Пайвандҳои дастрасӣ

Як муассиси таҳқиқи масоили амниятӣ дар Амрико мегӯяд, аз миёни 1300 ҷангҷӯи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 700 нафарашон ҳанӯз ҳам дар Ховари Миёна мемонанд, ҳарчанд сарнавишти бисёре аз онҳо маълум нест. Дар гузориши Soufan Group, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд, омадааст, то моҳи июли соли 2016 ҳузури 1600 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурияву Ироқ сабт шудааст ва аз ин миён 147 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Soufan Group мегӯяд, то кунун дасти кам 5600 нафар аз 33 кишвар баъди сипарӣ кардани муддате дар қаламравҳои зери дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба ватанҳояшон баргаштаанд.

Аммо маълум нест, бо шикасти сахти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳрҳои умдаи Сурияву Ироқ ба мисли Раққаву Мавсил, чанд нафар аз онҳо зинда ҳастанд ва ё куҷо рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба бовари онҳо тақрибан 60 дар сади онҳое, ки ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтаанд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ва ё муборизаи нерӯҳои давлатии Сурияву Ироқ кушта шудаанд. Бар асоси оморҳои пешинаи расмӣ, ҳалокати 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ховари Миёна тасдиқ шудааст.

Ба навиштаи гурӯҳи Soufan Group, аксарияти ҷангҷӯёни хориҷие, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз Русия ва кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, аз замони эълони ба истилоҳ Хилофат аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар соли 2014, бештар аз 40 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ ба минтақа рафта ва ба сафи ин гурӯҳ пайвастаанд.

Ду соли пеш ба гуфтаи Soufan Group, Тунис ва Арабистони Саудӣ “содиркунандагони” асосии ҷангҷӯён ба Ироқу Сурия будаанд. Русия баъди онҳо меомад.Ба навиштаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, бештар аз 8700 нафар аз кишварҳои шӯравии собиқ ва 3147 нафари онҳо аз минтақаи Қафқози Русия ба минтақаи Ховари Миёна рафтаанд.

Гузориши нав тағйирот дар таркиби гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро нишон медиҳад, ки дар амалиёти Русияву Сурия ва ҷанги эътилофи ба раҳбарии Амрико дар Ироқу Сурия сахт шикаст хӯрда ва қаламравҳои бузургеро аз даст медиҳад. Оғози октябр нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико шаҳри Раққаи Сурия - ба истилоҳ пойтахти “Хилофати Исломӣ”-ро аз дасти ҷангҷӯён озод карданд.

Бо ақибнишиниву шикасти гурӯҳ ҳоло ин нигаронӣ афзудааст, ки ҷангҷӯён ба зодгоҳҳояшон баргашта ва метавонанд, ба харобкориву амалҳои террористӣ даст бизананд. Soufan Group мегӯяд, то кунун дасти кам 5600 нафар аз 33 кишвар баъди сипарӣ кардани муддате дар қаламравҳои зери дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба ватанҳояшон баргаштаанд. Аз ҷангҷӯёни Русия 400 нафар ба зодгоҳҳояшон рафтаанд.

Аммо мақомот ба онҳое, ки фирефтаи гумоштаҳои “Давлати исломӣ” шуда, ба Сурияву Ироқ афтодаанд, имкони ҳамоиш бо ҷомеаро додаанд ва теъдодеро ҳам барои тарғибот ба зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” сафарбар кардаанд. Ба онҳо дар телевизион минбар доданд, то “ваҳшигариву сарбуриҳо ва қатлу таҷовузи ҷангҷӯёнро” нақл кунанд ва бигӯянд, ки ин гурӯҳ ҳеҷ иртиботе ба мусалмониву ислом надорад. Мусоҳибаҳо бо духтаронеро намоиш доданд, ки дар Ироқ ва ё Сурия “аз даст ба даст гузашта” ҳамсари чанд ҷангҷӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” шудаанд.

Гулмурод Ҳалимов соли 2015 ба ДОИШ пайваст.
Гулмурод Ҳалимов соли 2015 ба ДОИШ пайваст.

Дар ин миён сарнавишти яке аз маъруфтарин ҷангҷӯҳои тоҷик Гулмурод Ҳалимов номаълум аст, ки борҳо дар бораи ҳалокат ва ё маҷрӯҳ шуданаш гузориш шудааст. Фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки соли 2015 ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст, дар феҳрасти хатарноктарин террористон дар ҷаҳон ворид шудааст. Амрико барои ҳаргуна иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар подош таъйин кардааст ва ин ваъда ҳамоно побарҷост.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

XS
SM
MD
LG