Пайвандҳои дастрасӣ

Курдҳои Ироқ: "Тасмими референдум бебозгашт аст". ВИДЕО


Дар минтақаи Даҳук, воқеъ дар шарқи Ироқ, ба нишони пуштибонӣ аз як раъйпурсии баҳсбарангези истиқлолхоҳии Курдистон, раҳпаймоӣ доир шуд. Қарор аст, ин назарпурсӣ рӯзи 25-уми сентябр баргузор шавад.

Раҳбари Курдистони Ироқ Масъуди Боризонӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди фишори байналмилалӣ ва талаби Бағдод барои лағви раъйпурсӣ, аз роҳаш намегардад. "Онҳо мебоист ба назархоҳӣ алтернатива пешниҳод кунанд, вале ҳеҷ иттифоқе науфтод", - гуфтааст Боризонӣ.

Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид аз курдҳои ироқӣ даъват карданд, ки баргузории раъйпурсиро ба таъхир андозанд, зеро он метавонад муборизаи Ироқро бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" мушкил кунад.

Дар раъйпурсии рӯзи душанбеи оянда ҳудуди 5 миллион нафар метавонанд дар ин минтақаи дорои захираи бузурги нафт, ки ҳоло дар дохили Ироқ аз мухторият бархӯрдор аст, ширкат кунанд. Назарсанҷиҳои ахир мегӯяд, ки дар Курдистон 80 дарсади ҷамъият тарафдори таъсиси кишвари мустақил аст.

Абу Ризо, як сокини курдтабор мегӯяд, "мо курдҳо асрҳои аср зери зулм будем. Мо бояд барои дифоъ аз ҳаққи худ ва ташкили Ҷумҳурии Курдистон муттаҳид шавем."

Туркияву Эрон аз мухолифони аслии бургузории раъйпурсии мухторият ҳастанд ва аз фаъолшавии нерӯҳои ҷудоиталабони курд дар кишвари ху нигаронанд. Дар Истанбул намоишҳои эътирозӣ доир шуд ва низ низомиёни турк дар наздикии марзи Ироқ машқҳоро баргузор карданд.

Порлумони Ироқ раъйпурсиро ғайриконститутсионӣ номидааст. Додгоҳи олии Ироқ аз Курдистон талаб кард, ки нақшаи баргузории раъйпурсиро лағв кунад. Ба гуфти онҳо, ин ҳамапурсӣ на танҳо ба амнияти Ироқ, балки ба ҳама минтақа таҳдид мекунад.

Низомиёни пешмаргаи курд барои берун кардани ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз шарқи Ироқ нақши калидӣ доштанд. Баъд аз шикасти артиши Ироқ дар соли 2014, нерӯҳои курдӣ барои ҳимоят аз шаҳри Киркук фаротар аз марзи Курдистони Ироқ рафтанд.

Ҳоло Киркук ва майдонҳои ба он наздики нафт ба минтақаи баҳсӣ табдил шуда, дар сурати соҳибистиқлол эълон гардидани Курдистон, метавонад баҳсҳои қавмиро ба вуҷуд орад. Дар шаҳр танишҳо миёни курдҳо ва туркманҳои ироқӣ шиддат мегирад. Баъд аз ҳамла ба дафтари Ҳизби мардумии туркманҳои Ироқ аз сӯи гурӯҳи авбошони силоҳдор, низоъ ба задухӯрдҳои мусаллаҳона печид.

Амрико ва Созмони Милали Муттаҳид низ аз курдҳои ироқӣ даъват карданд, ки баргузории раъйпурсиро ба таъхир андозанд. Зеро он метавонад муборизаи Ироқро бо ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" мушкил кунад.

Маскав аз чунин даъватҳо худдорӣ меварзад. Ширкати "Роснефт" роҳандозии тарҳи бузурги маблағгузориро, ки ба рушди соҳаи нафти курдҳои ироқӣ пешбинӣ шудааст, эълон кард. Ҳамин тариқ, Русия ба бозигари аслие табдил ёфт, ки курдҳои Ироқро барои соҳиб шудан ба мустақилият маблағгузорӣ мекунад, сарфи назар аз онки ин амал метавонад бӯҳрони навро дар Ховари Миёна ба вуҷуд орад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG