Пайвандҳои дастрасӣ

Олимурод: "Набераҳоямро аз Сурия баргардонед"


Бесарпаноҳмондагон дар Сурия дар наздикии шаҳри Манбиҷ

Як хонавода аз вилояти Хатлон аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, чанд узви ноболиғи оиларо, ки дар Сурия дармондаанд, ба кишвар баргардонанд, чун мумкин аст, дар онҷо кушта шаванд. Аз хонаводаи Олимурод Абдураҳмонов, сокини деҳаи Совети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 3 писару келин ва се наберааш ба Сурия рафтаанд ва ба бовари мақомот, ба сафи гурӯҳи ифротгарои Давлати исломӣ пайвастаанд.

Олимурод Абдураҳмонов рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, интизор надорад, ки ҳеҷ кадоме аз писаронаш баргарданд, вале бисёр мехоҳад, мақомот дар баргардонидани Ҳайитгули 9-сола, Абдуллоҷони 7-сола ва Бибимарями 4-сола ва модарашон Баргӣ мусоидат кунанд.

"Барои онҳо хоб надорам, дар хобам медароянд, талаб дорам, ки онҳоро баргардонанд, чун ёдашон мекунам ва намехоҳам, ки террорист шаванд.”- мегӯяд Олимурод.

Ин пирамард, ки 9 фарзанд дорад мегӯяд, ки се фарзанди ифротияшро намебахшад, чун ба қавли Олимурод, ба ватан хиёнат кардаанд. Ӯ мегӯяд, шукри 6 фарзанди дигарашро мекунад ва меафзояд, бигзор “келинам ба Тоҷикистон баргардад ва инҷо тибқи қонун ҷазо гирад, вале дар ватан бошад.”

Хатибе, ки бо айби писарон ангуштнамо шуд

Олимурод Абдураҳмонов, ки эмом-хатиби масҷиди деҳаи Совети ҷамоати “Маданият” буд, дар байни мардуми деҳ обрӯ дошт, вале баъди пайвастани писаронаш ба сафи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар соли 2013 дар деҳа “ангуштнамо” шуд.

Барои онҳо хоб надорам, дар хобам медароянд, талаб дорам, ки онҳоро баргардонанд, чун ёдашон мекунам ва намехоҳам, ки террорист шаванд.

Фарзанди калонии ӯ Файзиддини 28-сола ба қавли худи Олимурод Абдураҳмонов зоҳиран дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст. Ӯ мегӯяд, келинаш Гулбарг моҳи сентябри соли 2014 ба онҳо аз Сурия занг зада ва хабари марги фарзандашро расонд ва баъди ин ҳеҷ касе аз узви хонавода бо онҳо дигар тамос нагирифтааст.

Сарнавишти ду писари дигараш Муҳаммадрасули 23-сола ва Баҳромҷони 21-сола маълум нест ва худаш ҳам бовар надорад, ки дигар писаронашро мебинад. Писари дигари Олимурод, Чориқул Абдураҳмонови 25-сола, ки бо падараш аст, мегӯяд, умедвор аст, як рӯз фарзандони бародаронаш бармегарданд.

"Ҳаминро мегӯям, ки ба роҳи бад нараванд, вале ёдашон мекунам, чунки акаю додари ман ҳастанд."

Муҳаммадрасул намедонад, ки бародаронаш ва келини хонаву се кӯдак барои чӣ ба Сурия рафтаанд, фақат ҳаминро медонад, ки соли 2013 бо ҳадафи пайдо кардани ҷойи кору музди беҳтар ба Русия рафтанд ва соли 2014 хабарашон аз Сурия расид. Ҳеҷ яке аз аъзои хонавода намедонанд, аъзои боқимондаи оила дар кадом шаҳри Сурия ҳастанд.

Бозгашти номумкин

Мақомоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам мегӯянд, ҳамон қадар маълумоте доранд, ки Олимурод Абдураҳмонов дорад. Танҳо хабари таъйидшудае, ки мақомоти интизомӣ доштаанд, хабари марги писари калонии ӯ Файзиддин будааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати Интерпол. Барои узвият дар ДОИШ
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати Интерпол. Барои узвият дар ДОИШ

Баҳриддин Эсанқулов, раиси ҷамоати деҳоти "Маданият" дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иттиллои зиёде дар бораи аъзои ин хонавода дар Сурия надоранд, вале дар ҳама мулоқоту вохӯриҳо бо мардум оилаи Абдураҳмоновҳоро намуна меоранд ва амали фарзандони ӯро маҳкум мекунанд.

Олимурод Абдураҳмонов танҳо падаре дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нест, фарзандонаш ӯро мондаву ба Сурия ва ё Ироқ рафтаанд. Фақат аз ҳамин ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон 13 нафар ба ҷангҳои Ховари Миёна рафта ва дар онҷо кушта шудаанд.

​Ба гуфтаи Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳия, дар маҷмӯъ 23 сокини Ҷалолиддини Балхӣ ба Ироқу Сурия рафтаанд ва аксарашон ба сафи гурӯҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ пайвастаанд. Се нафар аҳли хонаводаро ҳам бо худ бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хонаводаҳое, ки мехоҳанд, наздиконашонро аз Сурияву Ироқ баргардонанд, кам нестанд, вале иҷрои хостаи онҳо осон нест, чун ҳеҷ гуна иртиботе бо он шаҳрвандони Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ба қавли мақомоти интизомӣ, онҳое, ки мехоҳанд, аз зери дасти гурӯҳи Давлати исломӣ бигурезанд, кушта мешаванд. То кунун тақрибан 150 нафар тавонистаанд, ки аз Сурияву Туркияву Ироқ ба Тоҷикистон баргарданд, онҳое, ки дар ҷангҳо ширкат кардаанд, ба зиндон маҳкум шудаанд ва тақрибан 80 нафаре, ки ба гуфтаи мақомот, ҳузурашон дар ҷанг собит нашудааст, мавриди авф қарор гирифтанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG