Пайвандҳои дастрасӣ

Сукути мақомот ва азои Дараи Фонӣ. 7 хеши Гулмурод – бо кӣ чӣ шуд?


Гулмурод Ҳалимов

Дар ҳоле ки мақомот хабари марги чаҳор пайванди Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН ва ҳоло узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро расман тасдиқ накардаанд, хонаводаи онҳо дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб дар мотам нишастаанд.

"Аз як хона садои гиря баланд буд"

Дирӯз хабар оварданд, ки дар Восеъ се бародари Гулмуродро паррондаанд, аммо дар бораи Наим ягон чиз нагуфтанд

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми июл ҳангоми боздид аз деҳаи Дараи Фонӣ рафтуои занҳоро ба манзили нафароне, ки гуфта мешавад, дар амалиёти шаби 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ кушта шудаанд, мушоҳида кард. Занҳое, ки вориди ин хонаҳо мешуданд, дар тан либоси азодорӣ доштанд ва аз як хона садои гиря низ баланд буд.

Дар амалиёти шаби 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов – бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов - бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов - додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шудаанд. Алӣ Ҳалимов, писари Султонмурод Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов, бародарони Гулмурод Ҳалимов боздошт шудаанд.

Манзили Наим Раҳмонов. Дараи Фонӣ, рӯзи 7-уми июли 2017
Манзили Наим Раҳмонов. Дараи Фонӣ, рӯзи 7-уми июли 2017

Сокинони деҳаи Дараи Фонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳафт нафар бо ҳам пайванди хунӣ доранд. Ба истиснои Наим Раҳмонов, ки додарарӯси Саидмурод Ҳалимов, бародари бузурги Гулмурод Ҳалимов будааст. Ин иттилоъ аз манбаҳои гуногун дастрас шудааст ва ҳанӯз иттилои кушта ва боздошти ин нафарон расман эълон нашудааст.

“Қишлоқро Гулмурод вайрон кард”

Деҳаи Дараи Фонӣ, ки наздик ба сад хонавода дар онҷо зиндагӣ доранд, беш аз ду соли ахир исмаш ҳамеша дар пайванд бо номи Гулмурод Ҳалимов дар сархати расонаҳо қарор мегирад.

Наим Раҳмонови 29-сола, сокини ин деҳа, ки манобеи расмӣ “роҳбалади” ин гурӯҳи ҳафтнафарӣ унвон мекунанд, аз камтарин нафароне будааст, ки бо наздикони Ҳалимов пас аз пайвастани ӯ ба ДИИШ риштаи дӯстиро наканда будааст. Раъно Раҳмонова, модари Наим, ки ғамдор буд, рӯзи 7-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз сарнавишти писараш хабаре надорад.

Раъно Раҳмонова
Раъно Раҳмонова

Наим дар гӯристони марказии шаҳри Душанбе санги мазор метарошид ва ба гуфтаи наздикон он рӯз аз ҷои кораш бо бародару додарзодаҳои Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳ шудааст. “Саҳари сешанбе аз хона дуо гирифта, ба кор баромада рафт. Аз онҳо дигар хабар нест ва ягон иттилои дақиқ ҳам надорам. Қишлоқро Гулмурод Ҳалимов вайрон кард. Дар қабристони русҳо ҳамроҳи бародараш кор мекард. Рӯзи 4 июл то соати 11 дар қабристон кор карда ва аз бародараш иҷозат мегирад, ки ба хона равад. Вале баъдан ӯро надидем. Бародарони Ҳалимов дар куҷое будаанд, ки ӯро гирифта ҳамроҳи худ бурдаанд. Дирӯз хабар оварданд, ки дар Восеъ се бародари Гулмуродро паррондаанд, аммо дар бораи Наим ягон чиз нагуфтанд”, - афзуд ӯ. Наим Раҳмонов соҳиби ду фарзанд аст.

Барканории бародари Наим аз “Варзоб-ГЭС”

Муродалӣ Раҳмонови 87-сола, падари Наим аз кушта шудани чанд нафар дар задухӯрд дар ноҳияи Восеъ хабар дорад, вале намедонад, ки писараш дар миёни кушташудаҳост ва ё боздоштшудаҳо. “Имрӯз панҷ рӯз мешавад, ки ман меноламу намедонам ӯ дар куҷост. Шаби сешанбе милисаи зиёд омада, хонаву оғил ва ошхонаро кофтанд. Пурсидам, ки чӣ мекобед? Боз саҳари чоршанбе омада, дубора хонаҳоро кофтанд, рақами шиносномаҳоро гирифта рафтанд. Бо умед нишастаем. Аз рӯи ҳамин шуда як бародарашро, ки нирӯгоҳи Варзоб кор мекард ва бояд рӯзҳои наздик вазифаи баландтар мегирифт, аз кор озод карданд”, - гуфт Муродалӣ Раҳмонов.

Саидмурод Ҳалимов
Саидмурод Ҳалимов

Ба назар мерасад, аз хонаводаи Гулмурод Ҳалимов танҳо як нафар Саидмурод Ҳалимов, ки дар Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон кор мекунад, мавриди шубҳа нест. Мақомоти маҳбас низ мегӯянд, ки ба ӯ эътимод доранд, чун то ҳол аз ӯ рафтори баде надидаанд.

"То ҳол ҷасадҳоро наоварданд"

Аксар сокинони деҳаи Дараи Фонӣ аз вуқӯи ҳодиса хабар доранд. Онҳо мегӯянд, то ҳол ҷасади ҳалокшудагонро ба деҳа наовардаанд.

Дар хонаи бародарони Гулмурод Ҳалимов ба ҷуз аз занон дигар касе набуд ва онҳо нахостанд, ки дар ин бора сӯҳбат кунанд. Дар хонаи Хурсанд, бародари ӯгайи Гулмурод Ҳалимов, ки дар даромадгоҳи деҳа воқеъ аст, занону мардони зиёде ҷамъ шуда буданд. Аз чашмони гиряолуди аъзои хонавода мушоҳида мешуд, ки онҳо мунтазири овардани ҷасади писарашон мебошанд. Хурсанд Ҳалимов, бародари модарҷудои Гулмурод Ҳалимов дар бораи ин фоҷиа умуман нахост суҳбат кунад.

Манобеи расмӣ мегӯянд, ки пайвандон ва ҳамсоягони Гулмурод Ҳалимов талош доштаанд, ба Афғонистон бираванд ва онҷо ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд. Ба гуфтаи манобеъ, ин афрод хостаанд, аз тариқи минтақаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон ба ин кишвар бираванд ва дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо нирӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шудаанд. Дар ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ ҷароҳат бардоштааст.

Гулмурод Ҳалимов - полковники фирорӣ

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар феҳрасти террористони хатарноктарини ҷаҳон қарор дорад, моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва моҳи май дар як навори тарғиботии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва гуфт, ки ба нишони эътироз ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.

Гулмурод Ҳалимов, ки дар Амрикову Русия шеваҳои маҳви террористонро омӯхтааст, дар Тоҷикистон ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи августи соли 2016, Гулмурод Ҳалимовро дар феҳрасти террористони хатарнок дар ҷаҳон ворид кард ва барои иттилои арзишманд дар бораи ӯ, 3 миллион доллар подош таъйин карда буд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст. Замони фирор фармондеҳи дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и вазорати умури дохилӣ буд.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG