Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парастор"-и Гулмурод Ҳалимов талоши худкушӣ кардааст


Маҳмад Маҳмадиев
Маҳмад Маҳмадиев

Нафаре, ки ба раҳбари “ҷиҳодиҳо”-и тоҷик дар ҷангҳои Сурия Гулмурод Ҳалимов кумаки тиббӣ расонда, баъдан бо мусоидати Туркия ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд, талоши худкушӣ кардааст. Манобеи расмӣ гуфтанд, ки нигаҳбонҳо зуд аз кори ӯ огоҳ шуда, пеши роҳашро гирифтанд.

"Ҳоло захмҳои Маҳмадиев табобат мешаванд​"

Барояш либосу ғизо мебарем, лекин то ҳол нишонаш надоданд. Ягон хатча ҳам аз дохил наменависад, ки ғизоро гирифт, ё не

Маҳмад Маҳмадиев, сокини 26-солаи маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе, аввали моҳи марти имсол аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ба гуфтаи мақомот, ӯ охири соли 2016 аз ҷониби нерӯҳои Туркия дар атрофи шаҳри Манбиҷи Сурия боздошт шудааст.

Ду манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, яке дар боздоштгоҳ ва дигаре дар ниҳодҳои тафтишотӣ, рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Маҳмадов талош кардааст, бо истифода аз олоти бурранда ба худ зарба занад, аммо муваффақ нашуд, зеро нигаҳбонҳо сари вақт аз қазия огоҳ шуданд. Ҳамсӯҳбати мо аз боздоштгоҳ гуфт, ки ҳоло захмҳои Маҳмадиев табобат мешаванд.

"Барои аз ин ҳолат берун шудани ӯ вақт зарур аст"

Гулмурод Ҳалимов. Акс аз бойгонӣ
Гулмурод Ҳалимов. Акс аз бойгонӣ

Ҳамсӯҳбати мо санаи дақиқи ин ҳодисаро нагуфт, аммо гуфт, ки “ширкат дар ҷангҳои гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” рӯҳияи ин ҷавонро хароб кардааст ва барои берун шудани ӯ аз ин ҳолат вақт зарур аст.”

Сабаби даст ба худкушӣ задани ин ҷавон таҳқиқ мешавад, вале ҳоло дар ҳуҷрае нигаҳдорӣ мекунанд, ки имкони даст ба худкушӣ заданро надорад.

Файзиҷон Маҳмадиев, падари ин ҷавон, рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз истирдоди писараш ба Тоҷикистон 4 моҳ мегузарад, вале касе аз наздиконаш то ҳанӯз ӯро надидааст. Ӯ гуфт, барои писараш ба боздоштгоҳ ғизо мебаранд, вале аз ҳолаш хабар надоранд.

"Ягон хат нанавишт, ки ғизоро гирифтааст, ё на"

“Моро фақат аз мақомот омада гуфтанд, ки писаратро аз Туркия овардаем, лекин то ҳол бо чашмамон надидем. Барояш либосу ғизо мебарем, лекин то ҳол нишонаш надоданд. Рӯзи гузашта хӯрок бурдам, қабул карданд. Ягон хатча ҳам аз дохил наменависад, ки ғизоро гирифт, ё не”, - гуфт ӯ.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини гурӯҳи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваст

Моҳи марти имсол, вақте Маҳмад Маҳмадиев аз Туркия ба Тоҷикистон истирдод шуд, мақомот гуфтанд, ки ӯ дар таърихи 22-юми июни соли 2015 Гулмурод Ҳалимовро пас аз захм бардоштанаш дар яке аз ҷангҳо табобат кард. Маҳмадов қабл аз ҳамоиш бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия барои кор ба Русия рафта буд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини гурӯҳи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон берун шуда, моҳи май хабари пайвастанаш ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” расид ва ҳудудан баъди се моҳ дар даргириҳои минтақаи Дейр-аз-Зори Сурия аз пояш ҷароҳат бардошт.

Душанбе - Маскав - Туркия - Сурия - Душанбе

Маҳмад Маҳмадиев
Маҳмад Маҳмадиев

Санҷидани дурустии ҳарфҳои тафтишот аз манобеи мустақил ва ё аз забони худи Маҳмадиев имкон надорад. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмадиев моҳи сентябри соли 2014 Душанберо тарк карда, ба Маскав рафт ва моҳи декабри ҳамон сол аз Туркия ба модараш занг зад.

Акси Маҳмад Маҳмадиев дар вебсайти Вазорати корҳои дохилӣ дар қатори афроди дигар, ки бинобар пайвастан ба ДИИШ ҷустуҷӯ мешаванд, соли гузашта нашр шуд. Дар эълони вазорат гуфта мешавад, ки ҳузури Маҳмадиев дар Сурия маълум шудааст ва додситонӣ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” аз 14-уми августи соли 2015 нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

XS
SM
MD
LG