Пайвандҳои дастрасӣ

Падари Гулмурод Ҳалимов: Ду рӯз боз аз писаронам дараке нест. ВИДЕО


Гулмурод Ҳалимов

Наздикони полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов “бедарак шудани” чаҳор бародари ӯ – Назир, Комил, Фозил ва Султонмуродро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ки то ҳол дар бораи кушта шудан ё дар чӣ вазъ будани онҳо иттилоъ надоранд. Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов, рӯзи 5-уми июл дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо субҳи сешанбе гӯё барои кор ба ноҳияи Ҳисор рафта, дигар барнагаштанд.

"Хеле вақт бекор буданд. Гуфтанд, ки дар ноҳияи Ҳисор ҷойи кор ёфтаанд ва баъд аз анҷоми кор бармегарданд. Лекин то ҳол занг назадаанд ва даракашон нест", - шарҳ дод ӯ. Абудсалим Ҳалимов гуфт, шаби гузашта як гурӯҳ аз нирӯҳои интизомӣ манзилашонро дар Дараи Фонии ноҳияи Варзоб кофтукоб карда, дар бораи тамоси онҳо бо Гулмурод Ҳалимов низ савол додаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳамсари Назир, бародари хурдии Гулмурод, низ гуфт, ки “баъд аз рафтан то ҳамин ҳозир занг назадааст ва телефонашон хомӯш аст”.

Задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони Гулмурод Ҳалимов шаби гузашта дар 10-километрии Кӯҳи Намаки Хоҷа Мӯъмин, наздикии деҳаи Ибратӣ, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, сурат гирифтааст.

Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ чаҳор хешованди ӯ кушта шудаанд. Алӣ Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов зинда дастгир шуда, ҳамроҳ бо Султонмурод , бародарзодаи ӯ Фозил Ҳалимов ва ду тан аз ҳамсоягонашон Афзал Абдурашидов ва Насим Раҳматов кушта шудаанд.

Манобеи расмӣ рӯзи 5-уми июл гуфтанд, дар ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ ё УБОП низ захмӣ шудааст. Онҳо гуфтанд, ки Анвар Ҳусейнов аз наздикии шуш бо корд зарб хӯрда, баъди ҷарроҳӣ вазъияташ хуб аст.

“Корд то шуш нарасидааст ва ҷарроҳӣ хуб гузашт. Ҷасади ду бародар ва ду ҷияни Гулмурод Ҳалимов дар сардхонаи шаҳри Кӯлоб аст. Ин ҷасадҳо бояд ташхис шаванд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон.

Амрико барои пайдо кардани Гулмурод Ҳалимов ҷоиза эълон кардааст
Амрико барои пайдо кардани Гулмурод Ҳалимов ҷоиза эълон кардааст

Задухӯрд миёни кормандони пулис ва наздикони Гулмурод Ҳалимов шаби гузашта дар 10-километрии Кӯҳи Намаки Хоҷа Мӯъмин, наздикии деҳаи Ибратӣ, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, сурат гирифтааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гурӯҳе аз наздикони Гулмурод Ҳалимов зери раҳбарии бародари ӯ – Султонмурод Ҳалимов, соли таваллудаш 1964, дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ бо мақомот муқобилият кардаанд. Онҳоро кормандони Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе пайгирӣ доштаанд.

Сабабҳои задухӯрд ва ҳузури наздикони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ расман эълон нашудааст. Азбаски деҳаи Ибратӣ дар 25-30-километрии марзи Афғонистон воқеъ аст, бархе аз манобеъ эҳтимоли ба он сӯи Омӯ рафтани онҳоро сарфи назар намекунанд.

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов
Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва баъди як моҳ аз ҳузураш дар Сурия хабар дод. Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

Ду моҳ пеш маҷаллаи маъруфи “Таймс” бо такя ба қавли манобеаш аз кушта шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод, вале мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин иттилоъ то ҳол тадсиқ нашудааст. Дар ҳоли ҳозир писари ҳаждаҳсолаи ӯ Беҳрӯз дар боздошт аст ва як бародарзодааш низ аз Ҷумҳурии Адигея ба Тоҷикистон истирдод ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG