Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, барномаи мушакиашро пеш мебарад


Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, алорағми талаби президенти ИМА Доналд Трамп ба хатми барномаи «хатарноки мушакиаш», Теҳрон ба пешбурди ин барнома идома ва тавонмандиҳои низомии Ҷумҳурии Исломиро тақвият медиҳад.

Рӯҳонӣ дар ҷараёни як гашти низомӣ дар Теҳрон рӯзи 22-юми сентябр ба хотири ёдбуди ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқи солҳои 1980-88 гуфт: "Тавонмандиҳои низомии худамонро он миқдор, ки лозим бидонем ва барои боздорандагӣ зарур бидонем, тақвият хоҳем кард. На танҳо мушакҳоямон, балки нирӯи заминиамон, нирӯи ҳавоиамон, нирӯи дарёиамонро тақвият хоҳем кард".

Рӯҳонӣ гуфт, ки Эрон аз касе иҷозат намепурсад, ки аз кишвари худ дифоъ кунад ё на. Ин суханр

Президент Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, ки Эрон аз касе иҷозат намепурсад, ки аз кишвари худ дифоъ кунад ё на.

онӣ ба таври ҳамзамон дар телевизион пахш шуд. Рӯзи 19-уми сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаи умуми СММ президенти ИМА Доналд Трамп Эронро дар пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам кард ва ҳукумати Теҳронро “фасодзадаву диктотурӣ” номид.

Трамп инчунин аз кишварҳои дигари узви СММ тақозо кард, ки нисбати Эрон аз шеваи шадидтар кор гиранд, чун, ба гуфтаи Трамп, "мо наметавонем ба як режими қотил иҷоза диҳем, ки фаъолиятҳои тахрибкоронаро дар заминаи эҷоди мушакҳои хатарнок идома диҳад".

Трамп бо ишора ба созиши ҳастаии миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 имзошуда гуфт, ки ин барнома бояд бозбинӣ шавад, чунки барои идомаи барномаи ҳастаии Эрон як рӯйпӯше шудааст. Дар суханронии худ дар СММ, Рӯҳонӣ изҳороти Трампро “ҷоҳилонаву беасос ва бадбинона” номид.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта маъмурияти Кохи Сафед ду дафъа ва ҳам Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ пайваста гуфтааст, ки Эрон мувофиқ бо созишҳои ҳосилшуда амал мекунад ва то ҳол ин созиш нақз нашудааст. Зимнан, рӯзи 21-уми сентябр дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии CNN, Федерика Моғеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ҳимоят кард ва гуфт:

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ҳимоят кард.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ҳимоят кард.

“Нақшаи фарогири фаъолиятҳои муштарак” ҳамон созиши ҳастаӣ аст, ки ба маънои қабул шудани ин санад аст. он 104 саҳифа дорад, ин санад ҳосили музокироти 12-сола аст, тамоми паҳлӯҳои барномаи ҳастаии Эронро дар бар мегирад. Ҳар чизи дигар берун аз ин созиш аст, ҳар чиз қобили ҳаллу фасл аст, вале на дар чаҳорчӯби созиши ҳастаӣ. Бояд як созиши дигар бошад, вале он дигар созиши ҳастаӣ намешавад. Созиши ҳастаӣ кор мекунад, ҳар як ҷониб онро эътироф кардааст -- Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ онро 8 дафъа тасдиқ кардааст. Бори охир 10 рӯз пеш буд ва ин ниҳод гуфт, ки Эрон мувофиқ бо тамоми ӯҳдадориҳояш амал мекунад. Чизе, ки кор мекунаду натиҷа медиҳад, набояд хароб шавад”.

Зариф: "Агар музокираи нав мехоҳанд, ибтидо 10 тонна урани Эронро пас диҳанд"

Моғеринӣ гуфт, ки воқеан ҳам вобаста ба тағйирёбии шароити сиёсӣ дар ҷаҳон, ҷанги идомаёбанда дар Сурия бисёр чиз дигар мешавад, вале созиши ҳастаӣ, ки қабул шудааст, дигар набояд халалдор шавад. Вай гуфт, ин кори “бемасъулиятона” хоҳад буд.

Ҳанӯз маълум нест, ки то куҷо Трамп ва аъзои тимаш дар фикри идомаи интиқод аз созиш бо Эрон ҳастанд ва қадами баъдии онҳо чӣ мешавад. Қарор аст мавқеи Вашингтон дар ин замина рӯзи 15-уми октябр маълум шавад. Дар ин замина Кохи Сафед бояд як изҳороте пахш кунад.

XS
SM
MD
LG