Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Исроил ба дидори Трамп меравад


Бенямин Нетеняҳу, нахуствазири Исроил имрӯз, душанбеи 13 феврал ба Амрико меравад, то бо президент Доналд Трамп мулоқот кунад. Эрон яке аз муҳимтарин мавзӯъҳое ҳаст, ки интизор меравад дар гуфтугӯҳо миёни ду тараф матраҳ шавад. Дидори дар пешистодаи Нетаняҳу ва Трамп нахустин дидори ду тараф аз замони савганд ёд кардани Доналд Трамп дар мақоми 45-умин раиси ҷумҳури Амрико аст.

Интизор меравад нахуствазири Исроил, ки ҳукуматаш дар замони раҳбарии Барак Обама бо ҳам танишҳое бесобиқа доштанд, бо раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди баъзе масъалаҳои муҳим сӯҳбат кунанд, ки Эрон аз муҳимтарини онҳо ба шумор меравад. Бенямин Нетаняҳу муҳимтарин мухолиф ва мунтақиди хориҷии тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон, Амрико ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар буд.

Дар пайи оғози фаъолияти Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳури Амрико ва озмоиши мушакии Эрон, Нетаняҳу хостори "иттиҳоди ҷаҳонӣ дар баробари Эрон" шуд ва гуфт "ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар дар мубориза бо Эрон", мавзӯи музокироти ӯ дар дидорҳои рӯзҳои оянда бо раҳбарони ҷаҳонӣ аст. Доналд Трамп низ аз мунтақидони созиши ҳастаӣ ва низ аз мухолифони сарсахти рафтори Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад. Мушовири амнияти миллии ӯ низ пас аз анҷоми озмоиши мушакии Эрон гуфт, Вашингтон акнун ба Теҳрон "расман ҳушдор медиҳад."

Эрон Исроилро ба расмият намешиносад ва мақомҳои низомӣ ва сиёсии он низ борҳо он кишварро таҳдид кардаанд. Робитаҳои Эрон бо бархе кишварҳои арабии минтақа низ бо бӯҳронҳои нав рӯбарӯ ва ё қатъ шуда ва ё ҳадди ақал коҳиш ёфтааст. Аз тарафи дигар, аммо мақомҳои Исроил, аз ҷумла вазири нақлиёти он кишвар гуфтаанд, бо устувор шудани ҳузури Теҳрон дар Сурия, Эрон ҳоло дар пайи эҷоди меҳваре аст, ки он кишварро аз Ироқ ба Сурия ва Лубнон мерасонад, ки метавонад амнияти Исроилро ба хатар рӯбарӯ кунад.

Вазири дифои Исроил пеш аз ин гуфта буд, дидори Нетаняҳу ва Трамп бояд як мавзӯи асосӣ дошта бошад: "Эрон бузургтарин таҳдид барои Исроил аст. Эрон, Эрон ва Эрон". Хабаргузории Фаронса ба нақл аз яке аз мақомҳои исроилӣ, ки номаш фош нашудааст, мегӯяд, "Нетаняҳу қасд дорад ба раиси ҷумҳури Амрико шарҳ бидиҳад, ки ИМА бояд пеши ҳузури низомии доимии Эрон дар Сурияро бигирад. Зеро он ба маънии як таҳдиди стратегӣ барои ба шумор хоҳад рафт."

Бино бар гузоришҳо, нигарониҳои Исроил танҳо маҳдуд ба ҳузури мустақими худи Эрон намешавад ва Телавив гурӯҳҳоеро, ки Теҳрон аз онҳо дифоъ мекунад, чун "Ҳамос" ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, барои амнияти миллии худ таҳдид меҳисобад.

Дар ҳамин ҳол, як рӯзномаи исроилӣ мегӯяд, ки интизороти Нетаняҳу аз ҳукумати Доналд Трамп, бояд "дар зарфе воқеъбинона ҷой бигирад". Рӯзномаи Jerusalem Post низ мегӯяд, ҳеҷ замонате вуҷуд надорад, ки раҳбарони ду кишвар қотеъона дар мавриди ҳама чиз тавофуқ дошта бошанд.

Нахуствазири Исроил рӯзи сешанбе бо вазири умури хориҷии Амрико Рекс Тиллерсон, ва рӯзи чаҳоршанбе бо раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед мулоқот мекунад. Вазири дифои Исроил низ рӯзи ҷумъа бо вазири дифои Амрико мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG