Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико "Шери Язғулом" ва раҳбари тоҷикони ДИИШ-ро кушт ВИДЕО САДО


Ин русто дар наздикии маҳаллест, ки бомбаи азимеро партоб карданд ва даҳҳо тундравро куштанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи партоби бомбаи азиме, ки бори аввал дар Афғонистон истифода шуд, фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва 11 зердасташ кушта шудаанд.

Як мақоми огоҳ аз масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, Шермаҳмад Сафаров, ки ӯро дар миёни ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон бо номи “Шери Язғулом” мешинохтанд, эҳтимолан барои машварат бо дигар аъзои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба вилояти Нангарҳор рафтааст. Мақомот мегӯянд, ки ӯ то охири соли 2016 дар Бадахшон паноҳгоҳ доштааст.

Ба гуфтаи ин мақом, Шермаҳмад Сафаров, як сол пеш раҳбари тоҷиконе интихоб шудааст, ки дар Афғонистон ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел гуфт, ки хабари кушта шудани Шермуҳаммад Сафаров, раҳбари тоҷикони ДИИШ тасдиқ шудааст ва ҳуввияти 11 нафари дигар, низ таҳқиқ мешавад, ки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Ӯ нагуфт, ки иттилоъро дар ин бора чӣ гуна дарёфт кардаанд ва таъйиди ин хабар аз мақомоти кишвари ҳамсоя ҳанӯз ба Радиои Озодӣ муяссар нашудааст. Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки дар миёни кушташудаҳо хориҷиён, аз ҷумла ҷангҷӯёни узбак низ ҳастанд. Ифротгароёни тоҷик ҳам бино ба иттилои мақомоти махсус, умдатан ҳамроҳи ҷангҷӯёни узбак ҳастанд.

Барои маҳви паноҳгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ, Амрико рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияи Ачинии вилояти Нангарҳор бомбаи GBU-43/B- ро ба кор бурд, ки бузургтарин бомбаи ғайриҳастаӣ аст ва онро “модари ҳамаи бомбаҳо” меноманд. Дар натиҷаи ин зарба ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, 100 ҷангҷӯ ва аз ҷумла тундравони хориҷӣ кушта шуданд.

Шермаҳмад Сафаров дар гузашта афсар буд.
Шермаҳмад Сафаров дар гузашта афсар буд.

“Шери Язғулом” кист?

Шермаҳмад Сафарови 48-сола бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар “ошӯб”-и гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда буд. Ӯ то замони ин ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Нодир Салимов, вакили маҳаллае, ки Шермуҳаммад он ҷо зиндагӣ мекард, 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, тирамоҳи соли 2015 ӯ аз маҳалла ғайб зад ва наздиконаш гуфтанд, ки барои зиндагӣ ба Язғуломи Ванҷ рафтааст.

Ба гуфтаи ӯ, Шермуҳаммад дар яке аз биноҳои маъмурӣ ба ҳайси посбон кор мекард, вале дар гузашта таҷрибаи низомӣ дошт. Шермаҳмад Сафаров дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 дар ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифин қарор дошт ва баъди созиши сулҳ дар вазорати дифоъ ба ҳайси афсар кор кардааст. Ӯ рутбаи майор низ доштааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Шермаҳмад моҳи октябри соли 2015 аз Ванҷ ба Афғонистон рафта, он ҷо ба гурӯҳи “Толибон” мепайвандад. Соли 2016 бо нишони эътироз аз ин гурӯҳ ҷудо мешавад ва ба гурӯҳи ДИИШ пайваста, ба ҷалби тоҷикон ба ин гурӯҳи тундрав машғул мешавад.

Наздикони Шермуҳаммад: “Акси ӯро шинохтем”

Хабари марги Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз таъйид нашудааст.
Хабари марги Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз таъйид нашудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 17 апрел ба манзили зисти пайвандони Шермаҳмад Сафаров рафт. Саида Сафарова, духтари Шермаҳмад гуфт, ки ду рӯзи пеш мақомоти интизомӣ онҳоро даъват карда, барояшон акси падари ҳалокшудаашро нишон доданд.

Онҳо дар ин аксҳо Шермаҳмадро шинохтаанд, вале гуфтанд, ки ӯ бо аъзои хонавода тамос надошт. Хабари марги Шермаҳмад Сафаров, ду рӯз баъд аз он нашр шуд, ки рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ, ки ба ДИИШ пайваст, дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст. Ин гузоришро дигар манобеъ, аз ҷумла мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз таъйид накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG