Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Гулмурод Ҳалимов: Чаро набераи ман баҳои хатои падарашро пардозад? ВИДЕО


Падари Гулмурод Ҳалимов мегӯяд, набояд наберааш барои амалкарди падар ҷавоб диҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Наздикони полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилӣ, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки писари Ҳалимовро зиндонӣ накунанд. Абдусалим Ҳалимов, падари 90-солаи Гулмурод Ҳалимов, рӯзи 23-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки набояд набераи ӯ Беҳрӯз ҷавоби амалкардҳои падарашро бидиҳад.

"Роҳ нишон додан даркор аст"

Агар роҳбаладе набошад, чӣ гуна билет мегирад, дар ҳавопаймо мешинад ва меравад?

Ӯ гуфт, “намешавад, ки ман дузд бошаму писарамро бурда маҳкам кунанд. Вай ҷавон аст, ӯро тарбия кардан зарур аст. Роҳ нишон додан даркор аст, ки тарафи рост ин аст ва чап – он.”

Парвандаи Беҳрӯз Ҳалимов, писари 18-солаи Гулмурод Ҳалимов, аз рӯйи моддаҳои “талоши ҷиноят” ва “зархаридӣ” дар додгоҳ қарор дорад. Ӯ ба он муттаҳам аст, ки гӯё бо афроди наздик бo падараш дар тамос буд ва талош дошт, бо роҳнамоии онҳо ба Ироқ биравад.

"Бе роҳбалад чӣ гуна билет гирифта меравад?"

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов
Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов

​Аммо наздиконаш гумон доранд, ки ӯро ба хотири писари Гулмурод буданаш сахт гирифтаанд. Абдусалим Ҳалимов мегӯяд, писараш солҳои тӯлонӣ дар ниҳоди умури дохилӣ кор кардааст ва пайвастани ӯ ба сафи ҷангҷӯён дар хориҷ мағзи ӯро то ҳол машғул медорад. “Фарзанди ман солҳо кор кард. Ҳама вақт орден гирифт. Давлат бар илова ба ӯ хона дод. Намедонам , ки чаро дар дили вай ин чиз пайдо шуд. Ман як савол дорам, ки оё бе роҳбалад ягон ҷой рафта мешавад? Чӣ хел бе роҳбалад мехезиву меравӣ? Магар ин ки девона бошӣ. Роҳбалад набошад, чӣ гуна билет мегирад, дар ҳавопаймо мешинад ва меравад, ки касе хабардор намешавад?”, - суол гузошт ӯ.

Кунҷи хона, дутор

Падари раҳбари собиқи ОМОН рӯзи 23-юми июн дар манзилаш буд ва дар кунҷи утоқ дутор менавохт. Ӯ гуфт, баъди ба Сурия рафтани фарзандаш таҳти фишори равонӣ қарор гирифтааст ва аз фикру андеша гоҳо беҳол ҳам мешавад.

Абдусалим Ҳалимов мегӯяд, ки дар бораи зинда ё мурда будани падараш чизе намедонад ва ин бехабарӣ ӯро асабонӣ мекунад.

Дар феҳрасти террористони хатарноктарин

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст. Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд. Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.

XS
SM
MD
LG