Пайвандҳои дастрасӣ

Оё ҷангиёни бозгашта ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд?


Тоҷикҳои узви гурӯҳи ДИИШ дар Сурия.Акс аз бойгонӣ.

Аз соли 2014 ҳудуди 70 ҷангии тоҷик бо оилаашон аз қаламравҳои зери итоати “Давлати исломӣ” ба ватан баргаштаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷангиёни бозгашта дар ҳолати осоиштагӣ барои кишвар хатар надоранд, вале дар ҳолати зиёд шудани норозигӣ дар ҷомеа, ин нафарон метавонанд як қувваи бузурге алайҳи давлат шаванд. Коршиносон мегӯянд, бо шикасти ДИИШ баргашти ҷангиён зиёд мешавад, вале бояд тарзе муносибат кард, ки ҷангро аз хотири онҳо берун бурд.

Масъулини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2014 аз оғози таъсиси гурӯҳи "Давлати исломӣ", 1141 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин гурӯҳ пайвастаанд. Тибқи омори Маркази таҳқиқоти стратегӣ, аз ин шумора ҳалокати 300 нафар тасдиқ шуда ва 70 нафарашон ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Соли гузашта мақомот гуфтанд, ки то кунун тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо хоҳиши худ аз ҳудудҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё наздикии марзи Туркия бо Сурия баргашта буданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Аммо ин бори аввал аст, ки мақомоти тоҷик аз хатари ҷангиёни баргашта сӯҳбат мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ мустаҳкам бошад, ин 70 нафар ҳеҷ зараре расонда наметавонанд. Лекин дар ҳолати ноустувории ҷомеа, дар ҳолати зиёд шудани норозигӣ доир ба ин ё он масъала, ин 70 нафар метавонад як қувваи бисёр бузургу вазнине ҳам шавад. Аз ин нуқтаи назар, тамоми кӯшишро равона кунем, ки сулҳу суботро нигоҳ дорем. Он шаҳрвандоне, ки пушаймон шуда омадаанд, онҳоро дар оғӯши худ тарбия кунем. Ин ба онҳое дахл дорад, ки дар қатлу кушторҳо иштирок накардаанд, ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд ва бо ихтиёри худ ба ватан омадаанд.”

Баргаштаҳо василаи нави таблиғ зидди ифротгароӣ

Ихтиёран баргаштаҳо аз минтақаҳои зери назорати ДИИШ дар Тоҷикистон ба як василаи асосии тарғиби мақомот дар солҳои ахир табдил ёфтааст. Ин афрод дар ҷамъомадҳое, аз тарафи мақомоти Тоҷикистон ташкил мешавад, дар бораи дидаҳояшон дар қаламравҳои ДИИШ нақл карда, аз ҷавонон дархост мекарданд, ки аз рафтан ба онҷо худдорӣ кунанд.

Аз даҳҳо нафаре, ки дар сафи ДИИШ буданд ва дар солҳои ахир ба таври ҳайратовар аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд, то ҳол нафаре иштироки худро дар ҷангҳои Ховари Миёна эътироф накардааст. Мақомоти Тоҷикистон баъди бозҷӯии тӯлонӣ бархеи онҳоро бо ҷурми "зархаридӣ" ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ", равонаи зиндон карданд.

Фаридун Ҳодизода.
Фаридун Ҳодизода.

Аммо коршиносон мегӯянд, бо шикасти ДИИШ дар Ховари Миёна, бояд интизори баргашти зиёди ҷангиён ба ватан буд, вале давлат бо онҳо бояд тарзе муносибат кунад, ки ҷанг аз хотири онҳо зудуда шавад. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ аз таҷрибаи Индонезия мисол овард, ки дар он кишвар ҷангиёнро ячейкаҳои ғайрифаъол медонанд ва бо онҳо эҳтиёткорона муносибат мекунанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "албатта имрӯз не фардо ДИИШ дар Ховари Миёна саркӯб мешавад ва ҷангиён дигар илоҷа надоранд ва маҷбуранд, ки ба ҷое гурезанд, ба Афғонистон ва ё ба хонаи худ. Дар ин миён бисёр бачаҳое ҳастанд, ки таҷрибаи ҷангӣ дорад. Он бачаҳое, ки қаблан дар чанд кишвари Аврупо инфиҷорҳо анҷом доданд, бачаҳои ҳирфаӣ набуданд, акнун ҷангиёни касбӣ ба кишварҳои худ бармегарданд. Ин чиз бисёр хатарнок аст."

Аммо ин коршиноси тоҷик таъкид мекунад, ки бо собиқ ҷангиён бархӯрди веижаи мақомот зарур аст, то инҳоро ба зиндагии маъмулӣ баргардонад. Чун ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи ба ҳаёти маъмулӣ баргардондани ҷангиёнро дорад. Коршиносон мегӯянд, муносибат бо баргаштаҳо бояд якгуна набошад ва аз миёни онҳо фиребхӯрдаҳо бояд шинохта ва ҷудо карда шаванд. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар миёни баргаштаҳо кам нестанд он нафароне, ки фиреб хӯрда ба Сурия рафтаанд.

“Хатари дигари ДИИШ баъди шикаст дар Сурия ва Ироқ”

Бозгашти ҷангиён ягона хатаре нест, ки дар пайи шикасти ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фирори ҷангиёни мусаллаҳи ДИИШ ба ҳамсоякишвари Афғонистон аз таҳдидҳои ҷиддие мебошад, ки на танҳо ба Тоҷикистон балки дар умум ба Осиёи Марказӣ хатар дорад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, як масъули Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, аз назари интиқол ёфтани онҳо ба Афғонистон, баръакс саркӯби онҳо дар Сурия барои мо хатарро зиёдтар карда истодааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо

Ҷаноби Раҳнамо мегӯяд, "ду нукта нигаронкунанда аст, яке тағйири самти масири ноамниҳо аз ҷануб ба шимоли Афғонистон ва дуввум пайдо шудани бозингарони нав дар ҷабнаи ноамнӣ ба мисли гуруҳи бо номи “Давлати исломӣ”. Мутаассифона дар ин ҷой интиқоли маснуии гуруҳи терористони байналмилалӣ аз як минтақа ба минтақаи дигари Афғонистон ба назар мерасад, ки субот дар ин кишварро зери суол мебарад. Агар интиқоли ҷанг аз ҷануб ба шимол хусусияти табиӣ дошта бошад, дар он ҳолат вазъ нигаронкунанда нест, вале гурӯҳҳои терористии байналмилалӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол дода мешавад, ки ин ҳолат нигаронкунанда аст."

Абдулло Раҳнамо мегӯяд, ДИИШ метавонад қасди баъзе қувваҳои байналмилалиеро, ки дар қасди ноором кардани минтақаро доранд ба фоидаи худ истифода барад.

Қаблан Мило Комефорт, як намояндаи Бунёди “Бовар”-и Бритониё зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар моҳи июни соли 2016 гуфт, ҳоло як раванди бозгашти “ҷиҳодиён” аз кишварҳои дигар ба ватанашон мушоҳида мешавад ва бо танг шудани мавқеи ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия ва Ироқ, ин раванд афзоиш хоҳад ёфт.

"Як рӯз ҷангҷӯён аз Сурия ва Ироқ ба кишварҳояшон бармегарданд. Аз ҳоло барои онҳо барномае бояд дошт, ки то зуд ба ҳаёти мулкӣ баргарданд ва андешаҳои тахрибкориашонро аз сар дур кунанд. Ҳамчунин ин барномаҳо афродеро дар бар бигиранд, ки бо чунин иттиҳом ҳабс мешаванд ” – гуфт Мило Комефорт.

Ҳамоиши теъдоди ҷангиёни тоҷик ба сафи ДИИШ дар соли 2014 шурӯъ шуд ва соли 2015 ба авҷи худ расид. Мақомоти тоҷик дар соли 2015 ба Кодекси ҷинояти банди махсусеро илова карданд, ки бар асоси он ҷангиёне, ки ихтиёран ба ватан бармегарданд, авф хоҳанд шуд. Чандин нафар бар пояи ин амр аз таъқиби додгоҳӣ раҳоӣ ёфтанд.

Дар баробари ин маъракаи тарғиботии густарда барои бозгардонии падару модарон ҷиҳати бозгардонии фарзандони онҳо аз сафи ҷангиёни ДИИШ ҷараён гирифт. Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон барномаҳое барои шустушӯи ба истилоҳ мағзии “ҷиҳоди”-ҳо таҳия кардаанд, аммо бозгашти онҳо ба зиндагии маъмулӣ ва таъмин бо ҷойи кор дар шароити иқтисодии Тоҷикистон, мушкил ба назар мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG