Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шибҳанизомиёни шиа роҳи таъминоти Мавсилро масдуд мекунанд


Шибҳанизомиёни шиа бо пуштибонии нерӯҳои Ироқ, ҳамлаи навро алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" оғоз ва талош доранд роҳи таъминоти Мавсилро масдуд кунанд. Сухан аз боби роҳ ба қисмати ғарбии Мавсил аст, ки ду соли пеш ҷангиёни ДИИШ аз ҳамин ҷода ба шаҳр ворид шуданд ва онро ишғол карданд. Ин роҳ Мавсилро бо манотиқи шимолии Сурия мепайвандад ва эҳтимолан ҷангиёни ДИИШ аз ҳамин роҳ тақвият меёбанд. Шибҳанизомиёни шиа аз ҷануб ва ҷанубу ғарб ва пешмаргаҳои курд аз шарқ ба шаҳр ҳамла мекунанд. Дар ҳуҷум нерӯҳои ҳукумати Ироқ ва ҳамчунин эътилофи таҳти назари Амрико аз ҳаво иштирок мекунанд. Дар ҳуҷуми тайи ду ҳафтаи ахир ин нерӯҳо ба канораҳои шаҳр ворид шудаанд.

XS
SM
MD
LG