Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти писари 18-солаи Гулмурод Ҳалимов САДО


Гулмурод Ҳалимов бо се ҳамроҳаш ва дар як видеои тарғиботӣ

Мақомоти Тоҷикистон фарзанди фармондеҳи собиқеро дастгир кардаанд, ки дар феҳрасти хатарноктарин террористони ҷаҳон қарор дорад ва Амрико барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар ваъда кардааст. Хешовандони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомӣ Беҳрӯз Гулмуродов фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимовро тақрибан се ҳафта пеш дастгир карданд.

Аъзои хонаводаи фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни замон Беҳрӯзи 18-сола дар боздоштгоҳе дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи аъзои ин хонавода, мақомоти интизомӣ Беҳрӯзро аз манзили зисташон дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб воқеъ дар 35-километрии Душанбе боздошт карданд ва сабаби боздоштро ҳам шарҳ надоданд.

Беҳрӯз пас аз хатми мактаби миёна таҳсилашро идома надода ва дар хона ҳамчун ёвари модараш будааст.

Онҳо мегӯянд, ки дар ин муддат чанд бор ба дидани Беҳрӯз ба боздоштгоҳ рафтанд ва аз мақомот сабаби дастгир шуданро пурсиданд, вале посух нагирифтанд. Беҳрӯз пас аз хатми мактаби миёна таҳсилашро идома надода ва дар хона ҳамчун ёвари модараш будааст. Сокинони деҳаи Дараи Фонӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз боздошти Беҳрӯз Гулмуродовро хабар доранд. Айни замон онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ иттилое дар бораи кушта шудани Гулмурод надоранд ва мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтаанд.

Чанд рӯз пеш рӯзномаи бритониёии Таймс навишт, ки Гулмурод Ҳалимов дар шаҳри Мавсили Ироқ кушта шудааст, вале ин гузориш то кунун аз дигар манобеъ таъйид нашудааст.

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов гуфтааст, агар писараш ба Сурия рафта бошад, пас хиёнат кардааст.
Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов гуфтааст, агар писараш ба Сурия рафта бошад, пас хиёнат кардааст.

Назир Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, на ӯ ва на падари солхӯрдааш дар бораи кушта шудани Гулмурод хабаре надоранд. Онҳо мегӯянд, дар як деҳаи дурдаст ба сар мебаранд ва дастрасӣ ба интернет ё расонаҳои хабарӣ надоранд, ки чизе дар ин бора фаҳманд.

Назокат Муродова, ҳамсари Гулмурод Ҳалимов низ гуфт, ҳеч чизе дар бораи ҳалокати шавҳараш намедонад ва бо чаҳор фарзандаш аст, ки калониро мақомоти интизомӣ бо худ бурданд. Худи Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва як моҳ баъд аз ҳузураш дар Сурия хабар дод.

Ӯ дар як видеои тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” гуфт, ки ба нишони эътироз аз шеваи кори вазорати умури дохилӣ дар робита ба намозу либоси исломӣ ба ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст. Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад ва дар феҳрасти мавриди таъқиб дар Интерпол қарор дорад.

Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов.
Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов.

Додситонии кулли Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро ба хиёнат ба ватан, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муттаҳам мекунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин кард.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Ӯ баъди таҳсил дар Академияи вазорати умури дохилӣ ва ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико, аз сержанти хурд то ба рутбаи полковник расид ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ таъйин шуд.

Ҳамсояҳо мегӯянд, ки хонаводаи Гулмурод Ҳалимов, пас аз фирори ӯ рӯзҳои сахтеро пушти сар мекунад, ҳарчанд бо гузашти тақрибан ду сол аз фирори ӯ касе аз аъзои хонавода дастгир нашуда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG