Пайвандҳои дастрасӣ

ДИИШ сокинони Дарзобро бехонаву ҷо кардааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Ҷузҷони Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” тамоми рустоҳо дар ноҳияҳои Дарзоб ва Қуштеппаро тасарруф кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо чанд посгоҳи маҳдуд ва як қароргоҳи артиш дар зери назорати нерӯҳои давлатӣ мондааст.

Дар ин қарияҳо мактаб зиёд аст. Ба мактаб ва хонаҳои мардум даромада, зиндагӣ мекунанд. Навад дарсади аҳолии ин қарияҳо аз хонаҳояшон беҷо шудаанд

Бозмуҳаммад Довар, раиси ноҳияи Дарзоб, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аксар мардуми ноҳияҳои Дарзоб ва Қуштеппа аз тарси ҷангҷӯён хонаҳояшонро тарк кардаанд ва ба маркази вилоят – шаҳри Шибирғон – рафтаанд. Ба гуфтаи, ӯ мардум ҳоло чашм ба роҳи нерӯҳои давлатӣ ҳастанд, то бо амалиёти низомӣ ҷангҷӯён дар зодгоҳи онҳо аз байн баранд.

“Дар тассаллути давлат фақат як қароргоҳи амниятӣ, чанд посгоҳ, қароргоҳи ҳукумат комилан дар ихтиёри давлат аст ва дигар тамоми қарияҳои ноҳияҳои Дарзобу Қуштеппа дар ихтиёри ДИИШ-иён қарор дорад”, - гуфт Бозмуҳаммад Довар.

Бедодгарии ДОИШ дар Ҷузҷони Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:58 0:00

Раиси ноҳияи Дарзоб дар идомаи сӯҳбат гуфт, ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар се маҳалли ноҳия ӯрдугоҳ таъсис додаанд ва аз ҳамин марказҳояшон ба дигар маҳаллаҳо ҳамла мекунанд. “Қароргоҳҳояшон, марказияташон, таҷаммӯъ, таҳаррукашон дар қарияҳои Сардара, Вулқонӣ ва Муғул ҷой гирифтааст. Дар ин қарияҳо мактабҳо зиёд аст, ба мактабҳо ва хонаҳои мардум даромада зиндагӣ мекунанд. Навад дарсади аҳолии ин қарияҳо аз хонаҳояшон беҷо шудаанд”, – гуфт Бозмуҳаммад Довар.

Дар ин миён Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, амалиётеро барои поксозии ноҳияи Дарзоб ва Қуштеппа барномарезӣ кардаанд. Раҳматулло Кӯҳистонӣ, фармондеҳи нерӯҳои амниятии вилояти Ҷузҷон, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар рӯзи 10-уми декабр гуфта буд, дар ҳарду ноҳия бисёре аз ҷангҷӯёни ДИИШ хориҷиён ҳастанд.

“Дар онҷо хориҷиён ҳастанд, аз ҷумла фаронсавиҳо ҳастанд, ҳатто олмониҳо ҳастанд. Аз узбакҳо гурӯҳи Тоҳир Юлдош ҳаст. Ин гурӯҳҳо дар Сардараи Дарзоб ва Қуштеппа ҷойгир шудаанд. Узбакҳо ҳамроҳи оилаҳояшон ҳастанд. Дигарон, ки омадаанд, муҷаррад ҳастанд”, - гуфт ӯ.

Аввали ҳамин ҳафта расонаҳо дар Афғонистон гуфтанд, ки ахиран ҷангҷӯёни хориҷии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба шумули 12 алҷазоирӣ ва чаҳор фаронсавӣ, дида шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ба ҷангҷӯёни ДОИШ шеваҳои ҷангро дарс медиҳанд.

Қабл аз ин, Раҳматулло Ашъар, раиси собиқи ноҳияи Дарзоб дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки гурӯҳи террористии Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Малик Юлдош, писари Тоҳир Юлдош, пешвои собиқи гурӯҳ барои тарҳрезии ҳамлаҳои маргталабона саргарми ҷалбу ҷазби ҷавонон дар Дарзоб ва Қуштеппа аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG