Пайвандҳои дастрасӣ

Номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол "гум шуд"


Номи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии Интерпол ҳазф шудааст. Интерпол ё пулиси байналмилалӣ соли 2015 Ҳалимовро таҳти пайгард қарор дод. Дар баробари Гулмурод Ҳалимов дар ин феҳрист номи даҳҳо ҷавони дигар ба иттиҳоми терроризму ташкили иттиҳоди ҷиноӣ сабт шуда, таҳти пайгард буданд.

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Интерпол 342 шаҳрванди кишварро таҳти пайгард қарор додааст ва 275 нафари онҳо ба узвият дар гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ муттаҳам мешаванд.

Аммо рӯзи 16-уми июл дар бахши “Тоҷикистон”-и вебсайти Интерпол номи тақрибан сад шаҳрванди кишвар ёфт шуд, ки шонздаҳ нафари онҳо ба таҷовуз ба номус, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм муттаҳаманд. Интерпол мегӯяд, ки ин афродро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳадафи боздошту истирдод меҷӯяд.

Аз миёни афроди маъруф дар ин феҳрист фақат исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, сабт шудааст, ки мақомоти тоҷик ӯро ба терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ муттаҳам медонанд. Иддаое, ки Кабирӣ ва тарафдоронаш рад кардаанд. Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ гуфта буданд, ки ҳукуматҳои худкома пулиси байналмилалиро ба як василаи таъқиби мухолифини худ ва дигарандешон табдил додаанд.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл гуфтанд, ки Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз таҳти ҷустуҷӯст ва барояшон маълум нест, чаро Интерпол исми ӯро аз вебсайти расмиаш хориҷ кардааст. Онҳо гуфтанд, акс ва иттиҳоми Гулмурод Ҳалимов дар вебсайти расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон истодааст ва то замони боздошт ваё тасдиқи маргаш ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Як намояндаи идораи Интерпол дар Тоҷикистон ҳам гуфт, якбора гум шудани номи даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик бо шумули Гулмурод Ҳалимов, аз листи Интерпол номумкин аст, чун ҳамаи онҳо ҳанӯз таҳти пайгарданд ва кушта шудан ё боздошташон сад дар сад таъйид нашудааст. “Эҳтимол, дар инҷо мушкили техникист”, - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо. Мақомоти расмии Интерпол то ҳанӯз ба номаи мо дар ин маврид посух нагуфтаанд.

Абдумалик Абдуллоҷонов. Украина, моҳи марти соли 2013
Абдумалик Абдуллоҷонов. Украина, моҳи марти соли 2013

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Интерпол 342 шаҳрванди кишварро таҳти пайгард қарор додааст ва 275 нафари онҳо ба узвият дар гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ муттаҳам мешаванд. Дар чанд маврид бо дастури Интерпол дар кишварҳои хориҷӣ мухолифини сиёсии ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ дастгир шудаанд. Аз ҷумла, нахуствазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов соли 2013 дар фурудгоҳи Борисполи Украина бо дастури Интерпол боздошт шуд ва қариб 2 моҳро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешини “Гурӯҳи 24” низ ду дафъа – дар солҳои 2013 ва 2014 – дар Дубай ва Истанбул бо дархости Интерпол дастгир шуд. Собир Валиевро дар моҳи августи соли 2015 дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова бо дастури Интерпол боздошт карданд ва ӯ баъди 40 рӯз раҳо ёфт.

Вале исми Гулмурод Ҳалимов ва даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик баъди чанд муддати нашри хабарҳо дар бораи кушта шуданаш дар Ироқ ҳазф гардид. Нашрияи бритониёии “Таймс” рӯзи 15-уми апрели имсол бо такя ба қавли мақомоти низомии Ироқ навишт, ки Гулмурод Ҳалимови 42-сола дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ғарби шаҳри Мавсил кушта шудааст.

Гулмурод Ҳалимов дар моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Ӯ гуфт, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин иддаои Ҳалимовро таъйид карда буд.

​Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарор доданд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар нахустин вокуниши расмии худ дар робита ба "Давлати исломӣ" пайвастани Гулмурод Ҳалимов, ӯро барои хиёнат ба давлат айбдор кард ва гуфт, ки алайҳи ӯ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Охири моҳи июни имсол писари ҳаждаҳсолаи ӯ Беҳрӯз низ бо ҷурми зархаридӣ ва кӯшиши пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ду ҳафта қабл баъзе манобеи расмӣ гуфтанд, ки ҳафт нафар аз пайвандони Гулмурод Ҳалимов дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, наздик ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, бо нирӯҳои пулиси вориди задухӯрд шуда, чаҳор нафари онҳо кушта гардиданд. Ҷасади ин чаҳор нафар дар Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба хок супурда шуд. Се нафари дигар аз пайвандони ӯ ҳанӯз дар бозоштанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG