Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари Гулмурод Ҳалимов: "Бо рафтанаш зиндагии моро ба даҳшат табдил дод"


Гулмурод Ҳалимов

Хонаводаи Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз фирору ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастани ӯ, зиндагии орому осудаи онҳо низ тамом шуд. Гулмурод Ҳалимовро манобеи ғарбӣ “вазири ҷанги” гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” номида, Амрико барои ёфтанаш 3 миллион доллар подош ваъда кардааст. Бо вуҷуди хабарҳои зидду нақиз аз маҷрӯҳ ва кушта шудани Ҳалимов, то ба ҳол дар ин робита санад ва далели қатъӣ ба даст нарасидааст.

Вақте хабари фирораш паҳн шуд...

Наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ду соли баъди тарки кишвар ва ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастани падарашон, зиндагии онҳо хеле сахту торик шудааст.

Дараи Фонӣ, ки дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, макони зисти ҳамсари аввалу чаҳор фарзанди ноболиғи сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов аст. Ахиран дар пайи падар мақомоти интизомӣ бо гумони “нияти пайвастан ба Ҳалимов”, писари калонии хонадон Беҳрӯз Ҳалимови 18-соларо боздошт кардаанд.

Нилуфар Ҳалимова, духтари калонии полковники фирорӣ дар синфи 9-уми мактаби рақами 47-и деҳаи Чорбоғ таҳсил мекунад. Ин духтари наврас мегӯяд, аз соли 2015 ба ин сӯ, яъне аз замоне ки Гулмурод Ҳалимов аз қаламравҳои зери назари ДИИШ аз худ дарак дод, зиндагии онҳо ба “як даҳшат” табдил шуд.

Нилуфар мегӯяд, “вақте хабари фирори падарам паҳн шуд, ҳар рӯз ба хонаи мо аз ҳар ниҳод меомаданд ва бо мо суолу ҷавоб мекарданд. Ҳар хел савол медоданд. Ман метарсидам. Ҳоло ҳам, вақте баъзе рӯзноманигорон меоянд ва намедонем, ки чӣ менависанд, зуд аз мақомот намояндаҳо меоянду суолу ҷавобро сар мекунанд. Ҳоло як зиндагии тарснок дорем. Зиндагӣ ҳам аз назари равонӣ ва ҳам молӣ хеле сахт шудааст.”

Қасди ба Сурия рафтани Беҳрузро бовар надоранд

Вале баъди боздошти бародараш Беҳрӯз дар моҳи апрели имсол, аз модар сар карда то фарзандон, рӯҳафтода шудаанд. Нилуфар хабарҳо дар бораи ба Сурия, гӯё назди падар равона будани Беҳрӯзро рад мекунад ва мегӯяд, бародараш пас аз хатми мактаб дар бозори "Корвон" кор мекард. Ӯ гуфт, “каме даромад, ки меёфт, ба хона меовард, то зиндагиро дар набудани падар таъмин намояд.”

“Худо шукр мекунем, ки мӯҳтоҷ нестем. Ҳар ҳафта, ки ғизои гӯштдор ҳам нахӯрем, аммо мисли дигарон зиндагӣ дорем”, - идома дод ӯ. Нилуфар мегӯяд, дар ин ҳама гирудорҳои солҳои охир, бештар модараш азият шудааст: “Баъди онки падарам як хонуми дигар – Ҳумайроро барои зиндагӣ интихоб кард ва аз модари ман дур шуд, тақрибан зиндагии мустақил доштем ва бо кӯшиши худамон зиндагӣ доштем. Барои модарам беҳад вазнин аст. Ману хоҳарам ва як додарчаи дигарам, ки дар синфи 2 мехонад, ба мактаб меравем ва модарам дигар танҳо мемонад. Ҳар гуна фикрҳо азобаш медиҳанд”.

Ҳумайро Мирова.
Ҳумайро Мирова.

Ҳамсари никоҳии Ҳалимов - кормандони собиқи Кумитаи гумруки Тоҷикистон дар издивоҷи ғайрасмӣ бо полковник 4 фарзанд таваллуд карда, соли 2016 ҳамроҳ бо фарзандонаш ба назди Ҳалимов рафт. Ин хабарро волидони Мирова баъди тарки Тоҷикистон карда ба ҳамсараш пайвастанаш хабар доданд. Аз ҳолу аҳволи ӯ ва инчунин шароити зиндагии ӯву фарзандонаш ҳеҷ хабаре нест.

"Аз гапи ҷаҳон хабар надорем"

Духтар ва ҳамсари Гулмурод Ҳалимов мегӯянд, зиндагии оддиву бечораҳолонаи онҳо имкон намедиҳад, ки ба интернет дастрасӣ дошта бошанд ва ҳама хабару овозаҳое, ки дар бораи падар мешунаванд, тавассути одамони дигар ва бар пояи хабару гузоришҳои матбуотӣ, ба дасташон мерасад. Онҳо исрор меварзанд, ки дар тамоми муддати баъд аз тарки кишвар кардани падар, ҳеҷ гоҳ бо ӯ дар тамос набуданд ва роҳи тамос бо ӯро ҳам намедоданд. Аз ин хотир мегӯянд, иттиҳоми Беҳрӯз дар ин, ки гӯё бо ҳидояти падар мехост ба Сурия равад, барои онҳо ғайри қобили боварист.

Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин намуд.

Беҳрӯз дар боздоштгоҳ

Назокат Муродова, ҳамсари Гулмурод Ҳалимов, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ рӯзи чаҳоршанбе ба ӯ иҷозаи мулоқот бо фарзандашро дар СИЗО надоданд. Вай мегӯяд, моҳи пеш фақат як бор Беҳрӯзро дар боздоштгоҳи муваққатӣ дидааст, вале дар ҳамин мулоқот ҳам имкони гуфтугӯ надодаанд. Вай афзуд, “дар СИЗО фақат ӯро дидам, вале гап намезадем. То кунун чанд дафъа рафтам, вале иҷозаи мулоқот надоданд ва намедонам то ҳол барои чӣ ӯро боздошт кардаанд ва гуноҳаш чист. Сару рӯяш хуб ба назар мерасид ва ҳеҷ касе азияташ намекунад”, - гуфт Назокат Муродова.

Модари Беҳрӯз мегӯяд, ҳар вақте барои писараш ба боздоштгоҳ ғизо мебарад, “аз дохил паёме мефиристад, ки саломатиаш хуб аст ва ҳеҷ мушкил надорад”. Назокат Муродова гуфт, барои онҳо ҷараёни тафтишот, эҳтимоли баргузории мурофиаи додгоҳӣ ва ҳеҷ ҷузъиёти дигари марбут ба парвандаи писараш маълум нест.

Назокат Муродова мегӯяд, Беҳрӯз соли гузашта мактабро бо баҳои хуб хатм карда, мехост ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад, вале бо рафтани падараш "калони хона" шуд ва барои таъмини рӯзгорашон талош мекард. Модар саҳнаи боздошти писарро ёдовар шуда гуфт, “рӯзи 17 апрел ӯ дар ҳамин ҳавлӣ буд. Гирифтанду бурданд. Гуфтанд, ки як масъаларо мепурсему ҷавобаш медиҳем, вале то ҳол дар боздошт аст.”

Дар хонаводаи Ҳалимовҳо дар Дараи Фонӣ аз хабари гӯё боздошт шудани як хеши полковники фирорӣ ҳам чизе намедонанд. Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 12-уми май бо такя ба манобеи ФСБ-и Русия дар ҷумҳурии Адигея гуфт, ки яке аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон ва ҳоло фармондеҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”, боздошт шудаст. Дар хабари мазкур гуфта шуд, ки ин ҷавон барои ҷалби ҷангҷӯён ба сафи ДИИШ таблиғот мебурд, вале боздошт шуд. Аммо аз он замон то кунун на мақомоти интизомӣ ва на дипломатии Тоҷикистон дурустии ин хабарро тасдиқ ё такзиб намекунанд ва мегӯянд, то ҳанӯз мақомоти Русия шаҳодати боздошти чунин шахсеро ба онҳо пешкаш накардаанд.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва як моҳ баъд аз ҳузураш дар Сурия хабар дод.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи апрел рӯзномаи бритониёии “Таймс” навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст.

Гулмурод Ҳалимов кист?

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Ӯ баъди таҳсил дар Академияи Вазорати умури дохилӣ ва ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико, аз сержанти хурд то ба рутбаи полковник расид ва то замони фирор фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ буд.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва як моҳ баъд аз ҳузураш дар Сурия хабар дод. Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори Вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст. Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол қарор дорад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG