Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён – дар финали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё


Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар Ҳонконг ҷараён дорад, ба финал баромад.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дода ва соҳиби медали тилло гардид.

Ӯ рӯзи 27-уми май дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври ниманиҳоӣ бар Шоичиро Мукаи аз Ҷопон пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аз ин пеш, вай Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбакистонро шикаст дод. Рақиби Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ Ислом Бозбоев аз Қазоқистон аст.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов рӯзи 27-уми май дар вазни зери 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври баъдӣ аз Ҳусейн Шоҳ (Покистон) шикаст хӯрд. Сипас ӯ бар Иван Ремаренко (Аморати Муттаҳидаи Араб) пирӯзӣ ба даст овард. Саидов барои медали биринҷӣ бо Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон рақобат мекунад.

Саидҷалол Саидов дар яке аз мусобиқаҳо.
Саидҷалол Саидов дар яке аз мусобиқаҳо.

Имрӯз варзишгари дигари тоҷик Садр Боев дар вазни зери 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Лояд Деннис Катипон аз Филиппин ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Владимир Золоев (Қирғизистон) мағлуб шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Фахриддин Раҳимов ҳафт гуштигир – Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) – шомиланд.

Суҳроб Боқиев (аз чап аввал). Акс аз бойгонӣ
Суҳроб Боқиев (аз чап аввал). Акс аз бойгонӣ

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми май – чаҳор варзишгари тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд. Сӯҳроб Боқиев дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври ниманиҳоӣ аз Наоҳиса Такато (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз Мӯҳриддин Тилавов (Узбакистон) шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро ишғол кард.

Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон) дар даври севум аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлу (Эрон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ 14 медал – 1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Хушқадам Хусравов ва Саидмухтор Расулов – дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Хусравов дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Синг Чуй (Ҳонконг) ғолиб омад, вале баъдан аз Бектур Рисмамбетов (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Расулов бошад, дар вазни зери 73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Тити Кумпапан (Тайланд), дар даври баъдӣ аз Батгерел Баттсетсег (Муғулистон) мағлуб шуд.

Ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, Ҳонконг-2017

27-уми май

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ: занон:- 70, - 78, +78 кг; мардон: -81, -90, -100, +100 кг, маросими супурдани медалҳо.

28-уми май

Қувваозмоиҳои пешакӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон, маросими супурдани медалҳо.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд ҳашт гуштигир дохил буд, ки ҳама дар сабқати мардон рақобат намуданд.

Ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, се нафар - Шӯҳратҷони Фархизода (-73 кг),Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Вале чаҳор гуштигири дигари тоҷик - Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Кароматулло Ҳакимов (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду - то 81 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 14 медал – 1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG