Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масҷиди таърихии Мавсилро ба хок яксон кард. ВИДЕО


Артиши Ироқ рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми июн дар баёнияе эълом кардааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" масҷиди ҷомеи "Ан-Нурӣ" дар бахши қадимии Мавсилро таркондааст. Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" се сол пеш дар масҷиди "Ан-Нурӣ" хилофати худро эълон карда буд.

Даҳшатафканони "давлати исломӣ" масҷиди ҷомеъ ва манораи Мавсилро тахриб карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Ин дар ҳоле аст, ки шабакаи "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрикоро муттаҳам кардааст, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ин масҷидро бамборон кардаанд. Дар ҳамин замина, дафтари расонаҳои артиши Ироқ низ аксҳои ҳавоӣ аз масҷиди тахрибшудаи "Ан-Нурӣ"-ро нашр кардааст. Артиши Ироқ дар баёнияи худ гуфтааст, ки "гурӯҳи террористии ДИИШ бо тарконидани масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо, як ҷинояти таърихии дигар муртакиб шуд."

Масҷиди Ан-Нурӣ, ки бо номи Масҷиди ҷомеи Мавсил низ маъруф аст, ҳамроҳ бо манораи каҷи Ал-Ҳадбо, таърихи беш аз 800-сола дорад.

Тибқи ин баёния, масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо дар ҳоле тарконида шуданд, ки нерӯҳои артиши Ироқ ба 50-метрии ин масҷид расиданд. Масҷиди Ан-Нурӣ, ки бо номи Масҷиди ҷомеи Мавсил низ маъруф аст, ҳамроҳ бо манораи каҷи Ал-Ҳадбо, таърихи беш аз 800-сола дорад. Артиши Ироқ авоили субҳи чаҳоршанбе эълон карда буд, ки дар ҳоли пешрафӣ ба тарафи масҷиди Ан-Нурӣ аст.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико низ иддаои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бораи таркиши масҷиди Ан-Нуриро рад карда ва гуфтааст, "ҳеҷ амалиёти ҳавоӣ бар болои бахши қадимии Мавсил надоштааст". Генерал Ҷозеф Мартин, фармондеҳи нерӯҳои заминии эътилофи байналмилӣ дар Ироқ гуфтааст, таркиши масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо ҷинояте алайҳи мардуми Мавсил ва тамоми Ироқ аст ва ин намунаи дигаре аз фаъолиятҳои ваҳшиёнаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст. Генерал Ҷозеф Мартин афзудааст, ки "масъулияти ин вайронкорӣ ба ӯҳдаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст.

Абубакр Ал-Бағдодӣ ҳудуди се сол қабл дар масҷиди Ан-Нурӣ хилофати худхондаи худро эълон карда буд.
Абубакр Ал-Бағдодӣ ҳудуди се сол қабл дар масҷиди Ан-Нурӣ хилофати худхондаи худро эълон карда буд.

Артиши Ироқ рӯзи сешанбеи 20-уми июн эълом карда буд, ки нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бахши қадимии шаҳри Мавсил дар муҳосира қарор доранд. Суқути шаҳри Мавсил ба маънии шикасти сангини гурӯҳи ДИИШ мебошад. Ин гурӯҳ дар тобистони соли 2014 аз сӯи Абубакр Ал-Бағдодӣ эълон шуд. Дар он вақт ин гурӯҳ минтақаҳои васеъро дар Сурия ва Ироқ дар ихтиёр дошт.

Артиши Ироқ дар моҳи ноябри соли гузашта амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсилро оғоз кард ва умедвор буд то охири ҳамон сол шаҳрро аз ДИИШ бозпас бигирад, аммо бо ҷобаҷоии ҷангиён дар минтақаҳои аҳолинишин, ин кор ба дарозо кашид. Дар Сурия низ нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд ва шаҳри Раққа -- маркази онҳо дар Сурия акнун таҳти муҳосираи нерӯҳои демократии Сурия аст, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд.

Тибқи оморҳои гурӯҳҳои кӯмакрасон, ҳудуди 850 ҳазор тан аз сокинони Мавсил аз ин шаҳр гурехтаанд ва акнун дар хонаҳои наздикони худ ё дар урдугоҳҳои паноҳандагон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG