Пайвандҳои дастрасӣ

Нафисаи Кӯҳнавард: “Дар Мавсил 6 шиносномаи як оилаи тоҷикро дидам”


Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори Би-би-сӣ

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” баъди се соли, ба қавли тарафдоронаш “хилофат”, минтақаҳои таҳти назорати худро дар Ироқу Сурия аз даст медиҳад. Дар чанд ҳафтаи ахир артиши Ироқ бо ёрии Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико тавонист, қисматҳои аслии Мавсил, дувумин шаҳри бузурги ин кишварро аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ озод кунад. Даҳҳо зану кӯдак аз минтақаҳои таҳти назорати ин гурӯҳ берун шуданд.

Ҷое, ки мо будем, пулис чанд шиносномаи тоҷикӣ пайдо карда буд, ки акс гирифтем. Ин шиносномаҳои як хонаводаи тоҷик буд. Чаҳор фарзанд ва зану шавҳар.

Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ, ин таҳаввулотро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ кардааст. Ӯ рӯзи 21-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ зану кӯдаки тоҷикро дар миёни фирориён надид, ҳарчанд шиносномаҳои як хонаводаи тоҷикро дар Мавсил мушоҳида кардааст.

Аз ӯ пурсидем, онҳое, ки аз зери назорати ДИИШ фирор мекунанд ва ё дар пайи озодсозии минтақаҳо ба дасти низомиёни Ироқ меафтанд, чӣ сарнавиште интизорашон ҳаст? Ӯ гуфт, “дақиқан маълум нест, ки бо ин афрод чӣ кор хоҳанд кард. Зиндонӣ мешаванд ё ба курсҳое ҷалб мешаванд, ки афкорашон тағйир бикунад ё ба кишварҳояшон депорт мешаванд, маълум нест. Алъон наметавонам бигӯям, ки онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст. Дақиқан, ман ҳам аз ҳафтаи дигар қарор аст, ҳамин мавзӯъро дунбол кунам.”

Радиои Озодӣ: Гузорише дар бораи онҳое, ки аз қаламрави ДИИШ фирор карда буданд, пахш кардед. Дар миёни онҳо тоҷкиҳо ҳам буданд?

Нафисаи Кӯҳнавард: “Дар онҷо афроди хориҷиро надидам, вале мо шиносномаҳои тоҷикӣ дидем. Ҷое, ки мо будем, пулис чанд шиносномаи тоҷикӣ пайдо карда буд, ки акс гирифтем. Ин шиносномаҳои як хонаводаи тоҷик буд. Чаҳор фарзанд ва зану шавҳар. Аз сабти шиносномаҳо маълум буд, ки онҳо тариқи Туркия омадаанд, вале худашон аз Тоҷикистон ҳастанд. Миёни занҳое, ки аз назорати ДИИШ берун мешуданд, хориҷиён набуд. Ҳадди ақал нашунидам. Чанд нафарро низомиёни ироқӣ боздошт карда буданд, ки онҳо рус ва миллатҳои дигар буданд.”

Радиои Озодӣ: Сарнавишти соҳибони шиносномаҳо маълум набуд?

Нафисаи Кӯҳнавард: “На, ҳанӯз онҳоро пайдо накарда буданд. Танҳо шиносномаҳои онҳоро дидем. Эҳтимол ё кушта шудаанд ва ё фирор кардаанд. Чун миёни кушташудаҳо, ба хусус мардон, қиёфаҳои тоҷикӣ, қиёфаҳои мардуми Осиёи Миёна, мисли мардуми Туркманистону Узбакистону Тоҷикистон дида мешуд. Инро мешуд, ташхис дод. Баъдан аз рӯи лаҳҷае, ки дар сабти низомиён шунида мешуд, маълум кардан осон буд, ки теъдоди бештари ҷангҷӯён аз куҷо ҳастанд.”

Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ
Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ

Радиои Озодӣ: Дар миёни кушташудаҳо зану кӯдакон низ буданд? То куҷо эҳтимоли зинда мондани онҳо вуҷуд дорад?

Нафисаи Кӯҳнавард: “Дар миёни кушташудаҳо бештар ҷангҷӯён дида мешуд, ҳарчанд занону кӯдакон низ ҳаст. Эҳтимоли зинда мондани занону кӯдакон хеле кам аст. Бар асоси онки аксари манотиқ бомбаборон шуд. Дар натиҷа, фикр мекунам, аксари хонаводаҳои ҷангҷӯёни ДИИШ кушта шуданд ё роҳи хуруҷ пайдо кардаанд. Дар байни касоне, ки то ҳол аз ДИИШ берун омаданд, танҳо шунидам, ки теъдоди хеле ками хориҷиҳо ҳаст. Худам онҳоро надидам. Бар хилофи он чӣ интизор доштем, теъдоди хориҷиён хеле кам аст. Ҳоло фикр мекунам, ки онҳо ё кушта шуданд ва ё роҳи фирор пайдо кардаанд. Ҳанӯз гашти онҳо идома дорад. Дар Мавсил ҳанӯз онҳоро дунболагирӣ мекунанд. Ҳанӯз кори онҳо дар Мавсил тамом нашудааст. Вале дақиқ ин аст, ки теъдоди зиёди хориҷиён кушта шудаанд. Аз ҷумла, ғайринизомиён низ миёнашон ҳаст. Ҳарчанд, хонаводаҳои ҷангҷӯёни ДИИШ маҳсуб мешаванд, вале ғайринизомӣ ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Бо низомиёни ироқӣ сӯҳбатҳое доштед. Онҳо майли таслимшавии хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконро чӣ гуна тасвир мекунанд?

Нафисаи Кӯҳнавард: “Иттифоқан, хориҷиён тамоюле барои таслим шудан надоранд. Чизе, ки мо шунидем, бештари хориҷиён ва дохилиҳо метавонистанд, ришашонро бизананду биёянд, дохили ғайринизомиён шаванд ва аз шаҳр берун шаванд, вале хориҷиҳо чунин имкон надоранд, чун қиёфаҳояшон иҷоза намедиҳад, ки чунин коре кунанд. Дар натиҷа онҳо фирор карданд ба самти Талъафа ё мавқеъҳои дигаре, ки ҷой доранд, вале таслим намешуданд. Ин ҳарфҳоро ман аз фармондеҳони ироқӣ шунидам. Зоҳиран, ҷангҷӯёни хориҷӣ то охир меҷангиданд ва кушта мешуданд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG