Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Пизишк”-и Гулмурод Ҳалимов 13 сол ҳукми зиндон гирифт


Маҳмад Маҳмадиев

Маҳмад Маҳмадиев, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе, ки аз ӯ “парастор” ё табиби полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ном бурда мешавад, ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт Маҳмадиевро бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” муҷрим шинохт.

Як манбаъ дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 1-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Маҳмад Маҳмадиев охири ҳафтаи гузашта содир шуд. Ӯро аввали моҳи марти имсол аз Туркия ба Тоҷикистон оварда буданд.

Ба гуфтаи мақомот, Маҳмад Маҳмадиев охири соли 2016 аз ҷониби нирӯҳои Туркия дар атрофи шаҳри Манбиҷи Сурия боздошт шуда, баъдан ба Тоҷикистон интиқол ёфт. Моҳи марти имсол, вақте Маҳмадиев аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд, мақомот гуфтанд, рӯзи 22-юми июни соли 2015 Гулмурод Ҳалимовро пас аз захм бардоштанаш дар яке аз ҷангҳо табобат кардааст.

Маҳмадиев қабл аз ҳамоиш бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия барои кор ба Русия рафта буд.

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG