Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Ироқ ба фурудгоҳи Мавсил расидааст. ВИДЕО


Мақомҳои артиши Ироқ гуфтанд, ки дар мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар ҷануби Мавсил ба пешравиҳои бештар даст ёфта, феълан дар наздикии фурудгоҳи ин шаҳри муҳим ҳастанд. Роид Шокир Ҷавдат – як мақоми аршади Ироқ дар амалиёти Мавсил – гуфт, нерӯҳои амниятӣ тавонистанд, назорати маркази Ҳаммом ал-Алил, дар 15-километрии Мавсилро ба даст гиранд.

Артиши Ироқ мегӯяд, Ҳаммом ал-Алил охирин шаҳри поксозишуда пеш аз вуруд ба қалби Мавсил хоҳад буд.

Албатта, дар гуфтаҳои ин мақоми аршади артиши Ироқ мушаххас нест, ки оё шибҳанизомиён ба таври комил аз ин минтақа берун ронда шуданд, ё на. Вале Ҷавдат рӯзи 5 ноябр дар суҳбат бо шабакаи “Ал Ҳурра” гуфтааст, “нерӯҳои вижаи артиш дар ҷоркилометрии фурудгоҳи Мавсил ҳастанд”.

Нерӯҳои вижаи артиши Ироқ аз ҷумлаи муҳимтарин бахш дар амалиёти бозпасгирии Мавсил аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳастанд. Дар канори сарбозони артишу пулиси миллии Ироқ, пешмаргаҳои курд ва шуморе аз шибҳанизомиёни он кишвар низ қарор доранд. Нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ амалиёти ҳавоиро ҳам барои ҳамла ва ҳам барои гирдоварии иттилоот анҷом медиҳад.

Артиши Ироқ мегӯяд, Ҳаммом ал-Алил охирин шаҳри поксозишуда пеш аз вуруд ба қалби Мавсил хоҳад буд. Генерал Наҷм ал-Ҷабурӣ, фармондеҳи набарди Мавсил, ба хабарнигорон гуфтааст, нерӯҳои он кишвар бо дастикам 70 шибҳанизомии гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар минтақа даргир шуданд. Аммо ӯ гуфтааст, шумори шибҳанизомиён монеи аслӣ дар баробари нерӯҳои ироқӣ ба шумор намеравад, балки худравҳои бомбгузоришуда ва истифода аз ғарйинизомиҳо аз муҳимтарин чолишҳо дар амалиёти Мавсил ҳастанд.

Як сарбози артиши Ироқ шамшереро нишон медиҳад, ки эҳтимол барои буридани сар тавассути ҷангӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода мешавад
Як сарбози артиши Ироқ шамшереро нишон медиҳад, ки эҳтимол барои буридани сар тавассути ҷангӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода мешавад

Генерал Ҷабурӣ бори дигар ба масъалаи истифодаи ғайринизомиҳо ба унвони сипари зинда аз тарафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ишора кардааст.

Бо вуҷуди ин, гузоришҳо баёнгари он аст, ки пешравӣ дар ин шаҳр бо суръати беш аз интизориҳои аввалия анҷом шудааст. Теъдоди 30 ҳазор аз ғайринизомиҳои овора тайи се ҳафтаи набард низ камтар аз интизориҳои аввалия гуфта мешавад. Албатта, ҳанӯз набардҳои аслӣ дар дохили шаҳри Мавсил оғоз нашуда ва вазъият мумкин аст дар рӯзҳои оянда тағйир кунад.

Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” расман 17 октябри имсол оғоз шуд. Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр дар ҷараёни пешравиҳои гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар тобистони соли 2014 ба тасарруфи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ даромад ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

Артиши Ироқ ба шаҳри Мавсил дохил шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

XS
SM
MD
LG