Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён: "Ман аз шумо узр мепурсам"


Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи рӯзи 23 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт.

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – барои дашном додан дар мусобиқаи ду рӯзи пеш дар “Наврӯзгоҳи пойтахт”, ки ба дурбини телевизиони “Варзиш” ҳам афтодааст, расман узр пурсида ва гуфт, он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омада буд. Комроншоҳ рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ду-се нафар аз мухлисон дар вақти рафтан ба маросими медалгирӣ маро дашном доданд ва ман ҳам дар ҳоли ғазаб ҷавобашонро гардондам."

Ман шикоят кардам ва масъулони чорабинӣ гуфтанд, ки комиссия ташкил карда, аз нав навори бозиро мебинанд. Лекин баъд аз супурдани ҷоиза дигар чӣ хулоса аз шикоят кардан?

Ин паҳлавони тоҷик гуфт, воқеан, чунин рафтораш қобили қабул набуд ва барои ин кор аз мухлисону тамошобинон узр мехоҳад. "Ба ҳамватанони азиз итминон медиҳам, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шаъну шарафи Ватану миллатро боло бардошта, хотири Шуморо шод хоҳам гардонд", - таъкид кард ӯ.

Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ гардид. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба минбар бо ишораи даст дашном медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Баъзе шоҳидони мусобиқа гуфтанд, ки дар ин сабқат дар ҳаққи шумо ноадолатӣ сурат гирфтааст. Воқеан, довар чиро нодида гирифт ва фикр мекунед чаро чунин кард?

Комроншоҳи Устопириён: “Бале, ноҳаққӣ шуд. Аммо намедонам – чаро? Ҳамаи мухлисон шоҳид буданд ва вазъиятро диданд. Ман нисбат ба гуштӣ, нисбат ба ҳарифам Саидҷалол Саидов ҳеҷ шарҳу гуфтанӣ надорам. Ман бо Саидҷалол рафиқу бародар ҳастам. Якҷоя тамрин мекунем, якҷоя ғизо мехӯрем. Ӯ ҳам паҳлавони номӣ аст. Ман нисбат ба ӯ ҳарф надорам. Мо ҳамагӣ 5 дақиқа дар майдон "душман”-и ҳамдигарем. Берун аз майдон мо дӯст ва бародар ҳастем. Дар инҷо хато аз довар буд.”

Вақте ман ба ҳайси намояндаи вилояти Суғд бо намояндаи шаҳри Душанбе рақобат мекунам, бояд довар аз вилояти Хатлон ё Бадахшон бошад. Набояд довар аз худи Душанбе бошад. Дар он ҳолат довар бозиро бетарафона натиҷагирӣ мекунад, аммо дар гӯштии Душанбе вазъият дигар хел буд.

Радиои Озодӣ: Чаро якбора дашном додед? Оё хабар доштед, ки барномаи зинда аз ин маросим пахш мешавад ва эҳтимол рафтори шумо аз назари дурбинҳо дур намонад ва ҳатто боиси аз рақобатҳо маҳрум шуданатон гардад?

Комроншоҳи Устопириён: “Ман дар онҷо нисбат ба довар ягон гап назадам. Дашном ҳам надодам. Нисбат ба ҳарифам низ. Гуфтам-ку, чанде аз тамошобинҳои бозӣ маро асабонӣ карданд. Гуфтанд, баъди анҷоми мусобиқа ину он мекунем. Фақат бо ишора ҷавоби дашномашонро додам. Ман намедонистам, ки ин барнома мустақим тавассути шабакаи “Варзиш” пахш мешавад. Ин камбуд аз тарафи ман буд. Дар олам фақат Парвадигор бегуноҳ аст, дигарон камбуд доранд, хато мекунанд. Афсӯс, дурбинҳо фақат маро нишон доданд, дигаронро нишон надоданд, ки нисбат ба ман дашномро раво дида буданд. Барои ҳамин, ин тавр хулоса шудааст, ки гӯё ман аз пеши худ касеро дашном медиҳам. Дигар чӣ ҳам бигӯям? Ин кор бояд намешуд, аммо шуд ва гузашт. Ба зинаҳои боло расидан мушкил аст, вале вақте ноадолатӣ мешавад, одам рӯҳафтода мегардад...”

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ барнома доред?

Комроншоҳи Устопириён: “Рӯзи 15 март мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузашт ва ман дар онҷо мақоми аввалро соҳиб шудам. Дар пеш, моҳи август, дар Венгрия (Маҷористон) чемпионати ҷаҳон аст. Ҳоло ба ин мусобиқа омодагӣ мегирам. Ду моҳ дар машқҳои дастҷамъӣ дар Ҷопон ва зиёда аз бист рӯз дар Аврупо будам. Ман мехоҳам, Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ кунам. Маро даъват карданд, ки ба Душанбе омада ва дар мусобиқаҳо иштирок кунам. Аммо ноадолатӣ карданд. Имсол дигар дар дохили Тоҷикистон гуштӣ намегирам.”

Радиои Озодӣ: Ин тасмими худатон аст? Падаратон чӣ мегӯянд?

Комроншоҳи Устопириён: “Ин фикри ман аст, тасмими ман аст. Ман бояд ба Олимпиадаи соли 2020 омодагӣ гирам ва барои медал кӯшиш кунам.”

Радиои Озодӣ: Ин бори аввал аст, ки ба қавли худатон ба ноҳаққии довар рӯ ба рӯ мешавед?

Комроншоҳи Устопириён: "Дар бораи гузашта ва ё рақобатҳое, ки ман иштирок накардаам, чизе гуфта наметавонам. Танҳо як хоҳиш дорам, ки бояд дар бозиҳо доварии холис бошад. Барои мисол, Вақте ман ба ҳайси намояндаи вилояти Суғд бо намояндаи шаҳри Душанбе рақобат мекунам, бояд довар аз вилояти Хатлон ё Бадахшон бошад. Набояд довар аз худи Душанбе бошад. Дар он ҳолат довар бозиро бетарафона натиҷагирӣ мекунад, аммо дар гӯштии Душанбе вазъият дигар хел буд."

Радиои Озодӣ: Оё имкон надоштед, ки расман шикоят кунед, то сабқатро дубора ташкил кунанд ё бо истифода аз навори дурбинҳо ҳақро ба ҳақдор бирасонанд?

Комроншоҳи Устопириён: "Аллакай дер шуда буд. Ман шикоят кардам ва масъулони чорабинӣ гуфтанд, ки комиссия ташкил карда, аз нав навори бозиро мебинанд. Лекин баъд аз супурдани ҷоиза дигар чӣ хулоса аз шикоят кардан?"

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG