Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар Гран-прии ҷудо дар Олмон низ ҳафтум шуд


Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Dusseldorf 2017”, ки рӯзҳои 24-26 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, мақоми ҳафтумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 344 варзишгар (206 мард ва 139 зан) аз 49 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ин дувумин мусобиқаи мавсими нав буд, ки аз рӯи қоидаҳои тозаи ҷудо сурат гирифт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд: Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳарду – 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (ҳарду – 90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг).

Аз байни намояндагони Тоҷикистон танҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Рокас Ненартавикус аз Литва ва Аурилиен Диесси аз Фаронса пирӯз шуда, баъдан аз Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон ва Даики Нишияма аз Ҷопон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳибӣ кард. Дар ин вазн Бека Гвиниашвили, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ҳусейн Холмирзоеви русиягӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Асадулло Тоҳиров, ки дар вазни то 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Юк Тинг Ли аз Ҳонконг дастболо шуд, дар даври баъдӣ аз Сергей Олейник аз Португалия шикаст хӯрд. Дар вазни то 81 кило гуштигири тоҷик Сафарбек Муродов дар даври муқаддамотӣ аз Этйени Брианд аз Канада ноком шуд. Инчунин дар вазни то 81 кило боз як гуштири тоҷик Акмал Муродов нахустин қувваозмоияшро ба Алтансух Батмунх аз Муғулистон бохт. Муртазо Аминов дар вахни то 90 кило дар даври аввал аз Ҳаннес Конради олмонӣ мағлуб гашт. Абдулваҳҳоб Сатторов низ дар вазни то 100 кило аз Карл Ричард Фрейи олмонӣ шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 16 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дувум шуд. Мунтахаби Русия бо касби 5 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум мақоми 28-умро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик рӯзҳои 11-12 феврал дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) дар пойтахти Фаронса - Порис – ширкат доштанд. Аз байни чаҳор паҳлавони тоҷик танҳо натиҷаи Комроншоҳи Устопириён хубтар аст. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Канада ва Финляндия пирӯз шуд, вале баъдан аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Аксел Клергети фаронсавиро шикаст дод, ғолиб гардид.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
М
ардон
60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. ПЕЛИМ Фелип (Бразилия)

66 кг
1. МАРГВЕЛАШКИЛИ Важа (Гурҷистон)
2. ИСОДА Норихито (Ҷопон)
3. ФЛИКЕР Тал (Исроил)
3. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)

73 кг
1. ЯРСЕВ Денис (Русия)
2. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
3. ЧАИН Гуиллаум (Фаронса)
3. МАКИАС Томми (Шветсия)

81 кг
1. ЛАППИНАГОВ Аслон (Русия)
2. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)
3. ГОТОНОАГА Дорин (Молдова)
3. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)

90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. ХОЛМИРЗОЕВ Ҳусейн (Русия)
3. НИШИЯМА Даики (Ҷопон)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)

100 кг
1. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
2. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)
3. КОРРЕЛ Михаел (Нидерланд)
3. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)

+100 кг
1. КАГУЕРА Кокоро (Ҷопон)
2. ХАРАСАВВА Хисайоши (Ҷопон)
3. БОР Барна (Маҷористон)
3. ШИНКЕЙЕВ Ёрҷон (Қазоқистон)

XS
SM
MD
LG