Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирӣ кушта шудани Абусаидро "муваффақияти бузург" хонд


Боздошти ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Боздошти ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Афғонистон кушта шудани Абусаид, амири худхондаи “Вилояти Хуросон”, шохаи гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар ин кишварро муваффақияти бузург хонд. Вазорати дифои Амрико рӯзи 14-уми июл эълон кард, ки Абусаид дар ҷараёни як амалиёт бо чанд узви дигари ДИИШ дар Афғонистон кушта шудааст.

Вақте Абдулҳасиб ва Ҳофиз Саид, раҳбарони қаблии ДИИШ кушта шуданд, барои як муддати тӯлонӣ гурӯҳ натавонист, ҷои онҳоро пур кунад

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 15-уми июл бо тасдиқи хабари кушта шудани Абусаид, онро зарбаи сахте барои ин гурӯҳи тундрав номид. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “агар раҳбари як гурӯҳ кушта мешавад, то замони пур шудани ҷояш аъзои онро бо сардаргумӣ рӯбарӯ мекунад”.

“Бинобар ин масъала бисёр нақши умда дорад ва як муваффақияти бузург барои Афғонистон аст. Мисли инки Абдулҳасиб ва Ҳофиз Саид, раҳбарони қаблии ДИИШ кушта шуданду барои як муддати тӯлонӣ гурӯҳ натавонист, ҷои онҳоро пур кунад”, - афзуд ӯ.

Давлат Вазирӣ
Давлат Вазирӣ

Пентагон ё Вазорати дифои Амрико гуфт, ки Абусаид дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои амрикоӣ рӯзи 11-уми июли имсол дар вилояти Кунар кушта шуд. Дар изҳороти Вазорати дифои Амрико ин ҳамла зарбаи ҷиддӣ ба барномаҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” барои густариши ҳузураш дар Афғонистон хонда шудааст.

Се моҳи пеш Абдулҳасиб, раҳбари пешини гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон аз тарафи нирӯҳои амрикоӣ ва афғон кушта гардид. Як сол қабл Ҳофиз Саид, бунёдгузори ин гурӯҳ дар Афғонистонро дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин аз байн бурд шуд.

Ҳукумати Афғонистон соли гузашта ба Эътилофи ҷаҳонии зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваст, ки шаст узв дорад ва аз тарафи Амрико раҳбарӣ мешавад. Иёлоти Муттаҳида чанд моҳ қабл бузургтарин бомби ғайриҳастаиро бар зидди ин гурӯҳ дар шарқи Афғонистон, дар минтақаи Ачин, истифода кард, ки боис ба кушта шудан сад узви ДИИШ шуд. Бино ба гузоришҳо, ДИИШ дар вилоятҳои шарқӣ ва бархе аз минтақаҳои шимолии Афғонистон ҳузур дорад.

Амруллоҳи Амон
Амруллоҳи Амон

Аммо оё кушта шудани раҳбари гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон метавонад, зарбаи бузург ба фаъолиятҳои ин гуруҳ бошад? Амруллоҳи Амон, коршиноси масоили низомӣ дар Афғонистон гуфт, таъсири кушта шудани раҳбарони гурӯҳҳо муваққатист ва таъкид кард, ки бояд ин гурӯҳҳо аз беху бун канда шаванд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ниёз аст, то кишварҳои бузург ба сурати ҳамоҳанг талош кунанд, то чашмаҳои икмолотии ин гурӯҳро дар саросари ҷаҳон бихушконанд”. “То замоне ки чашмаи икмолот ва тавлиди ин гурӯҳ хушк нашавад, раҳбарон дар муддатҳои гуногун пайдо мешаванд”, - афзуд ӯ.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст. Ҳоло мавқеи ДИИШ дар Раққаи Сурия танг шуда, нирӯҳои ироқӣ аз пирӯзӣ ба ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар шаҳри Мавсил хабар доданд.

Шохаи ин гурӯҳ дар Афғонистон бо номи “Вилояти Хуросон” ду сол пеш аз худ дарак дод. То кунун мақомҳои афғон аз узвият ва кушта шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи ин гурӯҳ низ хабар додаанд. Аз ҷумла, мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳои ҳамлаи моҳи апрел дар Ачин ду фармондеҳи тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам буданд.

XS
SM
MD
LG