Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст, агар касе мехоҳад дар бораи тавофуқи ҳастӣ музокироти дигарбора баргузор кунад, аз ҷумлаи шартҳои Теҳрон ин аст, ки даҳ тонна урани Эрон баргардонида шавад.
Муҳаммадҷавод Зариф дар гуфтугӯ бо рӯзномаи амрикоии New-York Times бо ғайри қобили музокира хондани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё БАРҶОМ гуфтааст, ки чунин музокират танҳо дар сурати бозгаштан ба шароити пеш аз гуфтугӯҳо, имкон дорад.
Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё БАРҶОМ ҳудуди ду сол қабл байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Бритония ҳамроҳ бо Олмон, имзо шуд.
Оқои Зариф гуфтааст, дар ин сурат 10 тонна урани Эрон, ки пас аз имзои тавофуқи ҳастаӣ ба Русия фиристода шуд, бояд ба Эрон баргардад. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон, агар Амрико хостори изофа кардани бандҳое ба ин созишнома аст, Эрон ҳам хостори музокираи дигарбора дар бораи ҳама бандҳои ин тавофуқ аст.
Рӯзи сешанбе вазири умури хориҷии Амрико Рекс Тиллерсон дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News гуфта буд, агар қарор аст Амрико ҳамчунон ба созишномаи ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ пойбанд бимонад, бояд дар он тағйироте ворид карда шавад. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе пеш аз тарки Ню-Йорк ҳаргуна музокираи нав дар бораи созишномаи ҳастаиро радд карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар СММ рӯзи панҷшанбеи 21-уми сентябр гуфтааст, Доналд Трамп бар асоси манфиати миллии Амрико дар хусуси тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, тасмим хоҳад гирифт. Вай ҳамчунон гуфтааст, ин созишнома наметавонад ҳамчун "иҷозатнома" барои идомаи иқдомҳои "хатокорона"-и Эрон дар минтақа бошад.
Ба гузориши Кохи Сафед, намояндаи Амрико дар СММ дар бораи гуфтугӯҳои худ дар ҳафтаи ахир ва дар ҷараёни баргузории иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ изҳор дошт, дар тӯли музокироти ҳафтаи ҷорӣ Эрон яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯ буд. Ҳама дар бораи идомаи талошҳои бесуботкунандаи Эрон дар саросари Ховари Миёна сухан мегуфтанд, дар Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман."
Намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба ин суол, ки оё хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ эътибори дипломатии Амрикоро камранг намекунад? гуфт, "на, чунин иқдоме эътибори дипломатияи Амрикоро заъиф намекунад, балки нишон медиҳад, ки ҳукумати Амрико ба фикри мардуми худ аст."
Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ё БАРҶОМ ҳудуди ду сол қабл байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Бритония ҳамроҳ бо Олмон, имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқ, Эрон бахшҳое аз барномаи ҳастаиашро лағв кард ва дар муқобил таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон бекор шуданд.
Ин дар ҳоле аст, ки раиси ҷумҳури Амрико дастури бознигарӣ дар сиёсатҳои ин кишвар дар баробари Эронро содир кардааст ва рӯзи сешанбеи 19-уми сентябр низ дар бораи пойбандии Вошингтон ба ин қарордод, ибрози шакку тардид намуд.
Доналд Трамп дар нахустин суханронии худ дар Маҷмааи умумии СММ бо ишора ба тавофуқи ҳастаи Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, онро "як тавофуқи бад" хонд ва гуфт, Амрико ҳаргиз дар тавофуқи яктарафае, ки ҳеҷ фоидае барои ин кишвар надошта бошад, боқӣ нахоҳад монд.
Чаро гурусна чизе бихӯрад, сер мешавад, аммо сер ҳарчӣ бихӯрад сер намешавад? Оё рӯдаҳои сер даридааст? Ё бидуни рӯда таваллӯд шудааст?
Россия бояд 100-соли оянда ба Украина ҷубронпулӣ пардохт намуда, тамоми заминҳои ишғолкардаашро ба Украина баргардонад. Раҷаб Тайиб Эрдоған лӯлаи туркии гази Россияро пурра ба нафъи худ истифода мебарад. Туркия аз соҳилҳои баҳрии худ газ истихроҷ намуда, ба Аврупо мефурӯшад. Таҳримҳо зидди “газпром” ва “роснефт” ба сулолаи Путин нуқта мегузорад. Туркия раиси Қафқоз хоҳад шуд. Навалний аз маҳбас озод шуда, Президенти Россия интихоб мешавад. Тоҷикон аз қаламрави Россия ба Ватани худ “пеш” карда шуда, пойгоҳи низомии 201-уми рус дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд. Сафорати Россия аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Лахш интиқол дода мешавад. “Россотрудничество” агенти хориҷӣ эътироф карда мешавад ва фаоълияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда мешавад. Шаҳрвандони дорои шиносномаи русӣ ба хиёнат ба давлат айбдор карда шуда, ба корҳои ислоҳӣ дар сохтмонҳои иншооти давлатӣ бепардохти музд сафарбар карда шаванд. Корҳои зиёде ҳаст, ки баъди шикасти пурраи Путин бояд анҷом диҳем.
Барои мо хам як Жапаров ва Ташиеви точик даркор то амалиёти мисли кони Кумтор гузаронанд.
Мешудаст, ку. Фақат завқ доштан лозим, Завқ. Бояд дигар корхонаҳои дигар низ аз Васт Ресорсес таҷриба ва ибрат гирифта, дар муддати кӯтоҳ амин ба ин гуна дастовардҳо ноил шаванд.
Ки гузорад? Хукумати оилави е давлатхои хоричи, ки си сол кумак аз онхо мепурсем?