Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абубакри Бағдодӣ Туркияро таҳдид кард


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИ) навори муроҷиатномаи раҳбараш Абубакри Бағдодиро дар Интернет нашр кардааст. Ин навор 30 дақиқа буда, воқеӣ буданаш ҳанӯз исбот нашудааст. Дар он шахсе, ки ӯро ҷангиён Бағдодӣ муаррифӣ кардаанд, аз ҷонибдорони ДИ даъват мекунад, то Мавсилро ҳимоят кунанд. Вай мегӯяд, ҷангиён шаҳрро тарк нахоҳанд кард ва ба пирӯзияшон бовар дорад. Бағдодӣ дар ин навор Туркияро низ таҳдид кардааст.

Ин нахустин муроҷиатномаи раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" тайи беш аз як соли ахир аст. Қаблан гуфта мешуд, ки эҳтимол дорад, Бағдодӣ кушта шудааст ва созмон ҳоло намехоҳад, онро эълон кунад. Бояд гуфт, навори мазкур ду ҳафта баъд аз шуруи амалиёти озодсозии Мавсил, ки аз соли 2014 инҷониб дар дасти ҷангиёни ДИ аст, нашр мешавад.

Амалиёти густардаи бозпасгирии ин шаҳр расман 17 октябри соли равон оғоз шуда, дар он нерӯҳои ҳукумати Ироқ ва гуруҳҳои мусаллаҳи ихтиёрии курд иштирок доранд ва нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида кӯмаки ҳавоӣ мерасонанд.

XS
SM
MD
LG