Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Комроншоҳ ва ду гуштигири дигари тоҷик дар София


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 11-13-уми ноябр дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Гуштигирони тоҷик Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни то 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Акмалиддин Каримов (аз тарафи рост). Акс аз бойгонӣ
Акмалиддин Каримов (аз тарафи рост). Акс аз бойгонӣ

Вале панҷ варзишгари дигари тоҷик - Акмалиддин Каримов (-57 кг), Хушқадам Хусравов (-62 кг), Мустафо Ҳасанов (-68 кг), Зафар Олимшоев (-82 кг) ва Шамшод Абдуллоев (-100 кг) - бе медал монданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини сардовари мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон буд, аз шаҳри София рӯзи 14 ноябр хабар дод.

Вай гуфт, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки онҳо дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон ширкат карданд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш дар риштаи самбои варзишӣ ду медал ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштаанд.

Маҳмуд Абдуллоев
Маҳмуд Абдуллоев

“Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ байни бузургсолон мушарраф нашудааст”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон оид ба самбои варзишӣ байни мардон:

52 кг
1. Маралерден Чимеддорҷ (Mуғулистон)
2. Игор Беглеров (Русия)
3. Ҷомии Ҳасанӣ (Tоҷикистон)
3. Тигран Киракосян (Арманистон)

57 кг
1. Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон)
2. Ерболат Бойботиров (Қазоқистон)
3. Аймерген Аткунов (Русия)
3. Максим Манукян (Aрманистон)

62 кг
1. Иля Хлябов (Русия)
2. Борис Борисов (Булғористон)
3. Звиади Одошашвили (Гурҷистон)
3. Вае Тутхалиан (Беларус)

68 кг
1. Никита Клетсков (Русия)
2. Эмил Ҳасанов (Озарбойҷон)
3. Сорбон Эрназаров (Узбакистон)
3. Мартин Иванов (Булғористон)

74 кг
1. Олег Бабгоев (Русия)
2. Ливон Нахутсришвили (Гурҷистон)
3. Степан Попов (Bеларус)
3. Ҳамроз Раҷабов (Tоҷикистон)

82 кг
1. Сергей Кирючин (Русия)
2. Нико Кутсия (Гурҷистон)
3. Тимофей Емелянов (Беларус)
3. Давид Григорян (Aрманистон)

90 кг
1. Паата Гвиниашвили (Гурҷистон)
2. Сергей Рябов (Русия)
3. Комроншоҳи Устопириён (Tоҷикистон)
3. Теҷен Теҷенов (Tуркманистон)

100 кг
1. Вячеслав Михайлин (Русия)
2. Андрей Казюсионак (Беларус)
3. Давид Лориашвили (Гурҷистон)
3. Викторс Реско (Латвия)

+100 кг
1. Артём Осипенко (Русия)
2. Юрий Рибак (Беларус)
3. Бека Бердзенишвили (Гурҷистон)
3. Ерассил Кожобоев (Қазоқистон)

Натоиҷи сабқати дастаӣ

Самбои варзишӣ
Занон

1. Русия
2. Беларус
3. Украина
Мардон
1. Русия
2. Гурҷистон
3. Муғулистон
Самбои размӣ
1. Русия
2. Булғористон
3. Украина

XS
SM
MD
LG