Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке ҳукм, дигаре зан гирифт. Сарнавишти “сарбозон”-и ДИИШ


Фурқат Ватанов
Фурқат Ватанов

Фурқат Ватанов, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, ки соли гузашта бо талошҳои падараш аз роҳи Сурия ба Тоҷикистон баргашт, охири ҳафтаи гузашта издивоҷ кард. Дар ҳамин рӯз Маҳмад Маҳмадиев, сокини 26-солаи пойтахти Тоҷикистон, ки дар Сурия сарбози ДИИШ буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Фурқат ба зиндагии пас аз “сарбозии ДИИШ” ба мушкилӣ одат мекунад. Ба қавли худаш аз ӯ 70 дарсади дӯстонаш рӯй гардонданд ва 30 дарсади дигар эҳтиёткорона муносибат мекунанд.

Ҳафтаи гузашта замоне ки Фурқат ҳамсари ояндаашро ба хонаи падараш меовард, додгоҳ ҳукми Маҳмадро се соат қироат кард. Ӯро ба иштироки мусаллаҳона дар ҷангҳои Сурия ва кумаки тиббӣ ба полковники фирорӣ, Гулмурод Ҳалимов айбдор карданд.

Фурқатро падараш моҳи июли соли 2016 аз Туркия ба ватан баргардонда, ба мақомот таслим кард. Маҳмадро охири соли 2016 мақомоти Туркия дар атрофи Манбиҷи Сурия боздошт карда ва моҳи январи соли 2017 ба мақомоти Тоҷикистон супурданд.

Маҳмад Маҳмадиев
Маҳмад Маҳмадиев

Ба назар мерасад, ки оғози роҳи ин ду ҷавон шабеҳи ҳам аст, вале поёни роҳ барои ҳар яке шакли дигар дошт. Ин ду сокини шаҳри Душанбе се сол пеш ба ақидаҳои гурӯҳҳои тундрав дар Русия гаравиданд. Амриддин Ватанов, падари Фурқат Ватанов, ки дандонпизишк аст, дар ҳамкорӣ бо мақомот моҳи июли соли 2016, як рӯз пеш аз сафари писараш ба Сурия ӯро пайдо кард ва ба ватан баргардонд. Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад, ки ронандаи мусофиркаш аст, дар ҳоле аз пайвастани писараш ба ДИИШ хабар ёфт, ки мақомоти интизомӣ ӯро барои сӯҳбат даъват карданд.

Ин дақиқ ҳамон вақте буд, ки наворҳои таблиғотии Маҳмад Маҳмадиев ва ҳамақидаҳояш аз қаламрави таҳти назорати ДИИШ Фурқатро барои рафтан ба ҷанги Сурия ҷалб мекард. Фурқат низ корашро дар Русия соли 2015 аз даст дод ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ “роҳи наҷот” меҷуст.

“Бачаҳои хуб” - тасвири пайвандон

Маъмулан, волидон ва пайвандони дигари муттаҳам дар узвият ба гурӯҳҳои ифротӣ онҳоро “бачаҳои хуб” тавсиф мекунанд ва аз пайвастанашон ба ин гурӯҳҳо изҳори ҳайрат мекунанд. Амриддин Ватанов, падари Фурқат мегӯяд, ҳама фарзанд барои падар “бачаи хуб” аст, аммо аз таҷрибааш ба ёд меорад ва мегӯяд, дар фурсати каме, ки писараш аз ӯ дур буд, барои террорист шуданаш кофӣ будааст. Амриддин писарашро ба ватан баргардонд. Тайи ду моҳе, ки ӯ дар маҳбас буд, барояш равоншинос бурд, ки хаёлҳои хатарнокро аз зеҳни писараш дур кунад.

Амриддин Ватанов, падари Фурқат
Амриддин Ватанов, падари Фурқат

Ватанов писарашро хонадор кард, то фикраш ба зиндагии тоза ҷалб шавад. Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад пас аз истирдоди писараш аз Туркия дар шаш моҳи пеш, ӯро боре ҳам надидааст. Маҳмадиев барои ҳимояи писараш вакили дифоъ ҳам нагирифт, чун ба қавли худаш “давлат медонад, ки бо ӯ чӣ кор кунад”. Аз болои 13 соли ҳукми зиндони писараш ба додгоҳи зинаи болоӣ низ шикоят бурданӣ нест.

“Ба арӯсам нагуфтам, ки ифротӣ будам”

Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад мегӯяд, пас аз рафтани писараш ба Сурия ва боздошту истирдоди ӯ зиндагиаш тағйир ёфт. Бархе аз дӯстону наздикон бо ӯ ҳамчун “падари террорист” муносибати сард мекунанд ва худаш ҳам хиҷолат мекашад, ки ба маъракаи ҳаммаҳалаҳо биравад.

Ба гуфтаи мақомот, дар се соли охир наздик ба сад шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси пушаймонӣ аз сафи ДИИШ ба кишвар баргашта, баъзеи онҳо мисли Фурқат мавриди афв қарор гирифтаанд.

Амриддин Ватанов, падари Фурқат, мегӯяд, пайравии писараш аз ҷаррортарин гурӯҳи террористӣ “доғи сиёҳ” дар саҳифаи зиндагиаш буд, вале мегӯяд, бо баргардондани писараш аз ҷодаи пурхатар ва бадномкунанда, худро дар назди мақомоту ҷомеа “сафед” кард.

Фурқат ба зиндагии пас аз “сарбозии ДИИШ” ба мушкилӣ одат мекунад. Ба қавли худаш аз ӯ 70 дарсади дӯстонаш рӯй гардонданд ва 30 дарсади дигар эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Ҳамсари 18-солааш гузаштаи ӯро намедонад. Фурқат мегӯяд, “аввал мехоҳад ҳамсари хуб буданашро собит кунад ва баъдан гузаштаро барои ҳамсараш қисса кунад.”

Ӯ пас аз афв шудан дубора барои кор ба Русия рафт ва ҳоло низ тасмими сафар ба Русияро дорад.

Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад Маҳмадиев
Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмад Маҳмадиев

Маҳмад, ки қарор аст, 13 сол дар зиндон бимонад, издивоҷ накардааст. Бо ин вуҷуд, падари Маҳмад дар муқоиса ба волидони ҷавононе, ки писаронашон дар Ироқу Сурия кушта ё беному нишон шудаанд, худро хушбахттар медонад. Тасаллояш ин аст, ки дар зиндон ҳам бошад, писараш дар ватан аст ва рӯзе озод мешавад.

Бархӯрди дугунаи мақомот

Мақомот қазияи ин ду ҷавонро аз намунаҳое медонанд, ки ҷангҷӯёни пушаймоншуда ва боздоштшудаи ДИИШ дар Тоҷикистон онро таҷруба мекунанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар се соли ахир наздики сад шаҳрванди Тоҷикистон бо эҳсоси пушаймонӣ аз сафи ДИИШ ба Тоҷикистон баргашта, мисли Фурқат мавриди афв қарор гирифтаанд. Беш аз 50 нафаре, ки ба мисли Маҳмад баъди фирор аз ДИИШ дар дигар кишварҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд, ба мӯҳлатҳои гуногун ба зиндон рафтанд.

Аксар сокинони Тоҷикистон ба пушаймонии ҷангиёни пешини ДИИШ шубҳа доранд. Бисёриҳо мегӯянд, шояд пушаймонии онҳо фиреби назар бошад. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, онҳое, ки афв шуданд, таҳти назоратанд. Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ низ гуфт, қабл аз афв ҷавонони пушаймоншуда пурра омӯхта мешаванд.

Бисёре аз онҳое, ки бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд, ба гуфти ин ҳамсӯҳбати мо, зоҳиран ба ДИИШ нафрат доранд. Тибқи иттилои расмӣ, ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон пайвастааст ва даҳҳо нафар ҳангоми сафар ба ин кишварҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG