Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳ дар “Judo Grand Slam” дар Порис ҳафтум шуд


Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) мақоми ҳафтумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини ҷудо, ки рӯзҳои 11-12 феврал дар пойтахти Фаронса - Порис - баргузор шуд, 409 варзишгар (259 мард ва 150 зан) аз 61 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. “Тоскулоҳи бузурги ҷудо” дар Порис нахустин мусобиқаи мавсими нав буд, ки аз рӯи қоидаҳои тозаи ҷудо сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор гуштигир дар сабқати мардон намояндагӣ кард, ки аз байни онҳо паҳлавони пуртаҷриба Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зачари Бурт аз Канада ва Самули Виитанен аз Финляндия пирӯз шуд. Вале баъдан Комроншоҳ аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Николас Долпополо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд, дар даври баъдӣ аз Дагвасурен Нямсурени муғул шикаст хӯрд. Дар вазни то 81кило боз як гуштигири тоҷик – Сафарбек Муродов - рақобат кард. Вале ӯ дар даври аввал аз Аттила Унгвари аз Маҷористон шикаст хӯрд. Инчунин Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни то 100 кило аз Соиб Қурбонови узбакистонӣ мағлуб шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 11 медал (1 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони сабқати мардон:

60 кг
1. ТОКАТА Наохиса (Ҷопон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)

66 кг
1. АБЕ Хифуни (Ҷопон)
2. АРДАНОВ Анзаур (Русия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ШИХАЛИЗОДА Няд (Озарбойҷон)

73 кг
1. ХАШАМОТО Соичи (Ҷопон)
2. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
2. РЕХВИАШВИЛИ Забеда (Гурҷистон)
3. НДИАЙЕ Папе Доудоу (Фаронса)
3. ПИРРЕ Баптисте (Фаронса)

90 кг
1. ЧЕНГ Хунжао (Чин)
2. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
3. ГВАК Донгхан (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)

100 кг
1. ИИДА Кентаро (Ҷопон)
2. МАРЕТ Кирлле (Фаронса)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)
3. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)

+100 кг
1. ОҶИТАНИ Такеши (Ҷопон)
2. ШИЧИНОЕ Риу (Ҷопон)
3. СИЛВА Рафаел (Бразилия)
3. УЛЗИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG