Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ба ҷойгоҳи севум баромад


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо нӯҳ зина боло рафт ва бо 2160 имтиёз дар миёни 301 гуштигири вазнашон зери 90 кило мақоми севумро касб кардааст.

Бино ба ин феҳрист, ки рӯзи 29 май дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар вазни зери 90 кило пеш аз Комроншоҳи Устопириён ду нафар - Александр Куколҷи сербиягӣ (бо 2580 имтиёз ҷойгоҳи аввал) ва Аксел Клегерти фаронсавӣ (бо 2400 имтиёз ҷойгоҳи дувум) - қарор доранд.

Комроншоҳи Устопириён барои аввалин бор дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мақоми севумро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми ҳафтум будааст.

Донған Квак аз Кореяи Ҷанубӣ бо 2032 имтиёз дар мақоми чорум, Машу Бакер аз Ҷопон бо 2030 имтиёз дар мақоми панҷум, Хунзао Ченг аз Чин бо 1766 имтиёз дар мақоми шашум, Ислом Бозбоев аз Қазоқистон бо 1732 имтиёз дар мақоми ҳафтум, Кента Нагасава аз Ҷопон бо 1728 имтиёз дар мақоми ҳаштум, Ҳусейн Холмирзоев аз Русия бо 1720 имтиёз дар мақоми нӯҳум ва Кристиан Тот аз Маҷористон бо 1622 имтиёз дар мақоми даҳум шомиланд.

Бояд гуфт, ки Комроншоҳи Устопириён барои аввалин бор дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мақоми севумро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми ҳафтум будааст.

Ҳамакнун Комроншоҳи Устопириён таҳти раҳбарии мураббиёнаш Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба мусобиқаи бузургтарини имсола - қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон – Будапешт - баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-28 май дар Ҳонконг баргузор шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали тилло гардид. Ӯ баъд аз ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбакистон, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта ва Шоичиро Мукаи аз Ҷопонро мағлуб кард. Сипас Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Комроншоҳ барои ғолибият дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг соҳиби 700 имтиёз шуд ва дар феҳристи ҷаҳонӣ аз зинаи дувоздаҳум ба зинаи севум сууд кард.

Соли гузашта низ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода ва соҳиби медали тилло гардида буд. Зимнан, ӯ нахустин гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик то кунун дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 15 медал – 2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Ҳарду медали тилло ба паҳлавони 24-солаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён марбут аст.

XS
SM
MD
LG