Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯи тоҷикро дар Сурия амири гурӯҳи «Ӯзбекон» таъйин кардаанд. САДО


Аъзои собиқи Ҷабҳат-ун-Нусра дар Сурия

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри як мақолае дар бораи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ раҳбарони ин ҳизбро ба он муттаҳам кардааст, ки ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои Сурия фиристода ва сабаби рехтани хуни онҳо шудаанд.

Дар ин мақола аз санаи 21-уми январ омадааст, “Аксари тоҷиконе, ки бо роҳнамоии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия иштирок кардаанд, кушта шудаанд ва бояд гуфт, ки кафорати хуни онҳо дар гардани роҳбарияти ҲНИТ мебошад.”

Дар ин мақола доир ба таърихи ин ҳизби исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, маълумоти мухтасаре дода шудааст. Сипас ному насаби онҳоеро овардаанд, ки ба гуфтаи муаллифи мақола, бо ҳидояти аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Сурия рафтаанд.

Дар ҳоле, ки санҷидани дурустии иттиҳомоти дар мақола нашршуда аз роҳи манобеи мустақил имкон надорад, аъзои ҲНИТ дар хориҷи Тоҷикистон пайваста гуфтаанд, ки ҳеҷ коре хилофи қонун накардаанд ва ҳама гуна фаъолиятҳои ифротгароёнро маҳкум мекунанд.

Ҷангҷӯи тоҷикро дар Сурия амири гурӯҳи «Ӯзбекон» таъйин кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим

Аз ҷумла номи Сайфиддин Тоҷибоев, як сокини 35-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро овардаанд, ки ба гуфтаи муаллифи мақола сардори бахши ноҳиявии ҳизби наҳзат буд ва яке аз саркардаҳои созмони террористии “Ҷабҳат-ан-Нусра” дар Сурия аст.

Дар ин мақола омадааст, ки Сайфиддин Тоҷибоев, “ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъйин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад.”

Ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Дар идома номи Шоиста Мамадшехова, як сокини 40-солаи ноҳияи Спитаменро овардаанд, ки дар гузашта раиси бахши занон дар бахши ноҳиявии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ будааст. Ба қавли муаллифи мақола, “Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур дар онҷо қарор доранд, рафтааст. "

Яке дигар аз аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба гуфтаи муаллифи мақола Фаромуз Абдувалиев, сокини ҷамоати деҳоти ноҳияи Понғози Ашт аст, ки соли 2014 ба сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайваста ва баъди ду соли ҷанг дар Сурия кушта шудааст. Айни замон зану фарзандони ӯ дар Сурия қарор доштаанд.

Дар ин мақола номи Муҳаммадҷон Ғайратов сокини ноҳияи Кулоб низ ҳаст, ба гуфтаи муаллифи мақола бо мусоидати амакааш узви Ҳизби мамнӯи наҳзасти исломӣ дар Эрон дониши динӣ гирифта, сипас ба Покистон ва аз онҷо ба Сурия меравад. “Ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.» -омадааст, дар ин мақола.

Парвиз Саидраҳмонов, як узви дигари ДОИШ аз Тоҷикистон
Парвиз Саидраҳмонов, як узви дигари ДОИШ аз Тоҷикистон

Яке аз онҳое, ки ба Сурия рафта ва аз онҷо ба Тоҷикистон баргаштаанд, ба гуфтаи муаллифи мақола Мирзоҷума Табаров, сокини ноҳияи Нуробод аст, ки бо мусоидати падараш узви собиқи Ҳизби мамнӯи наҳзат дар шаҳри Димишқ дар як мадраса таҳсил карда ва соли 2012 ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Дар идомаи мақола номи чанд нафари дигаре ҳаст, ки бо гуноҳи ифротгароӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд. Раҳбарони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳамагуна иддаоҳо дар бораи даст доштан дар ифротгароӣ ва ё ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротиро рад кардаанд.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар соли 2015, Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми сентябр ҳамон сол ҲНИТ-ро яке аз тарҳрезони ошӯб номид ва онро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияташро дар кишвар қатъ кард.

Беш аз даҳ узви раёсати онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд. ҲНИТ, ки бештар аз як даҳсола дар Тоҷикистон фаъолият дошт, то замони қатъи фаъолият ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад. Раҳбаронаш иттиҳомот мақомоти Тоҷикистонро рад карда гуфтаанд, ки ҳадафи мақомоти тоҷик берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.

Дар умум аз Тоҷикистон беш аз як ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Садҳо нафари онҳо ба афи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайваста дар ҷангҳо кушта шудаанд. Хонаводаҳои баъзе аз онҳо дар ин кишварҳои ҷангзада мондаанд ва баъзе аз онҳо ба наздиконаш гуфтаанд, ки ҳеҷ роҳи бозгашт ба кишварро намедонанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG