Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ дар СММ: "Эрон қасди эҳёи императории таърихиашро надорад".ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми сентябр дар панҷумин суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Эрон дар садади эҳёи императории таърихии худ дар минтақа нест.

Вай дар суханронии худ таъкид кард, "Эрон на мехоҳад императории таърихиашро эҳё кунад ва на мехоҳад мазҳаби расмиашро ҳоким кунад ва на мехоҳад инқилобашро бо зӯри найза содир кунад. Мо ба устувории фарҳангамон, ҳақиқати мазҳабамон ва асолати инқилобамон он қадар бовар дорем, ки ҳаргиз намехоҳем онҳо чун он аҳдофи истеъмори ҷадид, бо нерӯи сарбозон содир кунем."

Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки Эрон дар садади эҳёи императории таърихии худ дар минтақа нест.

Дар ҳоле, Ҳасани Рӯҳонӣ мегӯяд, Эрон ба дунболи эҳёи императории таърихии худ нест, ки кишварҳои минтақа Ҷумҳурии исломииро муттаҳам мекунанд, ки дар садади ташкили "ҳилоли эронӣ" дар минтақа аст. Подшоҳи Урдун барои нахустин бор ибораи "ҳилоли шиъӣ"-ро истифода кард ва аз густариши нуфузи Эрон дар Лубнон, Сурия, Ироқ ва Баҳрайн нигаронӣ намуд.

Тавофуқи ҳастаӣ

Раиси ҷумҳури Эрон дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии СММ ҳамчунин тавофуқи ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳониро нишонаи "садоқат"-и Эрон дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ донист ва изҳор дошт, "ин тавофуқ ҳосили беш аз ду сол музокироти фишурда аст, ки натиҷаи он, мавриди ҳимояти Шӯрои амнияти СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт. Ин созишнома мутааллиқ ба як ё ду кишвар нест, он санади Шӯрои амният ва мутааллиқ ба ҳама ҷомеаи байналмилалӣ аст."

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Эрон таҳдид намепазирад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Вай дар айни ҳол гуфт, ки "ба таври возеҳ эълон мекунам, ки Эрон аввалин кишваре нахоҳад буд, ки ин созишномаро нақз кунад, вале дар баробари кишварҳои нақзкунанда аксуламали муносиб ва қотеъ нишон хоҳад дод. Агар ин тавофуқ ба дасти "ноаҳлони арсаи сиёсат" аз байн биравад, мояи таассуф хоҳад буд ва дунё фурсати бузургеро аз даст хоҳад дод. Аммо чунин иқдоме ҳаргиз қодир нахоҳад буд Ҷумҳурии исломии Эронро дар роҳи пешрафти худ мутаваққиф намояд."

Оқои Рӯҳонӣ ҳамчунин дар хусуси амалкарди ҳукумати Амрико дар баробари ин тавофуқ гуфт, "давлати Амрико бо паймоншиканӣ ва нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, фақат эътибори ҷаҳонии худро мешиканад ва эътимоди давлатҳо ва миллатҳо нисбат ба ҳар гуна музокирот ва ӯҳдадориҳои ояндаи худро аз даст медиҳад."

Вокуниш ба суханони Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр дар нахустин суханронии худ дар СММ аз ин тавофуқ интиқод кард ва гуфт, Амрико ҳаргиз дар қарордоди яктарафае, ки ҳеҷ фоидае барои ин кишвар надошта бошад, боқӣ нахоҳад монд.

Вай афзуда буд, ин тавофуқ як шармсорӣ барои Амрико аст. Намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе дар хусуси ин изҳороти Доналд Трамп гуфт, ин суханон нишонаи хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон нест, балки нохушнудии ӯро нишон медиҳад.

Доналд Трамп зимни суханронӣ дар СММ.
Доналд Трамп зимни суханронӣ дар СММ.

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба суханронии рӯзи сешанбеи раиси ҷумҳури Амрико вайро "адабиёти ҷоҳилона, зишт, кинаварзона ва иттилооти ғалат ва иттиҳомоти бепоя" хонд, ки ба гуфтаи ӯ, "дар шаън"-и СММ набуд. Доналд Трамп рӯзи сешанбе аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то ба гуфтаи вай, бо иқдомоти "бесуботкунандаи режими ҷинояткор"-и Эрон, муқобила кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ҳукумати Эронро як "диктатории фосид" хонд, ки чеҳраашро дар пушти ниқоби демократияи дурӯғин пинҳон кардааст. Оқои Трамп гуфт, "ҳукумати Эрон як кишвари аз лиҳози таърихӣ ғанӣ ва сарватмандро ба кишваре боғӣ бо иқтисодӣ тиҳӣ бадал кардааст, ки акнун содироти аслии он хушунат, хунрезӣ ва ҳараҷу мараҷ шудааст."

XS
SM
MD
LG