣ мушакҳои Ҷумҳурии Исломӣ тақвият хоҳанд шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин маросим, ки ба муносибати солрӯзи оғози ҷанги Эрону Ироқ баргузор шуд, афзуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ натанҳо мушакҳо, балки нирӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии худро низ тақвият хоҳад бахшид.

Ӯ дар ҳоле ин суханонро баён кард, ки пеш аз ин аз намоиши шаҳракҳои зеризаминии мушакии сипоҳ интиқод карда ва онро иқдоме барои барҳам задани тавофуқи ҳастаӣ эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG