Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розаро 4 доллар хариданд, 60 доллар фурӯхтанд. ВИДЕО


Се хоҳар баъди се соли ҷудоӣ аз ҳам.

Се хоҳари эзадӣ моҳи декабри соли гузашта баъди 3 соли ҷудоӣ дигарбора ба ҳам омаданд.

Вақте Розаи 14-сола аз ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар бораи хоҳарони хурдиаш Бушрои 12-сола ва Суҳайлои 7-сола суол кард, ба ӯ гуфтанд, ки онҳоро барои беадабиашон куштанд. Вале хушбахтона дурӯғ буд, чун се хоҳар моҳи декабри соли гузашта ва баъди се соли ҷудоӣ ва сипарӣ кардани рӯзҳои сахт зери дасти ҷангҷӯён дигарбора ба дидори ҳам расиданд.

Ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ онҳоро рӯзи 3-уми августи соли 2014 дар Синҷар маҳалли асосии зиндагии эзадиён дастгир карданд. Ҳукумати Ироқ моҳи декабр эълон кард, ки гурӯҳи ифротиро комилан шикаст додааст. Аммо зулму ситаме, ки ҷангҷӯён ба мардуми Ироқ карданд, ба осонӣ аз ёд намеравад, бахусус аз ёди он хонаводаҳое, ки аз ҳам ҷудо карда шуданд.

Ҳарчанд Розаву хонаводааш аз пайдо кардани ҳамдигар хушҳоланд, аммо азобу уқубати се соли гузашта ба осонӣ аз ёдашон зудуда намешавад. Ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, бештар аз 9 ҳазор эзадӣ, як аққалияти ғайримусулмонони Ироқро қатл карданд, баъзеро сар буриданд, зинда оташ заданд, ё рабуданд.

Оғози мусибат баъди ҳамлаи ДОИШ

Марвон ҳоло хоҳаронашро нигоҳубин мекунад.
Марвон ҳоло хоҳаронашро нигоҳубин мекунад.

Марвон бародари калонии хонавода, рӯзи ба дасти ҷангҷӯён афтоданашонро чунин нақл мекунад: “Вақте ҷангҷӯён ба маҳаллаи Йирзарик ҳамла карданд, бо ҳамаи хонавода ба кӯҳҳо гурехтем. Аммо арабҳои ДОИШӢ хонаводаи моро гирифта ба Талъафар ва сипас ба Мосул бурданд. Ҳамаро ҷудо карданд. Фақат ду аъзои хонавода баргашт, яке аз Туркия, дигаре аз Сурия. Мо намедонем бо волидайн ва бародарони дигари мо чӣ шуд. “

Созмони Милал қатли ин аққалиятро наслкушӣ номидааст, ба гуфтаи раҳбарони ин ҷомеаи хурд, 3 ҳазор эзадии дигар бенишон ҳастанд. Аз ҷумла волидони Роза, ки бовар меравад, аз тарафи ҷангҷӯён кушта шудаанд ва дар гӯрҳои дастаҷаъмие ҳастанд, ки ифротгароёни исломӣ мақтулонро дар онҳо рӯиҳам меандохтанд ва зери хок мекарданд. Атрофи кӯҳи Синҷар аз ин гуна гӯрҳо пур аст.

Ҳамаро ҷудо карданд. Фақат ду аъзои хонавода баргашт, яке аз Туркия, дигаре аз Сурия. Мо намедонем бо волидайн ва бародарони дигари мо чӣ шуд.

Зайнал – бародари 9-солаи хоҳарони эзадӣ бедарак аст. Ҳамаи онҳоро дар наздикии шаҳри Талъафар дастгир карданд, вале бародари хурдиро дар мошини дигар андохта ҳамроҳи бачаҳои дигари эзадӣ ба шаҳри Мосул бурданд. Аз ҳамон рӯз дигар хабаре аз бародар нашунидаанд. Роза бародари хурдӣ ва рӯзҳои пешро ёд мекунад: “Вақте ҳамроҳ бо волидону бародаронамон будем, бисёр хушбахт будем. Дар хонаамон бисёр хушбахт будем. “

Хабарнигори хабаргузории Ройтерс, ки бо аъзои ин хонавода сӯҳбат кардааст, мегӯяд, ки ҷузъиёти суханони хоҳарону бародарони эзадиро ташхис карда наметавонад. Ҳоло ҳамаи онҳо дар рустои хурди Шарё дар Курдистони Ироқ дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

Дарбадарӣ ва бозгашти мушкил

Амин Халот, сухангӯи ҳукумати Курдистон, ки дар бозгардонидани эзадиҳо кӯмак мекунад, гуфт, Роза ва Суҳайлоро баъди дастгир кардан дар Талъафар ба Сурияву Туркия будаанд. Розаро аз Сурия размандагони курд аз Ҳизби Коргарии Курдистон баргардондаанд. Суҳайлоро ҳукумати Ироқ баъди гирифтани маълумот дар бораи ҳузури ӯ дар яке аз ӯрдугоҳҳои Туркия ба кишвар баргардондааст. Аъзои хонавода Суҳайлоро дар як акс шинохтаанд.

Розаро 4 доллар хариданду 60 доллар фурӯхтанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Ба гуфтаи Роза, хоҳарони хурдии ӯро ҷангҷӯёни Давлати исломӣ ба хонаводаи як узви гурӯҳ дар шаҳри Талъафар фурӯхтаанд. Дар шаҳре, ки умдатан туркманҳо зиндагӣ мекунанд. Роза мегӯяд, ки кори хонаро мекард ва масъули нигоҳубини хоҳарон ва дигар кӯдакони эзадӣ буд, ки дар як хонаи хурд нигаҳ дошта мешуданд.

Баъди як сол Зайналро ба Мосул бурдаанд, Суҳайлову Бушроро ба як хонаводаи як ҷангҷӯи дигари Давлати исломӣ фурӯхтаанд. Ҳарчанд бо ҳам наздик буданд, аммо иҷозаи дидор надоштанд. Ба гуфтаи Бушро, ӯро як сол пеш ҳамроҳ бо 6 духтари дигари эзадӣ фурӯхтаанд ва ба ӯ муяссар шудааст, ки ҳамроҳ бо духтарон бигурезанд ва худро ба Синҷар ва ба маҳалли размандагони курд бирасонанд. Ҳамин размандагон ба онҳо кӯмак кардаанд, то хонаводаҳояшонро пайдо намоянд.

Фурӯши духтари ноболиғ ба 4 доллар

Роза сарнавишти дигар доштааст. Ӯро ба шаҳри Дайр-аз-Зури Сурия бурда ва ду бор фурӯхтаанд. Аввал ӯро дар шаҳри Талъафар 4 доллар харидаанд ва дар Сурия 60 доллар фурӯхтаанд. Размандагони курд ӯро дар шаҳри Идлиб ёфта ва ба Ироқ баргардондаанд.

Суҳайлоро туркманҳо ба урдӯгоҳе ба Туркия бурдаанд. Мақомот онҷо саргузашташро фаҳмида ба Ироқ баргардондаанд. Суҳайло як рӯз баъд аз Роза ба хона баргаштааст.

Духтарони ноболиғро бо мушту лагад маҷбур кардаанд, ки Исломро бипазиранд, забони модариашон, курдиро фаромӯш кардаанд, ҳатто номашонро тағйир додаанд, чун гуфтаанд, ки номҳояшон кофирист.

Розаро, Нур ном додаанд. Суҳайло, ки дар се солагӣ асир афтод, хоҳаронашро хуб намешиносад, бо лаҳни туркӣ ва арабии шикаста сӯҳбат мекунад.

Баъди бозгашт ба гуфтаи хоҳаронаш зиёд гап назадааст, вале аз бӯсаҳои зиёди Розаву Бушро хурсанд мешавад. Бушрои 9-сола пеш аз ҳама ба хона баргаштааст ва бародаронаш аз ӯ хостаанд, ба хоҳарони тоза ба ӯ пайваста кӯмак кунад, коре ки ба гуфтаи худаш осон нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG